​Донишҷӯён маҳсули дастонашонро муаррифӣ карданд

Бо ташаббуси Китобхонаи илмии донишгоҳ дар зершуъбаи хобгоҳи №2 маҳфили “Сеҳри сухан” доир гардид. Ин ташаббус дар доираи сесолаи “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ба роҳ монда шуда, ҳадаф аз он муаррифии маҳсули дастони донишҷӯёни ҳунарманд гуфта мешавад.

Дар доираи маҳфил донишҷӯён маҳсули дастонашонро намоиш дода, доир ба намунаҳои ҳунарҳои миллӣ маърӯзаҳо ироа карданд.


Хотиррасон менамоем, ки ҷиҳати ба омӯзиши ҳунар фаро гирифтани донишҷӯдухтарон дар донишгоҳ пайваста тадбирҳои судманд ба роҳ монда шуда, ташкил ва баргузории чунин маҳофил аз зумраи ин иқдомҳост.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ