​Таҷрибаомӯзи таълимии донишҷӯён

Таҷрибаомӯзӣ яке аз фаъолияти асосии донишҷӯ буда, барои омодашавии касбӣ нақши муҳим мебозад. Тибқи нақшаи таълимӣ ва дар асоси фармони ректори донишгоҳ таҳти № 1300 аз 02.06.2021 донишҷӯёни соли дуюми ихтисоси таҳсилоти томактабӣ. Равоншиносии амалӣ аз 10.06.2021 то 24.06.2021 дар муассисаи таълимии томактабии “Кӯдакистони Президентӣ”-и вилояти Суғд барои гузаронидани таҷрибаи таълимӣ таҳти роҳбарии дотсенти кафедраи назария ва методикаи тарбияи томактабӣ Рӯзиева М.Д. ва сармуаллима Шарипова Н.Ҳ. сафарбар шуданд. Мувофиқи барномаи таҷрибаи таълимӣ таҷрибаомӯзон бо фаъолияти кӯдакистон, ҳамзамон бо санадҳои меёъриву ҳуқуқӣ, ки аз рӯи он кӯдакистон фаъолият мебаранд, шинос шуданд.

Таҷрибаомӯзон ду нафарӣ ба мураббиёни соҳибтаҷриба ва навовар вобаста карда шудаанд. Тибқи нақшаи муассисаи мазкур моҳи ҷорӣ давраи солимгардонӣ гузаронида шуда истодааст. Ҳафтаи аввал дар муассиса “Ҳафтаи гулҳо” эълон гардидааст. Таҷрибаомӯзон аз рӯи нақша бо тарбиятгарони гурӯҳҳои вобасташуда як қатор корҳоро ба сомон бурда истодаанд, аз ҷумла сохтани эмблемаи гурӯҳ, шиносоӣ бо намудҳои гулҳо, гузаронидани рақси гулҳо дар об, ташкил ва баргузории “Базми гул”, ташкили бозиҳои шавқовари варзишӣ ва ғайраҳо.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ