Мулоқот: вазъи корҳои илмӣ-таҳқиқотии магистрантон

Бо мақсади огоҳ намудани раванди таълиму тадрис дар магистратура бо магистрантони соли якум мулоқот доир гардид.

Муовини ректор оид ба илм ва инноватсия профессор Сабурӣ Хайрулло Мирзозода оид ба раванди таълиму тадрис дар магистратура маълумот дода, ба донишҷӯён ҷиҳати самарабахшии вазъи корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ маслиҳатҳои муфид ироа дошт. Ҳамзамон, ҷиҳати таъмини давомоти магистрантон ва иштироки онҳо дар маҳфилҳои илмӣ дастури ректори донишгоҳро расонида шуд.

Хотиррасон менамоем, ки феълан дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров 540 нафар магистрантон аз рӯйи 23 ихтисос таҳсил доранд, ки ба 37 кафедраи тахассусии донишгоҳ вобаста шудаанд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ