110 нафар донишҷӯён бо мукофоти пулӣ қадр мешаванд
110 нафар донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар арафаи соли нав бо мукофоти пулӣ қадр мешаванд. Ба ин муносибат имрӯз дар толори раёсати донишгоҳ бо иштироки ректор профессор Аюб Усмонзода мулоқот доир гардид.
Ректори донишгоҳ донишҷӯёнро дар иртибот бо соли нав табрик гуфта, аз таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати онҳо таъкид намуд.
Зикр шуд, ки дар сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастгирии иҷтимоии қишри ниёзманди ҷомеа, ятимону бепарасторон, нафақахӯрон, собиқадорони ҷангу меҳнат, оилаҳои онҳо ва шахсони бо онҳо баробарҳуқуқ, инчунин дигар шаҳрвандони ба кӯмаку ғамхории доимӣ эҳтиёҷманд дар сатҳи аввал қарор доранд.
“Дар партави дастуру супориши Пешвои муаззами миллат давоми панҷ соли охир аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузории буҷети давлатӣ барои дастгирии табақаҳои осебпазири аҳолӣ тавассути пардохти нафақа, кумакпулӣ ва ҷубронпулиҳо, нигоҳдории муассисаҳои ҳифзи иҷтимоӣ ва уҳдадориҳои дигар зиёда аз 19 миллиард сомонӣ равона карда шудааст.
Дар ин замина, раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ҷиҳати татбиқи сиёсати Роҳбари давлат ва дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд пайваста ҷиҳати ғамхорӣ ба донишҷӯёни имконияташон маҳдуд ва ниёзманд ташаббус зоҳир намуда, дар самти таъмини шароити арзандаи таҳсил ва зиндагии онҳо тадбирҳои зарурӣ анҷом медиҳад” – афзуд профессор Аюб Усмонзода.
Дар идома миёни ректори донишгоҳ ва донишҷӯён суҳбати озоду самимӣ доир гардид. Роҳбари донишгоҳ аз шароити иқомат, камбудӣ ва мушкилоти донишҷӯён пурсон шуд.
Донишҷӯён ҷиҳати ғамхорӣ ва ҳавасмандгардонӣ ба роҳбарияти Ҳукумати Ҷумуҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ректори донишгоҳ изҳори сипос намуда, ваъда доданд, ки дар ҷавоб бо баҳои хубу аъло таҳсил намуда, дар оянда барои рушди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакат саҳми арзишманд мегузоранд.
Пешниҳоди донишҷӯён дар мавриди озод шудан аз пардохти маблағи таҳсил, ворид намудани таҷҳизоти муосири техникиву таълимӣ барои нобиноён ва имконияташон маҳдуд, аломатгузории роҳи пиёдагардон дар шоҳроҳи асосии мошингарди назди хобгоҳи №9-и донишҷӯписарон ва дигар ниёзи муҳассилини имконияташон маҳдуд мавриди баррасӣ қарор гирифта, масъулин ҷиҳати иҷрои он муваззаф гардиданд.
Маҷмӯан ба корти бонкии 110 нафар донишҷӯ дар ҳаҷми 450 сомонӣ (барои як нафар) кӯмакпулии яквақта интиқол дода мешавад.
Маркази иттилоот ва таҳлил