Дарси кушод: “Тавсифи синнусолӣ ва психологии наврасон”

Дар кафедраи психологияи иҷтимоӣ ва касбии факултети психология ва таҳсилоти томактабӣ бо ҷалби донишҷӯёни соли дуюм дарси кушод гузаронида шуд. Ин ташаббус дар доираи фанни психологияи инкишоф ва синнусолӣ амалӣ шуда, мавзӯи “Тавсифи синнусолӣ ва психологии наврасон” мавриди муҳокима қарор гирифт.

Дарс тариқи интерактивӣ доир шуда, методҳои фаъоли таълим ба монанди тахтаи синф, муаррифӣ, айёният, аёнӣ (намоиш тариқи машқи ролӣ), амалӣ (машваратгузаронӣ), намоиши адабиёти илмӣ, варақаҳо ва ғайра мавриди истифода қарор гирифт.

Аз ҷониби омӯзгор омилҳои душвортарбия шудани наврасон ва “бӯҳрони синну солӣ” фаҳмонида шуда, роҳҳои кор бор бо наврасони душвортарбия шарҳ дода шуд.

Ҳамзамон, дар рафти дарс мушкилиҳои асосии синну соли наврасӣ бо хусусиятҳои физиологӣ, анатомӣ, иҷтимоӣ ва психологӣ баррасӣ шуда, мустаҳкамкунии мавзӯъ тариқи методи “Шейлинг” ба роҳ монда шуд.

Маврид ба зикр аст, ки дар дарси кушод намояндаи шуъбаи идоракунии сифати таҳсилот Сатторова Замира иштирок намуда, ҷиҳати беҳтар намудани сифати дарсҳои кушод маслҳатҳои муфид ироа намуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ