Муаррифии Барномаи бурсиявии омӯзиши забони чинӣ
29-уми октябри соли 2020 бо ташаббуси шуъбаи робитаҳои байнамилалии донишгоҳ дар толори калони факултети забонҳои шарқ муаррифии Барномаи бурсиявии омӯзиши забони чинӣ барои устодону донишҷӯёни донандаи забони чинӣ “Бурсияи институти Конфутсий”, ки дар ҳамкорӣ бо институти Конфутсий ва Донишгоҳи Нафти Чин пешниҳод шудааст, баргузор гардид.
Дар чорабини мазкур мудири бахши таҳия ва татбиқи барномаҳои сармоягузорӣ ва дарёфти грантҳои шуъбаи робитаҳои байнамилалии донишгоҳ Қурбонов Самандар, мудири кафедраи забонҳои чинӣ-форсӣ Қосимова Марҳабо сухан намуданд.
Тавре зикр гардид, мақсади асосии барномаи зерин ташкил намудани дарсҳои омӯзиши забони чинӣ тариқи интернет (онлайн) барои донишҷӯёне, ки хоҳиши баланд бардоштани дараҷаи забони чиниро доранд, вале аз сабаби пандемияи коронавирус ва баста будани сарҳадҳо наметавонанд ба Чин сафар кунанд, мебошад.
Баъди анҷоми дарси онлайнӣ донишҷӯён бо диплому сертификат сарфароз гардонида мешавад.
Маркази иттилоот ва таҳлил