​Паёми Пешвои миллат сармашқи ҳамешагии фаъолияти мост

Таърихи 26-уми январи 2021 дар шаҳри Душанбе Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ироа гардид.

Зикр бояд кард, ки Паёми навбатии Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар воқеан ба мардуми шарифи Тоҷикистон таърихӣ маҳсуб ёфта, ба сиюмин солгарди Тоҷикистони соҳибистиқлоли азизамон пешниҳод гардид.

Дар Паёми навбатӣ доир ба хуб ба роҳ мондани сифати таълим ва шароит фароҳам овардан ва доир ба масъулияти падару модар Пешвои миллат истода гузаштанд. Чуноне, ки дар Паём Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд “Мо барои беҳтар кардани сатҳу сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот бояд тамоми шароити заруриро муҳайё карда, дар ин раванд масъулияти падару модар, аҳли ҷомеа ва омӯзгоронро боз ҳам баланд бардорем.

Дар ҳақиқат, аз рӯзи ба сари қудрат омадани Пешвои миллат ба ҳамаи соҳаҳо эътибори ҷиддӣ дода шуда истодааст, ки мо бояд ба ин шукрона кунем. Яке аз ҳадафҳои ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ин таъмин намудани хонандагон бо мактаб ба ҳисоб рафта, ҳамасола ба хонандагон дар ҳамаи шаҳру навоҳии кишвар мактабҳои муосири замонавӣ сохта ба истифода дода шуда истодааст.

Дар паёми навбатӣ омадааст: “Дар ин замина, ба Ҳукумати мамлакат супориш дода мешавад, ки барои бунёди се мактаб – интернати Президентӣ барои ятимони кулл дар вилоятҳои Хатлону Суғд ва шаҳри Душанбе чораҷӯӣ намояд”

Аз гуфтаҳои болоӣ бармеояд, ки сохтану бунёд кардан ва ба истифода додани мактабу интернатҳо ҳамеша ташаббуси олии Пешвои миллат ба шумор меравад. Махсусан боз ба он нафароне, ки бо амри тақдир аз модару падарони хеш маҳрум гардидаанд.

Ҳамин тавр, бо боварии комил гуфта метавонем, ки мо омӯзгорон ташаббуси Пешвои миллатро дастгирӣ менамоем ва барои амалӣ гардонидани сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Ҷаноби ОлӣЭмомалӣ Раҳмон камари ҳиммат мебандем.

Дотсенти кафедраи забони тоҷикӣ Салоҳиддин Ӯзбеков

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ