МАВЛАВӢ ВА ШЕЪРИ ИМРӮЗИ ТОҶИКИСТОН
Сабки Мавлавӣ бо нигоҳи мутафовит ва беқиёси шоир ба мазоҳири ҳастиву афлок, бофти нотакрори калом, шӯру ҷазабаи фавқулъодда ва оҳангҳои марғубу дилангез фарқ мекунад.
Мавлоно ба масобаи пуршӯртарин ва ҷаззобтарин шахсияти фарҳангӣ ва ирфонии мо тавонистааст бидуни суханбозӣ ба иртифои суханварӣ расад ва кулли шоиронро шефтаи гуфтори худ намояд.
Аммо барои шеъри Тоҷикистон, ки ҷавҳари он дар садаи охир аз ғояҳои ҳизбиву ватанхоҳӣ ва ситоиши меҳнату сохтори қудратӣ моя мегирифт, ҳолу ҳавои шеъри ирфонӣ бегона буд. Мавлавӣ бо тамоми шӯру шааф ва танаввӯи оҳанг тақрибан аз солҳои 80-уми асри ХХ ба марзи шеъри тоҷикӣ ворид шуд ва батадриҷ онро ба тасарруфи худ даровард. Шеъри тоҷикӣ, ки якрангии мавзӯот ва тарзи баёни шабеҳ ба ҳамдигари шоирон хастагии малоловаре дар вуҷуди он падид оварда буд, бо дамидани нафаси Мавлоно мисли дарахти ташна аз борони деринтизор батадриҷ шоху баргҳои тоза баровард.
Таъсири Мавлоноро ба шеъри тоҷикӣ дар ду замина метавон мушоҳида кард:
- ба шакли шеър ва зарбу оҳанги он - тақлид ба ҳолу ҳавои ғазалиёт.
- ба дарунмояи шеър - бардошт аз афкори фалсафиву ирфонӣ ва ҷаҳоншиносии Мавлавӣ.
Дар марҳилаи аввал бардошти шоирон бештар аз зарбу оҳанг ва тарзи баён буд. Устод Лоиқ яке аз аввалин шоирони Мавлавигарову навгаро буд, ки ба қавли худаш «тақлид ба Мавлоно» мекард. Ҳатто ҳамин тақлид ҳам барои шеъри тоҷик як чизи тозаву нав буд. Як веҷагии хоси сабки Мавлавӣ дар тақсим шудани ҳар мисраъ ба ду ҷузъи мутавозӣ аст ва ин ниммисраъҳо дар маҷмуъ оҳанги пуршӯри самоӣ эҷод мекунанд. Лоиқ дар шеъри худ ҷавҳари инсонгароии Мавлавиро бо ҳамин тарзи нигориш якҷоя ба кор бурдааст. Аз мутафарреъоти баҳри раҷаз дар вазни мустафъилун / мустафъилун бо ҷой додани ҳар ниммисраъ дар сатри алоҳида Лоиқ муваффақ шудааст, ки ҳолу ҳавои ғазалиёти Шамсро дар рӯҳи шеъри тоҷикӣ басо табиӣ ворид кунад:
То он даме, ки ман манам,
Милён сарам, милён танам.
Ман сад ҳазорон ҷону дил
Дар ҷилдияк пироҳанам…
Ман як қалам туғёнгарам,
Исёнгарам, исёнгарам.
Бо ҷумла иллатҳои худ,
Инсонгарам, инсонгарам.
Лоиқ низ мисли Мавлоно сухан аз Ишқ мегӯяд, аммо шеъри Мавлоно афрӯхта аз ишқи Илоҳӣ буд, баръакси шеъри Лоиқ, ки бунёдаш бар ишқи заминӣ қарор дошт. Лоиқ тавонист дар шеъри мавлавишакли худ мазомини иҷтимоии замониро низ ҷо диҳад:
Гоҳе зи худ ғофил шудам,
Дарёи бесоҳил шудам.
Гаҳ дар диёри хештан
Мӯҳтоҷи як манзил шудам.
Дар ғазали «Муборакбоди ишқ», ки ҳамчунин ба лаҳни Мавлоност, мисраи «Ошиқ шудаӣ, эйӣ дил, савдот муборак бод» дар батни матни Лоиқ бехалал ҷо гирифтааст ва табиӣ ба тору пуди ин шеър ворид шуда, ки ҳатто овозхони мумтозе чун Аҳмади Зоҳир суруде мураккаб аз шеъри ҳар ду сохтааст.
Мавлавӣ гӯяд:
Ошиқ шудаӣ, эй дил, савдот муборак бод,
Аз ҷову макон растӣ, онҷот муборак бод.
Истиқболи Лоиқ:
Паҳнои ҷаҳон гардӣ, пайдову ниҳон гардӣ,
Гаҳ сабзасифат рақсӣ, гаҳ барги хазон гардӣ.
«Ошиқ шудаӣ, эй дил, савдот муборак бод!»
Таъсири андешаву афкор ва лаҳни Мавлавӣ ба шоирони ҳамнасли Лоиқ ончунон шигифтовар рух дода, ки бархе мисли Бозор Собир дар дарёи шеъри Мавлоно ғарқ шуда ва нохудогоҳ ба шеъри ӯ даъвои соҳибӣ кардаанд. Масалан, дар маҷмӯаи «Миҷгони шаб»-и ин шоири хуштабъ ҷо гирифтани рубоии Мавлавӣ («Боз шире бо шакар омехтанд»)-ро наметавон ба тариқи дигар шарҳ дод.
Шеъри Гулрухсор низ баҳравар аз шарбати шеъри Мавлавист. Дар китоби муаллифи ин сатрҳо «Ҳамзоди тӯфон» аз силсилаи «Хубони форсигӯ» ва мақолаи паҷӯҳишгари тоҷик Ҷамолиддин Саидзода «Ҳузури Мавлоно дар шеъри Гулрухсор» («Адабиёт ва санъат», 16 августи 2007) намунаҳои зиёде аз истиқболи Гулрухсор оварда шудааст.
Ҳолу ҳавои шеъри Мавлавӣ дар ашъоре мисли «Гоҳе ки ошиқ нестам», «Шеъри найи Мавлоно», «Шеъри нигоҳи Шамс», «Шарти адаб», «Тӯфон», «Сиёҳу сафед» хеле маҳсус аст. Гулрухсор кӯшиш кардааст, ки шеърҳои истиқболияи худро дар ҳамон вазну оҳанги матни асли Мавлоно гӯяд, радифу қофияҳоро нигоҳ дорад ва ҳатто воҷаҳои калидии Мавлоноро ба кор гирад.
Дармондаҳоро доварӣ,
Дилсардҳоро озорӣ.
Ҳам ин раҳӣ, ҳам он раҳӣ
«Ҳам ин сарӣ, ҳам он сарӣ».
Гулрухсор низ мисли Лоиқ тазминро чун воситаи ишора ба шеъри Мавлоно ба матни худ ворид кардааст. Такрори воҷаҳо дар байту банд, фиқраҳои яксони гирдгардон, басомади калимоти вирди забони Мавлавӣ дар маҷмӯъ ҳолу ҳавои ғазалиёти ин орифи шӯридаҷонро ба зеҳн мерасонад:
Эй дил ба панди оқилон
Моил бишав, моил бишав.
Девонагӣ аз ҳад гузашт
Оқил бишав, оқил бишав.
Масалан, дар шеъри «Шеъри найи Мавлоно», аввалсухани шоир байтест аз Мавлоно:
Оташи ишқ аст, к-андар най фитод
Ҷӯшиши ишқ аст, к-андар май фитод.
Гулрухсор бо истифода аз ин «ишқ»-у «май»-ю «най»-и Мавлоно, ки ҳар кадом рамзу розе дар таҳи худ доранд ва баёнгари фалсафаи ирфонии ин орифи бенамуна ҳастанд, мегӯяд:
Дар найкада мавзун аст рақси майи Мавлоно,
Дар майкада маҳзун аст сури майи Мавлоно.
Агар най тимсоли инсони комил бошад ва «найкада» - макони аҳли дил, «май»- бодаи маҷозӣ барои маст шудану аз худ растан ва ба Худо пайвастан аст ва иллати маҳзун будани сури майи Мавлоно низ ба он ваҷҳ аст, ки талабгоронаш имрӯз зиёд нестанд, яъне мардум аз Худо дур шудаанд.
Гулрухсор батадриҷ аз қолаби шеъри Мавлавӣ дур мешавад, вале боз ҳам ишораву тазминҳое аз Мавлавӣ ба ҳузури ӯ дар шеър далолат медиҳанд, чунонки дар пораи зайл таркиби «об агар садпора гардад» ба кор рафтааст:
Об агар садпора гардад,
Боз ин марзи баландосори фарҳангу суханро
Тир на,
Шамшер на,
Тазвир на,
«Маснавӣ»-ю «Шоҳнома»
Бо ҷаҳони фозилон пайванд хоҳад кард.
Мутолиаи шеъри Гулрухсор дар ростои таҳаввули шаклу маънӣ ба хулосае меорад, ки ин шоира аз тақлиди қолаб батадриҷ ба корбурди маънӣ майл кардааст.
Дар шеъри Фарзона ин равиш боз ҳам рӯшантар ба мушоҳида меояд. Аз шеъри нахустини Фарзона, ки аз «одампарастӣ» ҳарф мезад, бидуни он ки бо шеъри Мавлавӣ ошноӣ дошта бошад, ҳамон ҷавҳари Мавлавиёна ба меҳвари андешаҳо баромад ва Лоиқ, ки он рӯзгор аз пайи Мавлавӣ «инсонгарам, инсонгарам» гуфта буд, аз байни як даста шеърҳои навмашқонаи Фарзона ҳамон як байти:
Дини ман оташпарастӣ не,
Дини ман одампарастӣ бод –
ро писандид ва «Девони Шамс»-ро, ки он вақт дар Тоҷикистон дастнорас буд, барои мутолиа дар ихтиёри ӯ гузошт.
Дар марҳалаи аввали шеър Фарзона ба лаҳни Мавлавӣ, шакли шеъри ӯ ва зарбу оҳанги гирдгардони орифона пайравӣ намудааст:
Эй шӯру шарат мурда,
Нури басарат мурда,
Шамсу қамарат мурда,
Аз зулмати худ бигрез,
Бо шӯълаи ман, омез.
Ё ки:
Ҳам сӯзи нават бояд, ҳам сози нават бояд,
Ҳам рӯзи нават бояд, ҳам рози нават бояд.
Эй шӯълаи афсурда, парвози нават бояд,
В-эй ишқи фурӯмурда, оғози нават бояд.
Дар он рӯзгор, ки дар Тоҷикистон рӯҳияи хештаншиносӣ ва ҳувияти миллӣ боло гирифт, тоҷикон ҳамагонӣ рӯ ба Мавлоно оварданд ва ин ҳодисаи фараҳбахшро дар эҳёи миллати мо Фарзона низ дар шеъри «Аҷам бедор мегардад» аз нақши афкори Мавлоно донист:
Дари ғафлатпаноҳон боз, лаби гунгон суханпардоз
Халоиқ Мавлавихон шуд, Аҷам бедор мегардад.
Раҳонд аз аҷнабӣ худро, зи буди қолабӣ худро,
Сари худро саробон шуд, Аҷам бедор мегардад.
Яке аз нишонаҳои сабки Мавлоно дар сатҳи забон истифодаи мукаррари калимот дар ҳудуди на танҳо мисраву байт, балки бандҳои шеърист ва тарсеъву саҷъҳои дохилӣ аз саноеи мусиқисози сабки ӯ мебошанд. Забони Мавлавӣ сохтаву тасаннӯӣ нест, он содаву латиф ва бидуни ороишоти махсус аст, ки ин шеваро ҳамаи он шоироне, ки то ин дам зикрашон рафт, писандидаанд.
Шеъри «Мавлавӣ»-и Фарзона сурати шеъри Мавлоноро комилан ба бар карда, ки агар баъзе абёти он бидуни номи шоир дучор ояд, онро моли Мавлавӣ метавон ном бурд, зеро дар он тақлид ба ҳадди олӣ расида:
Аз ақли кул ҷӯё шудам, то баҳри худ пайдо шудам,
Аз ақли кул ҷузъе манам, ҷузъе туӣ, эй бехабар.
Марҳилаи нави мавлавишиносиву мавлавигароии Фарзона бо гурез аз тақлиди зоҳирбинона шурӯъ шуд.
Дар яке аз шеърҳояш ӯ мисраи шигифтангези «Шамс, биё, рақси фарангӣ кунем» гуфт ва бо ҳамин собит кард, ки Мавлавӣ дигар дар мағзи андешаҳои ӯ фурӯ рафта ва ҳоҷат ба суратгароиву такрори лаҳни ӯ нест. Як нафари орифро ба рақси аврупоӣ даъват кардан маънии онро дошт, ки Шамс (Мавлавӣ) миёни одамон, дину мазҳаб, забону фарҳанг, макону замонҳо тафриқа намегузошт ва он орзуи аз дуӣ гузаштан ва ба якӣ, ваҳдат расидан барои ӯ волотарин матлаб буд. Ин ҳамаро ва дар ниҳоят дӯст доштани тамоми инсонҳо ва тамоми офаридаҳои Халлоқро Фарзона дар зеҳни худ нишонд. Бинобар ин дар марҳилаи нав афкору фалсафаи Мавлавӣ дар мағзи андешаҳо ва ҷавҳари шеъри ӯ ҷо гирифт ва дигар дар шеърҳои нимоиву сафед низ нури андешаҳои Мавлоно рӯшанӣ андохт. Ҳамин фалсафаи дӯст доштани тамоми мавҷудоти олам, обу хоку гул ва гули сипос ҳадя бурдан ҳатто ба онҳое, ки туро бад мебинанду нафрат доранд, тухми муҳаббат коштан ба воситаи сухан дарунмоя ва ҷавҳари шеъри Фарзонаро борвар кардааст.
Воқеан ҳам, агар дар шеъри имрӯз маъниву лафзи Мавлавӣ комилан такрор ва тақлид мешуд, ҳоҷат ба гуфтани шеър намемонд. Дар раванди таърихии рушди адабиёт муҳим аст, ки ҳар насл ҳарфи худро гӯяд ва дурри бебаҳои шеъри гузаштагонро дар дарёи ақлу ҷони худ бишӯяд ва тобиши тоза ба он диҳад.
Хулоса, бардошт аз Мавлавӣ, ки тӯли тақрибан 30 сол дар шеъри муосири тоҷикӣ ҷараён дорад, аз тақлиди лаҳну забон ва зарбу оҳанги Мавлавӣ шурӯъ шуда, батадриҷ реша дар мағзи андешаҳои шоирон сабзонидааст.
Ҳоло имкон дорем, ки бардошти босамари як зумра шоирони имрӯзи Тоҷикистонро аз шеъри Мавлоно ба мушоҳида гирем ва умед аст, ки дар мақолоти дигар ҳунари сухангустарӣ ва маънишикофии онон дар партави андешаву орои ин орифи дилогоҳ ба қалам биёяд.
Матлубаи Мирзоюнус,
доктори илмҳои филологӣ, профессори
Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии
Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров»