​ПЕШВОИ МИЛЛАТ, ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ

«Мо тоҷикон дар баробари як силсила миллатҳои дигар меросдори мустақими ориёиҳои хирадманду некандеш ҳастем,бо гузаштаи пурбори худ ифтихор мекунем, онро меомузем ва наслҳои имрӯзу фардои миллатамонро тавре тарбия карда, ба камол мерасонем, ки онҳо низ тавонанд ба ганҷинаи тамаддуни башар дурдонаҳои пурқиммат ҳамроҳ намоянд ва барои боз ҳам беҳтару гуворотар шудани зиндагии ояндаи худ ва дигарон саҳмгузор бошанд».

Эмомалӣ Раҳмон

Ҷараёни таҳаққуқи ваҳдати миллӣ ва густариши худшиносӣ ва ифтихори миллӣ дар даврони навин бо номи фарзанди барӯманди халқитоҷик Эмомалӣ Раҳмон робитаи ногусастанӣ дорад. Маҳз Эмомалӣ Раҳмон худшиносии миллиро ба унвони масъалаи бунёдии ҳаёти иҷтимоӣ ташхис дод ва роҳу равиши густариш ва такомули онро муайян намуд. Вай нақши давлатро ҳамчун омили асосии инкишофи худшиносӣва муттаҳидсозандаи омма, таъйин намуда, масъалаи ваҳдатимил­лиро бар садри иқдомоти густурдаи сиёсиву иҷтимоӣбардошт.

Эмомалӣ Раҳмон ҳангоме ба сари қудрат омад, ки ҷомеаи мо ба ба ду унсури ҳамдигарсоз – давлат ва миллат аз ҳам дар фарсахҳо қарор доштанд. Давлат наметавонист ҳуқуқҳои шаҳрвандони худро ҳимоя намояд. Шаҳрвандон бошанд, аз парешонӣ ва яъсу ноумедӣ қарор доштанд.

Хизматишоёни ин фарзанди барӯманди миллати точик Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар он зоҳир мегардад, киӯ тавонист дар шароити бӯҳрони иқтисодӣ, маънавӣ ва вазъияти бениҳоят мураккаби сиёсӣ, ҳам пояҳои давлатдориро бунёд созад ва ҳам мардуми сарсони кишварро дар зери парчами ваҳдату ягонагӣ ҷамъ оварад.

Ташаккули давлати соҳибистиқлол ва рушду нумӯи он бидуни такомули шахсият - омили ҷамъият ва дар иттиҳод бо дигар аъзои ҷомеа манбаи асосии ҳокимияти давлатӣ - имконнопазир аст. Ин фикрро Президент Эмомалӣ Раҳмон дар қолаби ҷумлаи пурмуҳтавое фаро гирифта, гуфтааст:

«Ташаккули давлатдории навин ва рушди ҳамаҷонибаи он бо эҳёи маънавӣ ва худшиносии миллӣ пайванди ногусастанӣ дорад».

Роҳу усули муайян намудани меъёрҳои худшиносии миллӣ дар фаъолияти пурсамар ва ибтикороти доманадори Сарвари давлат мавқеи хосаеро дорост. Президент Эмомалӣ Раҳмон масъалаи густариш бахшидан ба худшиносии миллиро ба унвони масъалаи бунёдии давлатдорӣ қарор дода, бо роҳи омӯзиш ва тадқиқи сабабҳо ва омилҳои рукуди ин шакли тафаккури ҷамъиятӣ фикру ақидаҳои пурарзиш баён намудааст.

Президент Эмомалӣ Раҳмон бар он аст, ки худшиносии миллӣ тарбиятпазир буда, бо роҳи таълиму парвариши нек ва бо бедор намудани эҳсоси ифтихори таърихӣ ва ғурури миллӣ ба он суръат бахшидан мумкин аст.

Сарвари давлат худшиносиро дар таълимоти худ ҳамчун омили дарк намудани мақому манзалати инсонӣ, ҷустуҷӯи ҳақиқату адолат ва озодиву истиқлол маънидод мекунад ва нишон медиҳад, ки маҳз эҳсоси худшиносии миллӣ халқи тоҷикро дар марҳалаҳои гуногуни таърихи дуру дароз ва пурфоҷеааш ба талошу муборизаҳо баҳри истиқлолу озодӣ раҳнамун сохтааст. Таъкид менамояд, ки бедории сиёсӣ ва худшиносии мардум буд, ки ҷумҳурии мо дар муддати кутоҳи таърихӣ дар роҳи бунёди ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ кадамҳои устувор гузошт.

Тазаккури ин нуқта лозим аст, ки дар таълимоти Эмомалӣ Раҳмон категорияҳои «ваҳдати миллӣ» ва «худшиносии миллӣ» маънои тавъам доранд, зеро иттиҳоди одамон фақат дар заминаи огоҳӣ аз мавқеъу мақоми шахсият ва дарки умумияти наҷодиву фарҳангӣ ва таърихиву иҷтимоӣ сурат мепазирад. Инсон омили ҷараёни таърих аст ва таърих вақти муҷассами рушди ҷомеаи инсонӣ аст. Давронҳои гузаштаро вақте таърих меноманд, ки аз он давронҳо осори моддию маънавӣ ба ёдгор мондаанд, ки барои тамаддуни баъдина ба унвони замина арзёбӣ мешаванд. Аз ин лиҳоз, инсон фақат андаруни ҷомеа, ки ба­рои рафъи ниёзҳои ҷисмонӣ ва руҳонии худ неъматҳои моддӣ ва маънавӣ ба вуҷуд меоварад, метавонад шахсият бошад.

Барои халқи тоҷик, ки иттиҳоди иҷтимоияш аз давронҳои дури таърихӣ сарчашма мегирад, густариш додани тафаккури умумияти таърихиву фархангӣ ва ирқиву наҷодӣ аз масъалаҳои сифатӣ аст. Яъне пешоруи равшанфикрони миллат на ин ки масъалаи ба вуҷуд овардани эҳсоси ҳамбастагии афроди ҷомеа, балки густариш додан ва таҳким бахшидани ваҳдати иҷтимоӣ ва ба шакли нав дароаврдани худшиносии миллӣ қарор дорад.

Ба шакли нав даровардани худшиносӣ тақозои шароити нави таърихист, ки аз моҳияту мундариҷаи истиқлол бармеояд. То ин даврон, ки худшиносӣ бештар дарки ҳамбастагии асливу наҷодӣ буд, акнун бояд, ки модият ва маънои сиёсиро низ касб кунад. Яъне шахсият худро на танҳо омили ҷамъияти этникӣ, балки низ ҳамчун ҷузъи фаъоли омили сиёсӣ ва сарчашмаи ҳокимияти давлатӣ шиносад.

Дар парвариш додани тафаккури сифатан нави худши­носӣ, ки маънои мутобиқат кунонидан ба арзишҳои тамаддуни имрузро дорад, омили таърихиву фарҳангӣ нақши муайянкунанда дорад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба ин нуқта гуфтааст:

Эҳёи худшиносӣ бе тафаккури таърихӣ номумкин аст.

Мо роҳи худшиносӣ ва эҳёи халқамонро пазируфта, ба мероси гузашта ҳамчун манбаи зиёбахши бунёди ҷомеаи нав, ваҳдати ҷумлаи тоҷикон ва тамоми халқи Тоҷикистон эҳтиром мегузорем.

Дар пайвастагӣ бо ин андешаи баланд афзудани ин нуқ­та лозим аст, ки «мероси гузашта» ва «тафаккури таърихӣ» бо халқе иртибот дорад, ки бархурдор аз пешинаи боифтихор ва собиқаи бошукуҳи илмиву фардангӣ ва маънавию ахлоқӣ аст. Маҳз ҳамин заминаҳои боэътимоди таърихиву фардангӣ ва маънавию ахлоқиро Президенти кишвар ҳамчун меъёрҳо ва омилҳои густариш ва таҷаддуди худшиносии миллӣ муайян намудааст.

Инчунин омузиши таърихро Президент кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омӯзиш ва фарогирии таърихро аз сарчашмаҳои муҳимтарини густариши худшиносии миллӣ ва ифтихори огоҳонаи ватандорӣ медонад. Инчунин таъкид мекунанд, ки рӯ овардан ба таърих ва омӯзиши он маҳзбарои худогоҳӣ, бедорӣ ва ҳушёрии миллати мо басо ногузир аст. Ифтихор аз гузаштаи таърихии халқу миллати худ вақтебаҷовушоистааст, кионродонӣ, дарккунӣваазбурдубохташогоҳшавӣ. Вагарнаифтихорпучубепояаствабаҷузсаргарангиюгумроҳӣҳосилнахоҳаддошт.

Ҷиҳати дигари муҳими омӯзиши таърихи миллати хеш бардоштани сабақи таърихӣ аст. Президент Эмомалӣ Раҳмон таърихро ба оина шабоҳат медиҳад, ки инсон ба он нигариста, ҳастии иҷтимоии худ, симои ҷамъиятии хешро мушоҳида менамояд:

Оре, ба таърихи миллати худ чун ба оинаи поку муқаддас назар бояд кард. Оинае, ки акси халқро танҳо бо ҳама шукӯҳу ҷалол ё айбу нуқсон нишон медиҳад. Яъне таърих дӯсти хақиқатгӯст ва саҳифаҳои пурифтихор ва пуринҳирофи онро бо таҳаммул бояд омӯхт. Ва бахусус, дар ин марҳалаи хеле ҳассоси сарнавиштсози таърихӣ, ки тақдир давлату истиқлолро насиби миллати тоҷик ва мардуми Тоҷикистон гардонидааст, лозим аст, ки мо ба оинаи таърихамон аз ҳар ҷиҳат амиқ назар афганем. Ин барои худшиносии ҷомеа дар ин айёми мураккаб, пурмоҷаро ва ихтилофи назарҳо хеле зарур аст. Танҳо оинаи таърих, басо нозуку комил омӯхтани даврони гуногуни давлатдории аҷдод чашми худшиносии моро мекушояд ва пайванди моро ба гузаштагонамон қавӣ месозад, барои беҳбуди ояндаи ҷамъият ва ободии кишвар роҳ, мекушояд. Нигаристан ба пайроҳаҳои таърихи миллат ва муроду номуродиҳои он хангоми руйдодҳои печдарпеч, муборизаҳои хунин, дар айни ҳол аз ҳамин ҷиҳат муҳим мебошад. Ва пӯшида нест, ки ҷараёни ташаккулёбии халқи тоҷик ҳам аз шебу фарозҳо, гирудорҳо ва ҷоннисориҳо дар канор набудааст.

Дар зиндагии ҷомеа масъалаҳое пеш меоянд, ки халли онҳо бо бақову пойдории миллат ва давлати миллӣ робитаи ногусастанӣ дорад. Дар даврони навини таърихи миллати тоҷик чунин масъала - масъалаи густариш додан ва бо рӯҳи замон мувофиқ кардани худшиносии миллӣ гардид. Ҷараёни босуръати гусгариш ва таҳаққуқи худшиносии миллӣ дар Тоҷикистон пас аз соҳибистиқлол шудани он мисли дигар муваффақиятҳое, ки халқи тоҷик ба он даст ёфтааст, бо номи шарофатманди фарзанди бузурги миллати тоҷик Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Рахмон пайванди ҷудонопазир дорад.

Маҳз Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аҳамияти густариш додан ва таҳаққуқ бахшидан ба худшиносии миллиро аз масъалаҳои бунёдии давлатдорӣ ташхис дода, роҳу равиши даст ёфтан ба ин ҳадафи бузургро муайян намуд.

Президент Эмомалӣ Раҳмон ҳам аз мақоми Сарвари давлат ва ҳам аз мавқеи як нафар фарзанди миллат фаъолияти сиёсии худро бо кори таълиму тарбия ва эҷоди осори таърихӣ - фалсафӣ омезиш дода, ба хидмати халқу Ватани хеш гузошт.

Дар сатҳи давлатӣ, бо фармонҳои Президент ва карорҳои махсуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон омода ва таҷлил шудани ҷашнҳои таърихи ва бузургдошти нобиғаҳои миллат, 1100-солагии давлатдории Сомониён, 5500-солагии Саразм, 700-солагии Камоли Хуҷандӣ, 680-солагии Мирсаид Алии Хамадонӣ, 1000-солагии «Шохнома»-и Фирдавсӣ, 2700-солагии китоби Авасто, таҷлили 90-солагии аллома Бобоҷон Ғафуров, 75-солагии Муҳаммад Осимӣ, 80-солагии Турсун Ӯлҷабоев, 90-солагии Мирзо Турсунзода, 100-солагии Пайрав Сулаймонӣ, С.Вализода, 60-солагии Лоиќ Шералӣ, 50-солагии Академияи фанҳои ҷумҳури, 50-солагии ансамбли мақомхонии «Шашмақом», 1150-солагии асосгузори адабиёти классикии тоҷику форс Абӯабдуллоҳи Рудакӣ, Соли забони тоҷикӣ ва ниҳоят Соли бузургдошти Имоми Аъзам эълон гардидани соли 2009 шаҳодати онанд, ки Сарвари давлат ҳамеша бо халқи худ аст ва набзи онро ба хубӣ эҳсос мекунад. Зеро бо ибораи Эмомалӣ Раҳмон «Мо факат дар ҳамон сурат эҳтироми бузургонамонро комилан ба ҷо меорем, ки осори онҳоро омӯзем, фарзандонамонро дар руҳияи таълимоти онҳо таълим кунем, фармудаи онҳоро дастури амал қарор диҳем, то ки дар оянда ҳам аз байни халқи мо Рудакиҳо, Фирдавсиҳо, Буалихо, Хайёмҳо, Мир Сайидҳо ба воя расанду мо дар рушди тамаддуни башар саҳмгузор бошем».

Инчунин ҷашни бузургдошти Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собит (Имоми Аъзам) яке аз нишонаҳои худшиносии миллӣ мебошад, ки фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи соли бузургдошти Имоми Аъзам эълон кардани соли 2009» ба шумор меравад, ки зиёда аз 80% аҳолии Тоҷикистон ба мазҳаби Ҳанифӣ шомиланд. Аз ин хотир Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон кайд менамоянд: маъхазҳои гуногуни таърихӣ гувоҳанд, ки Имоми Аъзам ва мазҳаби фиқҳии ӯ дар ҳифз ва тақвияти асолати қавмӣ-миллӣ, ҳувияти таърихӣ ва арзиши фарҳангии динии халқҳои шомили Хилофати исломӣ нақши бузурги таърихӣ доштанд. Агар имрӯз халқҳои мусулмони дорои асолату ҳуввияти том, забон, фарҳанг, урфу одат ва суннату анъаноти хосу нотакрори таърихӣ фаъолияти босамар ва сазанда дошта бошанд, пас дар ин амр хидмати арзандаи ин бузургмард ва мазҳаби ӯ хеле хуб возеҳ аст. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми суханрони дар маҷлиси тантанави ба ифтихори ҷашни 90-солагии академик Бобоҷон Ғафуров, ки 24-уми декабри соли 1998 дар Душанбешаҳр доир гашта буд, таъкид намуд, ки «Бешак, як сарчашмаи худшиносии миллӣ маҳз ошнои бо гузаштаи пурифтихор ва мероси таърихӣ аст. Ҷомеа то хотираи қавии таърихиро, ки дар осори фарҳангиву илмии бостони маҳфуз аст, азхуд накунад, аз хираду заковати гузаштагон баҳраманд нашавад, дар тамоми риштаҳои зиндагӣ ба дастовардҳои дилхоҳ ноил шуда наметавонад».

Бинобар ин дар ҷодаи худшиноси таърих нақши муҳимро ишғол менамояд ва барои омӯхтану донистани аслу хастти халқу миллат баро ихудшиноси ягона роҳест, ки онро инкор кардан номумкин мебошад. Таърих худ гувоҳи ҳастии дирӯз, имрӯз ва фардои инсониятро нишон медиҳад ва муайян мекунад.


Маҳкамов Саидқул,

номзади илмҳои таърих, муаллими

калони кафедраи таърихи халқи тоҷики

МДТ «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд

ба номи академик Бобоҷон Ғафуров»

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ