ПЕШВОИ МИЛЛАТ - ТАҲКИМГАРИ СУЛҲУ ВАҲДАТ

Ҳамасола таърихи 27-уми июн дар саросари Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо яке аз ҷашнҳои бузург ва таърихии миллат - Рӯзи ваҳдати миллӣ ва ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ таҷлил мегардад. Аз он вақте ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити ниҳоят вазнини сиёсӣ, низомӣ ва иқтисодӣ қарор дошт ва бо вуҷуди тамоми мушкилиҳою монеаҳо барои ба эътидол овардани вазъи ҷомеа, сарҷамъии миллати тоҷик, ба Ватан баргардонидани гурезаҳо бо мухолифини онвақтаи худ ба музокирот оғоз карда буд, сипарӣ шуд. Имрӯз мо ба аҳли ҷаҳон, созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, кишварҳои дӯст ва ҳаммарз собит намудем, ки ба идеяи ваҳдати миллӣ, сулҳу субот содиқ ҳастем ва манфиатҳои милливу давлатии худро ҳамеша дар мадди аввал қарор медиҳем. Ҳамчунин исбот намудем, ки ҳадафи асосии мо эҷоди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, иҷтимоӣ ва ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ буда, барои наслҳои оянда чунин давлате бунёд карданӣ ҳастем, ки ба инкишофи ҳамаҷонибаи ҷомеа, зиндагии бошарафона ва хушбахтонаи аҳолӣ мувофиқ бошад. Дар ин раванд ҳадафи асосии Ҳукумати мамлакат таъмини сулҳу оромӣ, ваҳдати миллӣ, ҳарчи зудтар ба Ватан баргардонидани гурезаҳо ва сарҷамъ намудани миллат буд.
Ваҳдат дар зиндагии инсон ва дар ҳаёти ӯ нақши меҳварӣ ва боарзиш дорад. Ваҳдат падидаест, ки дар он тамоми музаффариятҳои зиндагӣ таҷассуми худро ифода мекунад.
Албатта, вақте ки сухан дар бораи ваҳдат меравад, ба сари ҳар як фарди худогоҳ савол ба миён меояд, ки ваҳдат чист? Ваҳдат – ин ҳамдилию иттиҳод, ҳамбастагӣ, сулҳу хушбахтӣ, сарфарозию пешравӣ, ягонагию сарҷамъӣ, ҳамфикрӣ, таҳкимдиҳанда ва ташаккулдиҳандаи давлату давлатдорист.
Рушду нумӯи ҳар як давлату миллат дар устувории сулҳу ваҳдат аст. Ваҳдати миллӣ бузургтарин ва муқаддастарин дастоварди миллати мо дар даврони соҳибистиқлолӣ маҳсуб ёфта, нақши бузургеро дар сарҷамъии миллат ва пойдории давлат гузоштааст. Баъд аз солҳои душвори ҷанги шаҳрвандӣ миллати тоҷик дар муқобили хатари парокандашавӣ ва фурӯпошии давлат қарор дошт, аммо бо ҳикмату тадбирҳои оқилонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иродаи мардуми сулҳҷӯ санаи 27-уми июни соли 1997 Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид, ки поягузори Ваҳдати миллӣ гардид.
Маҳз бо қабули Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ сулҳу суботи саросарӣ ва оромӣ дар кишварамон фароҳам омад. Бо кӯшишу талошҳои зиёди Пешвои миллат миллати парешон сарҷамъ гардид, ки имрӯз сокинони кишвар дар фазои орому осуда нафаси озод мекашанд. Сулҳу ваҳдати тоҷикон на танҳо давлату миллатро наҷот дод, балки дар дили насли ҷавони тоҷик умедро ба ояндаи нек, хушбахтӣ, саодат, некномӣ ва ваҳдати ногусастанӣ зинда намуд.
Бо шарофати қабули ин санади тақдирсоз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба марҳилаи корҳои созандагиву бунёдкорӣ, тараққиёт дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ оғоз бахшид. Имрӯз шукр мекунем, ки дар давлати биҳиштосои мо парчами сулҳу субот, Ваҳдати миллӣ, истиқлоли комил ва соҳибдавлатӣ парафшон аст. Ҳанӯз 27-уми июни соли 1998 Президенти Чумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар табрикоти худ таъкид карда буданд: «Ба хотири оромӣ ва ояндаи неки Ватан ман чанд рӯз пештар фармон дар бораи ҳамчун Рӯзи Ваҳдати миллӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ягонагии халқи Тоҷикистон ҷашн гирифтани 27-уми июнро имзо кардам». Дар ҳақиқат аз ҳамон рӯз сар карда, Созишномаи умумии истиқрори сулҳ майдони ҷангро шикаст, кинаҳоро дур кард, захмҳоро шифо бахшид, мардуми тоҷикро гирди дастархони Ваҳдат ва ҳамдигарфаҳмӣ ҷамъ овард. Ин санади тақдирсоз умеди зиндагӣ ва ояндаи некро дар дили халқи мо бедор кард.
Дар марҳилаи ҳозира, ки мардуми шарифи Тоҷикистон бо эҳсоси гарми ватандӯстиву ватанпарастӣ ва хештаншиносиву ифтихори миллӣ созандагиву ободкориро ҳадафи муқаддаси худ қарор додааст, тамоми дастоварди Тоҷикистонро бо мавҷудияти суботи сиёсиву ҷамъиятӣ ва Ваҳдати миллӣ вобаста медонем.
Ваҳдати миллӣ, тавре борҳо Сарвари давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намуданд, омили муҳимтарини ҳастии миллат, ватандорӣ ва давлатдории соҳибистиқлоламон мебошад. Ба ҳамин маънии тақдирсоз ваҳдати миллӣ сарчашмаи асосии падидаи ҳамкорӣ, созгорӣ ва ҳамоҳангии манфиатҳою субот дар ҷомеа, амнияту тараққии кишвар ва муҳимтарин заминаи пешрафтҳои халқамон ба шумор меравад.
Бо шарофати сулҳу субот ва Ваҳдат, ки бо хираду заковати азалии миллатамон, иродаи кулли мардуми тоҷик, инчунин мадади беғаразонаи кишварҳои миёнарав муяссар гардид, ки дар баробари эҳёи давлатдории тоҷикон рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии Тоҷикистон таъмин, нуфузу эътибори он дар арсаи байналмилалӣ баланд гардад.
Имрӯзҳо фурсате расидааст, ки барои дар замири ҳар фарди кишвар, новобаста аз миллату нажод, эътиқоди диниву мазҳабӣ ҷой додани эҳтиром ва ҳифзу гиромидошти арзишҳои Ваҳдати миллӣ корҳои воқеиву доимиро дар сатҳи арзишманд ба роҳ монда шаванд ва набояд, ки ин амал характери маъракавӣ касб намуда, танҳо дар рӯзҳои таҷлили Ваҳдати миллӣ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирад. Сулҳи ба дастомада бояд ҳамеша дастурамал барои зиндагӣ ва фаъолияти шаҳрвандони ҷумҳурӣ бошад.
Ваҳдати миллӣ дастоварди беназири тоҷикон яке аз муҳимтарин ва муқаддастарин дастовардҳои миллату давлати тоҷик дар даврони истиқлол мебошад. Он на танҳо ба ҷанги шаҳрвандии харобиовар хотима бахшид, балки заминаи устувори рушд ва пешрафти ҷомеа ва давлатро фароҳам овард.
Ваҳдати миллӣ барои тоҷикон на танҳо сулҳу оромӣ, балки эҳёи фарҳангу маънавиёт, рушди иқтисодиёт, барқарорсозии инфрасохторҳо ва эҳёи давлатдории миллӣ буд. Имрӯз ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон бояд шукргузор бошад, ки дар фазои сулҳу субот, оромиву ваҳдат умр ба сар бурда, барои рушди шахсӣ ва ҷомеа имкониятҳои фаровон дорад.
Имрӯз дарахти сулҳу ваҳдати тоҷикон меваҳои шаҳдборе ба бор овардааст. Бо ифтихор мегӯем, ки дар эъмори давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ пояи сулҳу осоиштагӣ дар ин сарзамини ҳамешабаҳор ба ҳадди бузург мустаҳкам гаштааст, зеро онро фарзанди бузурги ин сарзамин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон устуворӣ бахшидаанд, миллатамонро аз парокандагӣ, давлатро аз нестшавӣ ва халқро аз ҷанги шаҳрвандӣ раҳо намуданд.
Дар рушди сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва таърихиву фарҳангии давлати мустақили Тоҷикистон хизматҳои бузурги тақдирсоз кардаанд, ки мардум бо хушнудӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба сифати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат эътироф шинохт.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат рамзи пойдориву бардавомии давлатдории мустақили тоҷикон, сулҳу Ваҳдати миллӣ, кафили рушди босубот ва устувории ҷомеаи Тоҷикистон мебошанд.
Ваҳдат оғози ҳамаи созандагиву ободкориҳо, ибтидои суботи сиёсиву иҷтимоӣ, некӯаҳволӣ ва рӯзгори ободу осудаи мардум ва эҳёи худшиносию худогоҳӣ ва роҳ ба сӯйи фардои дурахшон аст.
Ваҳдати миллӣ барои миллати тоҷик рамзи сарҷамъӣ, субот, шукӯҳ ва якпорчагии кишвар мебошад. Онро бояд ҳамчун неъмати бебаҳо эҳтиёт ва посдорӣ намуд.
Сиёсати сулҳхоҳонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он зоҳир мешавад, ки соли 2024 Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар мубоҳисаҳои иҷлосияи 79 Маҷмаи умумии СММ пешниҳод карданд, ки тавассути қатъномаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» қабул шавад. Чунин ибтикороти шоиста бозгӯи онанд, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо барои ҷомеаи тоҷикон иқдомоти созандаро амалӣ месозанд, балки дар ҳалли проблемаҳои умумибашарӣ ва ҷомеаи ҷаҳонӣ нақши бориз мегузоранд. Ин ҳама музаффариятҳо ҳар яки моро вазифадор месозанд, ки барои ноил шудан ба дастовардҳои наву эътибори боз ҳам баланди кишвари азизамон, дар ҳифзи сулҳу субот нақши фаъол гузошта, дар фатҳи зинаҳои нави рушди мамлакат саҳмгузор бошем.
Боиси сарбаландӣ ва хушнудист, ки миллати тоҷик ва Тоҷикистон имрӯз намунаи ибрат дар сар то сари кишварҳои мутамаддин гардидааст. Танҳо бо роҳи ваҳдату ягонагӣ метавон истиқлолияту ободии меҳан ва амну осоиштагии мардумро аз ҳама хавфу хатар эмин нигоҳ дошт. Танҳо дар сурати ваҳдат душвориҳо паси сар мешаванд. Рӯзгори мардум рӯ ба беҳбудӣ меорад, кишвари азизамон ба шоҳроҳи пешрафту тараққиёт рӯ меорад, зеро маҳз тавассути ваҳдат ва сулҳу суботи ҷомеа мо ба тамоми ҳадафҳои худ расида, бо нерӯи созандагию бунёдкорӣ Тоҷикистони азизи худро дар қатори кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон ҷой дода метавонем.
Сулҳу ваҳдат чун омили сарнавиштсоз, пойдевори ҳастии миллат ва арзишҳои муқаддаси миллӣ ҷовидона боқӣ хоҳад монд ва миллати тамаддунсози тоҷик фарҳанги сулҳҷӯиву сулҳофариро ба наслҳои оянда ҳамчун сарфарозӣ ба мерос хоҳад гузошт.
М.И.Саидова,
устоди Муассисаи давлатии таълимии
«Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи а
кадемик Бобоҷон Ғафуров»