ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ВА ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ
Дар таърих ва тақдири ҳар як миллату давлат саҳифаҳои пурарзиш ва сабақомӯзе ҳастанд, ки аз иқдомҳои созандаю хирадмандона маншаъ гирифта, барои наслҳои имрӯзу фардо ҳамчун чароғи ҳидоят хизмат мекунанд.
Ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳиятан як давраи муайяни таърихи кишвари азизамонро инъикос менамояд. Бо шарофати ин санади муҳим ва тақдирсоз мардуми кишвар аз алангаи ҷанги хонумонсӯз раҳоӣ ёфта, ҳамдигарро бародарвор ба оғӯш кашиданд. Президенти мамлакат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди Раиси Шурои Олӣ интихоб шуданашон зимни суханронии нахустини хеш ҳамчун Сарвари давлат, иброз намуда буданд: «Ман кори худро аз сулҳ сар хоҳам кард. Ман тарафдори давлати демократии ҳуқуқбунёд мебошам. Мо бояд ҳама ёру бародар бошем, то ки вазъро ором намоем. Ҳар чи аз дастам меояд, дар ин роҳ талош хоҳам кард». Дар ҳақиқат, Пешвои миллат тамоми саъю кӯшиши худро барои амалӣ гардидани ин иқдомҳои тақдирсоз ва ояндасози миллат равона намуданд.
Баъди ноил шудан ба сулҳу салоҳ Президенти мамлакат бори дигар ба ҳамватанонамон муроҷиат намуда, таъкид доштанд, ки «Бо дарназардошти ин руҳияи илҳомбахш ва иттиҳоди ҷовидонии миллат айни муддаост, ки рӯзи 27 июнро дар кишварамон Рӯзи ваҳдати миллӣ эълон намоем ва ин санаи фархундаро ҳар сол ба таври умумихалқӣ ид кунем». Дар ин асос ҳар сол мардуми кишвар ин рӯзро ҳамчун як ҷашни миллӣ таҷлил менамоянд ва имрӯз мо дар арафаи 28-умин солгарди Рӯзи ваҳдати миллӣ қарор дорем.
Бо шарофати ваҳдати миллӣ тамомимушкилоти дар даврони ҷанги хонумонсӯзи ба сари давлату миллати мо омада, давра ба давра роҳи ҳалли худро ёфтанд. Се ҳадафи стратегии мамлакат – таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ ёфтан аз бумбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқавории кишвар, ки ҳамеша дар меҳвари сиёсати хирадмандонаи Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд маҳз пас аз ба сулҳу салоҳ расидан бо сурати кайҳонӣ амалӣ гардида истодаанд.
Сулҳу оромӣ дар кишвари азизамон барои рушди бемайлони соҳаҳои мухталифи ҳаёти кишвар мусоидат намуд. Натиҷаҳои онро мо дар рақамҳои зерин метавонем мушоҳида намоем.Агар соли 1992 буҷети давлатии Тоҷикистон 43, 2 млн. сомонӣ бошад, соли 2015 он 19 млрд. сомониро ташкил медиҳад, ки нисбат ба соли 1993-юм 441 маротиб зиёд аст.Дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ зиёда аз 2000 км. роҳҳои мошингард таҷдиду бунёд гардида, 240 пул, 30 км. нақб, 190 км. роҳи оҳан сохта, ба истифода дода шуданд, ки ин нишондиҳандаҳо барои раҳои ёфтани маммлакат аз бумбасти коммуникатсионӣ мусоидат намуд.
Муҳим он аст, ки қисми тоҷикистонии шоҳроҳи бузурги Абрешим эҳё шуда, тамоми минтақаҳои Тоҷикистон ба давлати воҳид табдил ёфт, орзуи ҳазорсолинаи халқикуҳантаърихамонро амалӣ намуд.Соли 1992 дар кишвар ҳамагӣ 13 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ бо шумораи 70 ҳазор донишҷӯ фаъолият доштанд. Алҳол дар кишварамон 39 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ фаъолият дошта, дар онҳо беш аз 170 ҳазор донишҷӯ таҳсил мекунанд. Барномаи компютеркунонӣ дар донишгоҳу донишкадаҳои олии кишвар имрӯз пурра иҷро гардидааст. Ҳоло донишгоҳу донишкадаҳои кишвар бо 17 ҳазор компютер таъмин буда, ба 7 нафар донишҷӯ як компютер рост меояд, ки ин рақам нисбат ба нишондиҳандаи мактабҳои миёна қариб ду баробар зиёд мебошад. Ҳамаи ин натиҷаҳо меваи Истиқлолияти давлатӣ, самараи Ваҳдати миллӣ ва сулҳу суботи тоҷикон мебошанд.
Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллиро бе якдигар тасаввур кардан ғайриимкон аст. Чунки яке ба ҷумҳурӣ ва ҳалқи тоҷик соҳибихтиёрӣ бахшида бошад, дуюмӣ тавонист, оташи ҷанги бародаркушро хомӯш созад.
Дар тӯли Истиқлоли давлатии Тоҷикистон бо сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъмин ва таҳкими Ваҳдати миллӣ ҳамчун ғояи наҷотбахши миллат, рӯйдоди нодири таърихӣ, омили муҳимтарини муттаҳидкунандаи ҷомеа, унсури асосии андеша ва худшиносии миллӣ, омили асосии таҳкими давлатдории навини тоҷикон гардид.
Дар бораи заминаҳои расидан ба Ваҳдати миллӣ ва сулҳу субот дар кишвари аз ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ азияткашида ва давлату давлатдории дар вартаи ҳалокату парокандагӣ қарордошта чанд нуктаро таъкид карданиям.
Якум, солҳои аввали Истиқлолияти давлатӣ барои ҳар шаҳрванди Ватанамон душвору пурпечутоб буд. Ҷанги хонумонсӯзи шаҳрвандӣ минтақаҳои гуногуни кишварамонро ба гирдоби мухолифат ва муқовимати сиёсию ҳарбӣ кашида буд. Дар ин шароити барои давлати тозаистиқлоли тоҷикон хавфноктарин бо баргузории Иҷлосияи таърихии тақдирсози ХVIШурои Олии ҷумҳурӣ ва Раиси Шурои Олии кишвар интихоб шудани фарзанди фарзонаву наҷотбахши миллату давлат, меъмори сулҳу Ваҳдат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таърихи кишвари ба доми ҷанг кашидашуда давраи нав-давраи расидан ба Сулҳу Ваҳдати воқеӣ оғоз ёфт.
Дуюм, заминаи муҳимтарини расидан ба Сулҳу Ваҳдат ин бо сарварии бевоситаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабул карда шудани қонуни асосӣ, яъне Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки имрӯз яке аз Конститутсияҳоибеҳтарини ҷаҳони муосир ба шумор меравад. Сарвари давлат бамаврид таъкид намуда буданд, ки «Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити низои байни тоҷикон таҳия ва қабул гардид. Аз ин ҷиҳат, вазифаи аввалиндараҷаи он таъмини оштии миллӣ ва сулҳи тоҷикон буд…
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дарвоқеъ, ҳуҷҷати созиши иҷтимоӣ ва заминаи ҳуқуқии сулҳ гардид. Чунин таҷрибаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳоло чун намунаи ҳалли низои дохилӣ эътироф шудааст».
Дар давраи амал ва такмилёбии меъёрҳои Конститутсия дар ватани мо риояи принсипи қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ таъмин карда шуда, то имрӯз зиёда аз 15 қонунҳои конститутсионӣ, 18кодексҳо ва 300 қонунҳо қабул ва мавриди амал қарор дода шуданд. Санадҳои ҳуқуқии мазкур тамоми муносибатҳои муҳими ҷамъиятиро танзим намуда, барои таъмини сулҳу субот ва оромӣ дар ҷомеа саҳми беандоза доранд.
Сеюм, баъди ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, ки натиҷаи сиёсати ваҳдатофари Сарвари давлатамон буд, дар Ватани азизамон давраи нави зиндагӣ - давраи созандагию бунёдкорӣ оғоз ёфт.
Баробари ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ заминаи воқеии мустаҳкамкунии сохтори давлатӣ пайдо гардида, тинати сулҳпарвару заковати баланди халқи тоҷик ва Сарвари хирадманди он исбот шуд. Имрӯз мо бо ифтихор гуфта метавонем, ки таҷрибаи Тоҷикистон дар масъалаи дар фосилаи кӯтоҳи таърихӣ хомӯш кардани ҷанги шаҳрвандӣ дар ягон кишвари дунё, ки ба чунин ҳолат гирифтор аст, дида намешавад.
Марҳалаи муҳим дар таҳкими Ваҳдати миллӣ ин баъди ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ оғоз ёфтани раванди таъсисёбии Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, моҳи июли соли 1997 буд, ки то ҳол бомуваффақият фаъолият бурда истодааст ва сарварии онро Президенти кишвар бар ӯҳда доранд.
Хушбахтона, имрӯз мардуми шарифи Тоҷикистон, аз насли ҷавон то калонсолон аҳамияти ваҳдатро хуб дарк менамоянд ва қадру манзалати он байни мардум сол то сол баланд мегардад.
Воқеаҳои фоҷиабори Сурия, Ироқ, Яману Миср,Афғонистон, ки ба сари мардуми ин давлатҳо рӯзҳои ниҳоят сахту сангинро ба бор овардааст, сабақ барои тамоми мардуми рӯи замин аст. Дар оғози солҳои истиқлолият ин фоҷиаҳо ба сари мардуми мо низ омада буданд ва ғояи Ваҳдати миллӣ дар як марҳалаи муҳими таърихӣ ҳамчун омили муттаҳидкунандаи ҷомеа хизмати бузургро анҷом дод. Аз ин лиҳоз, мо бояд Ваҳдати миллиро ҳамчун ифодаи ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамзистии тамоми шаҳрвандон ба насли ҷавон ва ҷаҳониён муаррифӣ намоем ва он бояд ба як унсури худшиносии миллӣ табдил ёбад.
Зикр кардан ба маврид аст, ки Тоҷикистон давлати ҷавон ва ҷавонон буда, синни миёнаи аҳолӣ 24-сол ва 70 фисади сокинони ҷумҳурӣ шахсони синни то 30- сола мебошанд. Аз ин лиҳоз, ба қадри ваҳдату осоиштагӣ бояд бештар ҷавонон бирасанд ва Ваҳдати миллиро арҷгузорӣ намоянд. Бесабаб Пешвои муаззами миллат соли 2017-ро «Соли ҷавонон» эълон накардаанд. Ҷавонони мо бояд, дар ҷавоб ба ин иқдоми Сарвари давлат бо дониши хубу аъло, корҳои илмиву тадқиқотӣ барои рушди минбаъдаи кишвар саъю талош варзанд.
Пешвои миллат бамаврид таъкид мекунанд, ки «...рӯйдодҳои манфии ҷаҳони имрӯза, аз қабили ифротгароии динӣ, терроризм, экстремизми динӣ боиси осебпазир гардидани амният ва Ваҳдати миллӣ мегардад».
Дар ин асно мардуми мо, ки азияти ин фоҷиаҳоро алакай кашидаанд, бояд ҳамеша ҳушёру зирак бошанд, ба дасисаву фиреби доираҳои манфиатҳои бегона, тундраву ифротгаро фирефта нагарданд. Таҳким бахшидани Ваҳдати миллӣ ва муътадил нигоҳ доштани фазои сиёсиву мафкуравии ҷомеаро бояд мақомотҳои қудратӣ ва тамоми мардуми кишвар сармашқи фаъолияти худ қарор диҳанд.
Дар замони ҷаҳонишавӣ авзои ноороми ҷаҳони муосир манфиатҷӯии абарқудратҳо моро водор месозад, ки ба таври мунтазам ва мақсаднок тарғибу ташвиқ намудани ғояи Ваҳдати миллӣ ва сулҳу суботро амри заруриву ҳаётӣ ҳисобем.
Ҳамин тариқ, мардуми кишвар бо пуштибонӣ аз сиёсати пешгирифтаи Президенти мамлакат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллатмуҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри таҳкими пояҳои Истиқлолияти давлатӣ ҷаҳду талош доранд, ки асоси ин ҳама дастоварду муваффақиятҳо аз ҳамдигарфаҳмиву Ваҳдати воқеии сокинони кишвари мо гувоҳӣ медиҳад. Имрӯз аҳли зиё, муассисаҳои таълимӣ ва падару модарон вазифадоранд, ки барои таъмини сулҳу субот ва пойдории ваҳдати миллӣ ҷиҳати омода намудани мутахассисони ботаҷриба, худогоҳу хештаншинос, бомасъулият ва ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир камари ҳиммат баста, тамоми донишу таҷрибаи худро истифода намоянд.
Иброҳим Ҷабборзода,
Ҷамолиддин Абдукаримов,
устодони Муассисаи давлатии таълимии
«Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи
академик Бобоҷон Ғафуров»