ВАҲДАТУ ҲАМДИЛӢ - ПОЯИ САОДАТ ВА ОБОДИИ МИЛЛАТ

Сулҳу ваҳдат, оромӣ ва субот — вожаҳои муқаддас ва пурарзишанд, ки аз ҳамдилӣ, иттиҳод ва якпорчагии миллат шаҳодат медиҳанд. Ин мафҳумҳо дар таҷрибаи таърихии давлати муосири тоҷикон на танҳо орзуву ормон, балки ҳақиқати амалие гардиданд, ки пояи рушди устувори ҷомеа ва давлати миллӣ қарор гирифтанд. Ваҳдати миллӣ, ҳамчун неъмати бебаҳо ва дастоварди таърихӣ, бар афкори худшиносии миллӣ такя дорад ва дар пойдории давлатдории тоҷикон нақши калидӣ мебозад.

Маълуми ҳамагон аст, ки сулҳу субот - рамзи осоиштагӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва талош барои ҳаёти орому мутамаддин аст. Ваҳдат бошад, барҷастатарин неъмати ҳаёти инсон, баёни орзуву ормон, асоси рушду субот ва бақои давлату миллат мебошад. Он маҳсули худшиносӣ, худогоҳӣ ва эҳсоси баланди масъулияти шаҳрвандист. Танҳо дар шароити ваҳдати комил ҷомеа метавонад, монеаҳои дохиливу берунаро паси сар карда, ба сӯи пешрафт ва тараққиёт раҳ ёбад.

Асосгузори ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар авҷи ҷанги шаҳрвандӣ роҳбари кишвар гардида, бо иродаи матин, андешаи фардосоз ва ҷасорати нотакрор миллатро аз вартаи нобудӣ наҷот доданд. Мисоли равшани ин гуфтаҳо сухани пурҳикмати Садри муаззами миллат аст: «Ғояи сиёсиву мафкуравии мо ваҳдат, ягонагӣ, худшиносиву худогоҳии миллӣ, таҳкими давлатдорӣ ва ободии Ватани азизамон мебошад. Аз ин рӯ, ба ҳар як фарди бонангу номус, аҳли ҷомеа зарур аст, ки манфиатҳои миллат ва давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистонро аз манфиатҳои хеш болотар гузошта, аҳамияти ҳаётӣ ва зарурати таърихиву ваҳдати миллиро барои рушди давлату давлатдорӣ, рӯзгори осоиштаи халқ ва ободии Ватани азизамон амиқан дарк намоянд».

Бар ҳақ, нақши таърихии тоҷикон дар ҳифзи ваҳдату мутаҳҳидӣ бориз аст. Зеро тоҷикон, ки яке аз куҳантарин миллатҳои давлатсозанд, дар тӯли таърих барои ҳимояи тамаддуну забон ва арзишҳои миллӣ ҳамеша мубориза бурдаанд. Миллати тоҷик ҳеҷ гоҳ бетараф набуда, ҳамеша дар мубориза барои истиқлолият ва озодии худ фаъолона ширкат варзидааст. Ин маънӣ имрӯз низ садо медиҳад: ҳар як фарзанди ватандӯст бояд посдори сулҳу ваҳдати миллӣ бошад.

Имрӯз, вақте ҷомеа ба сатҳҳои баланди инкишоф расидааст, ниёз ба таҳкими ваҳдат дучанд шудааст. Агар солҳои 90-ум мардум танҳо сулҳу амниятро талаб мекарданд, имрӯз онҳо умед доранд, ки дар фазои ваҳдат талаботи иқтисодиву иҷтимоии онҳо низ бароварда мегардад. Бинобар ин, таҳкими ваҳдат бояд дар тамоми зинаҳои давлатдорӣ ва зиндагии ҷамъиятӣ самти афзалиятнок бошад.

Дар ҳақиқат сулҳу ваҳдат - омили гулгулшукуфии Ватан маҳсуб меёбад, ки баҳри ободии кишвар, сохтмони иншооти стратегӣ, таҳкими низоми маорифу тандурустӣ, ва густариши робитаҳои байналмилалӣ — ҳамаи ин аз фазои сулҳу субот маншаъ мегирад. Сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, ки бар пояи ваҳдат асос ёфтааст, Тоҷикистонро ба кишвари босаодат ва гулгулшукуфон табдил додааст.

Эътирофи байналмилалӣ ва нуфузи кишвар дар дастоварди бузурги сулҳу ваҳдати миллӣ дониста мешавад, ки ҷаҳонро ба ҳайрат овардааст ва Тоҷикистонро ҳамчун кишвари демократӣ, озод ва ҳуқуқбунёд муаррифӣ кард. Имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ таҷрибаи сулҳофаринии тоҷиконро меомӯзад ва арҷ мегузорад.

Ғояи ваҳдат — рукни тафаккури миллӣ шинохта шудааст. Зеро маҳз ғояи ягонагии инсонҳо ва ваҳдати башарӣ реша дар таълимоти фалсафии инсоният дорад. Пешвои миллат бо илҳом аз ҳамин ғояҳо сиёсати миллиеро бино намудаанд, ки тавозун ва ҳамоҳангии тамоми сохторҳои давлатиро таъмин мекунад ва ҳуқуқу озодиҳои инсонро дар меҳвар мегузорад.

Сулҳу ваҳдат танҳо шиор нест — он пояи ҳаёти воқеии миллат аст. Ин арзишҳо миллати тоҷикро сарҷамъ, давлатро пойдор ва ҷомеаро обод месозанд. Ҳар фарди худшинос бояд барои ҳифзи ин арзишҳо масъулият эҳсос намояд ва дар таҳкими пояҳои ваҳдат саҳмгузор бошад.

Бале, ваҳдат — омили саодати халқ, кафили ободии Ватан ва пояи асосии ҳастии давлат аст!

Поянда бод сулҳу ваҳдати миллӣ!

Шарифиён Муқаддас Холиқзода,

дотсент, декани факултети психология ва таҳсилоти томактабӣ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ