​ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – ВАСИЛАИ ОСОИШИ МИЛЛАТ

Ваҳдати миллӣ яке аз рукнҳои асосии давлатдории муосири Тоҷикистон маҳсуб ёфта ин мафҳум на танҳо рамзи иттиҳод ва якпорчагии мардуми тоҷик аст, балки асоси амният, сулҳу субот ва рушди иқтисодиву фарҳангии кишвар ба ҳисоб меравад.

Миллати тоҷик бо таърихи куҳан ва фарҳанги баланд, ки ҳазорсолаҳо шакл гирифтааст, дар давраҳои мухталифи таърихӣ дучори мушкилотҳои зиёде шудааст. Аммо бо вуҷуди ҳамаи ин душвориҳо ваҳдати миллӣ неруи бузурге барои устувории миллат ва давлат мебошад.

Аз қаъри таърих то имрӯз тоҷикон бо таърихи қадим ва фарҳанги пурғановати хеш ҳамчун як маркази муҳими фарҳангии Осиёи Марказӣ шинохта шудааст. Тоҷикон солҳои тӯлонӣ барои ҳифз ва нигаҳдории забон, фарҳанг ва ҳувияти миллии хеш ҳамеша талош доштанд ва доранд.

Дар қарни XX, пас аз таъсиси Иттиҳоди Шуравӣ, Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон ҳамчун як ҷумҳурӣ ба вуҷуд омад ва дар доираи ин давлати бузург арзи ҳастӣ дошт. Дар ин давра ваҳдати байниқавмӣ нисбатан устувор буд. Аммо пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шуравӣ дар соли 1991 ва ба истиқлол расидани Тоҷикистон вазъи кишвар комилан тағйир ёфт. Истиқлоли кишвар бо тамоми бартариҳояш ҳамроҳ бо мушкилот омад. Тоҷикистон ба як ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, ки онро ҳамчун ҷанги бародаркуш низ меноманд, гирифтор шуд ва ин ҷанг аз солҳои 1992 то соли 1997 идома кард. Санаи 27 – июни соли 1997 ба сари миллати тоҷик бахт хандид ва ин сана дар таърихи миллати тоҷик ҳамчун рӯзи Ваҳдати миллӣ бо ҳарфҳои заррин навишта шуд. Ин рӯзи муқаддас ба халқу миллати куҳанбунёди тоҷик ба осонӣ ба даст наомадааст. Воқеаҳои мудҳише, ки солҳои 90 – уми асри XX ба сари халқи мо омад, барои миллати мо яке аз имтиҳонҳои бузурги таърихӣ ва инсонӣ арзёбӣ карда мешавад.

Дар он рӯзҳои барои миллати мо душвор ва вазнин тамоман, ки ба ояндаи хубу дурахшон боварии касе намонда буд. Хушбахтона, дар чунин рӯзҳои душвор ва давраи ҳасоси таърихӣ фарзанди оқилу шуҷоъи миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нагузошт, ки ин миллат ба сарнагунӣ ва рӯзҳои бад дучор гардад. Ин фарзанди фарзонаи миллати бузурги тоҷик сари қудрат омад ва дар назди халқу миллат бо дили пур ваъда дод: «Ман ба Шумо сулҳ меорам» ва ба тақдири неку баланди мо халқи тоҷик ҳамин хел ҳам шуд. Хизматҳо, кӯшишҳо ва ҷонбозиҳои ин фарзанди фарзонаи миллат буд, ки миллати бофарҳангу тамаддунсози мо баъд аз он ҳама сарсониҳо сарҷамъ гардид.

Он вақтҳо мо хурд будему аз тариқи оинаи нилгун аз хурд то бузург ин суханони Пешвои миллатро мешунидем ва ҳамагон интизори чунин суханон будем ва ҳама аз хурсандию хушбахтӣ ашки чашм рехта, якдигарро оғӯш мегирифтем. Ин як лаҳзаҳое ҳастанд, ки дар хотираи мо ҷавонон то охири умр нақш бастаанд. Чунин нақшбандиҳо бояд бошанд, ки такони сохтани ояндаи аз имрӯз беҳтарро медиҳанд.

Пеши роҳи ҷанги бародаркуш баста шуд ва миллат ба ваҳдат омад. Ваҳдати миллӣ барои мо тоҷикон рамзи сарҷамъӣ, якдилӣ, бародарӣ, баробарӣ ва ягонагист. Маҳз самараи Ваҳдати миллӣ ва хизматҳои беназири шабонарӯзии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон буд, ки Тоҷикистон дар кӯтоҳтарин муддат давраи бӯҳронро паси сар намуда, дар иқтисоди ҷаҳонӣ ба марҳилаи рушди устувори иқтисодӣ ворид шуд ва дар самти беҳтар намудани сатҳ ва сифати зиндагии аҳолӣ ба хеле дастовардҳои бузург ноил гардид. Дар давлате, ки сулҳу оромӣ, тинҷию амонӣ ҳукмфармост, он давлат ҳамаҷониба пеш меравад. Ваҳдати миллӣ сарчашмаи асосии бунёдкориву созандагӣ ва пешбурди сиёсати давлат буда, дар таърихи мо тоҷикон барои сарҷамъ омадани миллат, ҳифз кардани истиқлолияти давлатӣ, фарҳанги бой ва пурғановат, илму маориф ва дигар ҷанбаҳо нақши беназир дорад.

Ваҳдати миллӣ ба саҳифаҳои таърихи халқи тоҷик ҳамчун замони нави пешрафт ва ташаккулёбии давлатдории тоҷикон ворид гардид. Ин ҷашни фархунда дар ҷомеаи мо тимсоли сулҳу субот, якдилӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, сарҷамъӣ ва осоиштагӣ ба ҳисоб рафта, боиси рушди иқтисоди кишвар ва масъулияти дастаҷамъона барои зиндагии дурахшони ҳозираву оянда дар Тоҷикистон аст. Агар мо ба фарҳанг нигарем мебинем, ки вожаи «Ваҳдат» дар он ҷо ба маънои ягонагӣ омадааст. Аз ин рӯ мо шаҳрвандон пеш аз ҳама бояд якдилу яктан ва якҷо бошем. Ваҳдат ва ягонагӣ аз рукнҳои дӯстӣ, рафоқат, интизоми хуб, ҳамбастагӣ ва эҳтироми ҳамдигарӣ иборат буда, арзиши олӣ доштани ҳаёт ва худи инсонро ифода мекунад.

Бояд зикр кард, ки аз замони ба сари қудрат омадани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷомеаи тозаистиқлоли тоҷикон шинохти арзишҳои умумимиллии таърихиву фарҳангӣ, худогоҳиву худшиносӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ, ифтихори миллӣ, нангу номуси ватандорӣ густариш ёфт ва дар солҳои минбаъда шахсиятҳои таърихиву фарҳангӣ ва илмии сарзамини куҳанбунёду тамаддунофари тоҷикон бо ҷашнҳои пуршукӯҳ таҷлил гардида осори гаронбори онҳо мавриди тадқиқу таҳқиқ қарор гирифт.

Дар марҳилаи нави бунёди давлати ҷавони Тоҷикистон тақдири баланди миллати куҳандиёри тоҷик дар симои шахсияти беназири таърихӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон олитарин сифатҳои адолати инсонӣ, бузургдилию шуҷоат, раҳму шафқат ва қобилияти нотакрори ваҳдатофариро ато кард ва маҳз ҳамин ҳамоҳангӣ ҷомеаро басатҳи баланди хештаншиносӣ расонид.

Мо бояд ифтихор дошта бошем ва ифтихор ҳам дорем, ки чунин роҳбари сулҳофару сулҳпарвар, халқу миллати таърихан ва табиатан сулҳдӯст, фарҳангпарвар ва созанда дорем. Сулҳ ва дӯстии мо дар тӯли таърихи чандинҳазорсолаамон нишондиҳандаи ақлу хирад, сабру таҳаммул ва боҳикматии гузаштагонамон ва умуман миллати тоҷик мебошад. Ва имрӯзҳо таҷрибаи сулҳпарварию сулҳофарии Пешвои миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои тамоми ҷаҳониён намунаи ибрат гардидааст.

Дар хотима мехоҳам зикр намоям, ки Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон на танҳо хотираи ҷангҳо ва дастовардҳои гузашта, балки тасдиқи талошҳои дастаҷамъонаи сокинони кишвари азизамон барои бунёди миллати осоишта ва ягона мебошад. Он шаҳодати рӯҳияи тағйирнопазири ҳамоҳангӣ ва ҳамкорӣ мебошад, ки Тоҷикистонро ба сӯи ояндаи дурахшон муайян мекунад. Мо ҳамеша аз сулҳу Ваҳдати миллӣ ифтихор карда, тамоми кӯшиши худро бар он равона мекунем, ки сулҳу Ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон ҳамеша поянда бошад! Мо насли ҷавон, пайравони Пешвои миллати сулҳофару сулҳпарварамон ҳастем. Мо бояд аз чунин Ватани ободу зебо ва маҳбуб шукргузор бошем, ки дар фазои сулҳаш ба воя расида истодаем.

Поянда бод истиқлоли миллӣ ва ваҳдати ҳамашумули миллат!

Маҳфуза Ҳасанова,

мутахассиси пешбари шуъбаи тарбияи

Муассисаи давлатии таълимии

«Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи

академик Бобоҷон Ғафуров»

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ