Ваҳдат – пайкори абадиву азалии тоҷикон
Ҳакиме гуфтааст, ҳар ки хоҳад, ки асоси салтанати ў аз индиҳом (нобудӣ) амин бошад, бояд ки бинои кори худ бар суботу виқор ниҳад:
Бинои кор бинеҳ бар суботу эмин бош,
Ки ҳар бино, ки бар асл аст, пойдор бувад.
Ҳ. В. Кошифӣ
Бинои давлату кишваре, ки зери фазои оромӣ, сулҳу ваҳдат, суботу истиқомат қомат афрохтааст, мустаҳкаму пойдорхоҳад буд, агарчанде, ки бунёди кохи пурҷалоли миллат зери фазои сулҳу оромӣ хиради волои одамият, таҳаммулпазирӣ, омурзишугузаштҳо ва амсоли онро тақозо менамояд ва гузашта аз ин кор бо раият сангин буда, ҳукуматдорӣ ва барпо намудани фазои ваҳдату оромӣ дар ҳар халқу кишваркори басе мушкилу вазнин аст.
Нерӯи тавонои мардуми шарифи тоҷик, саводу хиради фаротар аз ҳафт иқлими ниёгонамон аз он далолат медиҳад, ки тоҷикон аз азал сулҳҷӯй, сулҳпарвар, инсондӯст, меҳнатдўст, хайрхоҳ, меҳмоннавоз, сабур, таҳаммулпазир, яъне, ба қавле соҳибрутбаи одамият будаанд ва барои аҳли башар формулаи асили инсони комил бо номи ваҳдати «Афкори нек, гуфтори нек, ва кирдори нек» -ро кашшофӣ намуда, абадан чунҷӯяндагону пўяндагони шоҳроҳи бузурги ҷаҳонсозиву инсонсозӣ, ҷаҳони одамият номи хешроба мерос гузоштаанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шукрона аз неъмати ба дастовардаи миллати хеш намуда,пайваста азрўзҳои сангини солҳои навадуми охири асри XX дар Тоҷикистони азизамон ёдовар шуда мегӯянд:
«Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон давраи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд… Бояд гуфт, ки расидан ба сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва Ваҳдати миллӣ ва бо ҳамин роҳ аз хатари нобудӣ наҷот додани давлати тоҷикон ва аз парокандагӣ эмин нигоҳ доштани миллати тоҷик дастоварди бузургтарини таърихии мо дар замони соҳибистиқлолӣ мебошад, ки ба он маҳз ба шарофати дастгириву пуштибонии самимонаи мардуми шарифи Тоҷикистон муваффақ гардид…»
Дар ҳамбастагӣ бо ин афкор ман андеша ва итминони комил дорам, киягона ҷавҳар ва муқаддасоте, ки оташи ҷанги бародаркушро хомўш намуд, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ин хиради некўи азалию абадӣмардумони тоҷику форс буд. Таърихи башарият аз он гувоҳӣ медиҳад, ки мардумони форсу тоҷик, инчунин саромади авлоди онҳо ориёиҳо дар гузашта ба ҳеҷ ваҷҳ ба марзу буми давлати дигар бо мақсади ѓасб намудани молу мулк ва ҷоҳу ҷалол, яъне бо афкори зишту нангин ба марзу буми дигаре қадам нагузоштаанд ва намегузоранд. Мардуми форсу тоҷик аз азал соҳибрутбаи одамият, соҳибмақом, сохибдин, соҳибҳунар, меҳнатдўст ва худошиносу худотарс будаанд. Яке аз вижагиҳои мардуми форсу тоҷик ин қабл аз ҳама меҳнатдўстии ин қавму қабила маҳсуб меёбад. Ҳануз Зардушти Спитамон яке аз донишмандони қавмҳои ориёӣ мардумони эронитаборро ба ваҳдату ягонагӣ, афкори покиза, ростиву растагорӣ,муқиминишинӣ, ҳамохангии зеҳнӣ даъват намуда, аз забони Аҳурамаздо гуфта буд:
«Ҳой эй мардум!
Чун шумо худ роҳи ростро натавонед дид ва баргузид, Маздоаҳуро маро довари ҳар ду гурўҳ (маздопарастон ва девпарастон) барангехтаву ба сўи шумо фиристод, то роҳи ростро ба шумо бинамоям ва ҳама бо ҳам зиндагиро бар пояи дини ростин ба сар барем.
Маздоаҳуро худ маро мешиносад ва гувоҳи дурустии оини ман аст».
Яке аз хусусияти муҳимтарини ин оини куҳани мардуми форсу тоҷик, ки моҳияти аслии онро ростиву ҳақ ташкил медиҳад, дар он аст, ки даъвати Зардушт ва оини ў ба як қавм ва ё миллат набуда, балки даъват ба аҳли башар, ҳамаи инсонҳои руи замин будааст.
Яъне, Маздоаҳуро (Аҳурамаздо) танҳо худои мардумони ориёӣ ё эронӣ набуда, балки худои оламиён барои даъват ба ростиву ҳақиқати афкору рафтору кирдори одам аст ва рисолати Зардушт низ рисолати ҷаҳонӣ ба шумор меравад.
Ин рисолати ҳақиқӣ, оқилона ва умумиҷахонии фалсафаи зардуштӣ дар формулаи ваҳдати афкори нек, гуфтори нек ва кирдори нек низ даъват танҳо ба мардумони эронитабор набуда, балки даъват ба аҳли башарият аст ва ногуфта намонад, ки то ба имрўз дар баробари рушди суръати кайҳонии илму техника, ягон олими дунё ба ин мазмуни баланду саҳеҳ ва кўтоҳ рисолати инсониро муайяну музайян нанамудааст ва ин рисолат то ба имрўз ва то ба абадият ҳақ ва бегазанд хоҳад монд. Лозим ба ёдоварист, ки ҳатто дар ҷашну маросимҳо ва суннатҳои неки ниёгонамон аз қабили: Наврўз, Сада, Меҳргон, Тиргон ва амсоли он мақсади ормонии қавму миллати мо танҳо сулҳу ваҳдат, оромӣ, хайру эҳсон, билкул сохтани зиндагии ҳақиқии инсонӣ будааст:
Мақсуди Сада на сўхтан, сохтан аст,
Ҷовиду ҷаҳонӣ бод ин Ҷашни Сада.
Пас, ҳамин хиради азалию абадии аҷдодии мо дар зеҳну шуури мардумони форсу тоҷик дар давраҳои минбаъда ҷойгоҳи худро пайдо намуда, хамирмояи афкори безаволи онҳоро ташкил намудааст.
Масъалаи ваҳдат, сулҳу оромӣ, таҳаммулпазирӣ ва умуман одамият масъалаи марказии ҳикмату ашъори мутафаккирони форсу тоҷик маҳсуб меёбад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон заминаи музаффарияти бузурги халқи тоҷикро чунин арзёбӣ наудаанд: «Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон на низои ҷонибҳои мухолиф бо роҳи музокирот ва бо истифода аз маданияти сиёсии худи халқ ҳал гашт, балки миллат аз вартаи парокандагӣ раҳонида шуд… Заминаи чунин музаффарияти бузурги сиёсии халқи тоҷик фарҳанги бисёрасраи инсондўстӣ, ҳамчунинанъанаву суннатҳои нек ва муқаддас донистани сарзамини аҷдодӣ мебошадтанҳо …
Фазои сулҳу салоҳ ва ваҳдату оромӣ, ки аз азал мақсаду мароми мардуми тоҷик будааст ва он бо ҳуруфи заррини «Афкори нек, гуфтори нек ва кирдори нек» дар қалби оламиён ҷойгузин гардиидааст, асолату рисолати ҳар як инсони комил бояд бошад. Гавҳар ва фарҳанги сулҳ насиби ҳар миллату давлату кишвар ҳам нест. Аз ин лиҳоз марди роҳи Худо – Эмомалӣ Раҳмон, ки дар замиру қалби хеш сулҳҷӯй ҳастанд, имруз ҷаҳониёнро барои густариши сулҳу оромӣ- Даҳсолаи сулҳ барои тамоми сайёра даъват ба амал оварданд, ки ин иқдом бори дигар асолати ҳақиқии тоҷиконро нишон медиҳад. Бино бар ин тамоми мардуми шарифи тоҷик ҳастии хеш, дониш ва хиради азалии аҷдодиамонро чун гавҳараки чашм нигоҳ дошта, ин ҳуввиятро эҳтиром намуда, онро ба наслҳои оянда чун ҷузъи фарҳанги хешба меърос боқӣ гузорем.
Файласуфони боризи муосир И.F. Зиёев., З.И.Зиёева ба хиради накўӣ азалии форсигуён ҳусни тафоҳум оварда, ҳастӣ ва ваҳдонияти инсонро чунин ба тавзеҳ додааст: « …Ҳар касе ҳуқуқ дорад зиндагии худро дорои маънова ҳадафи муайян кунад: дўст дорад, саодатманд бошад, ба орзуҳояш бирасад, фатҳи қуллаҳои баланди зиндагиро ихтиёр намояд. Дунё бекарон аст, барои ҳар касе ҷои ишқ варзидану таҳсил кардану оила ва фарзандонро хушбахт гардонидан, корнамоиҳо, қаҳрамониҳо вуҷуд дорад, ки онхоро анҷом диҳад. Аммо ҳамеша одаму одамияти худро ороста гардонида, ҳуқуқҳои дигаронро барои зистан дар рўи замин, зери шуои офтобу моҳтоб будан, халалдор накарда умр ба сар барад…Таҳқиру озор, ахлоқи разилона, душманиву адоват, қаллобиву нашъаҷаллобӣ, таҳсил накардану илм наомўхтан, чоплусию косалесӣ, дуздиву ѓоратгарӣ, бесаводию ҷоҳилӣ ва дигар сифатҳои бади ахлоқӣ касеро саодатманд нагардонидааст…».
Сарвари меҳани азизамон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба хиради некўву азалии мардуми тоҷик гуфтаанд: «…Дар бунёди кохи пурҷалоли миллат мисли ҳар давру замони гузашта қабл аз ҳама зиёиён ва тамоми халқи сарбаланди Тоҷикистон заҳмат мекашанд. Ман аз заҳмату талошҳои бунёдкоронаи халки бонангу номуси тоҷик пайваста нерўи тозамегирам ва ҳамеша ба заковати азалии миллати соҳибмаърифатамон такя менамоям.» (адабиёти 5. Саҳ 51Паём ваРисолати…).
Сарвари хирадманд ва фарҳангпарвар, Пешвои миллат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тамоми мардуми тоҷик ва тоҷикистониён даъват ба амал оварда мегўянд: «Шукри оромиву суботи ҷомеаро ба чо оварда, мардумро ба меҳнати созанда дилгарм ва сафарбар сохтан, роҳхои ислоҳи нуқсу камбудиҳои ҷомеаро беѓаразона ва муттаҳидона пайдо намудан ва ба таҳкими дастовардҳо кўшиш кардан имрўз вазифа ва қарзи ҳар як фарди бонангу номуси ҷомеа ва ҳамаи онҳое мебошад, ки ояндаи Ватан, обрўи давлати Тоҷикистон ва тақдири миллат барояшон азиз аст…».
Ҳайитбоева Муқаддас,
муаллими калони кафедраи умумидонишгоҳии
фарҳангшиносии МДТ «Донишгоҳи давлатии
Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров»