Тасвири замони Истиқлол ва Рузи Ваҳдати миллӣ дар ашъори шоирони муосири тоҷик
Адабиёти бадеӣ бо ҷамъият тавъам аст ва дар ҳама давру замон дар якҷоягӣ ривоҷ меёфт. Таъсирпазирии адабиёти бадеӣ ва ҷомеа дар ҳама давраҳои тараққиёту таназзули миллати тоҷик эҳсос мегардид. Нависандагон сарчашмаи асосии асарҳои худро аз ҳаёти воқеӣ мегирифтанд. Дар замони муосир се омили асосии таъсирпазирии адабиёту ҷамъият эҳсос мегардад:
1. Истиқлоли сиёсии Тоҷикистон
2. Ҷанги бародаркуш дар кишвари тоҷик
3. Ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон
Истиқлолиятро миллати тоҷик хуш пазируфт, шоирону насрнависони тоҷик низ соҳибмухториву мустақилиятро истиқбол карданд ва дар асарҳояшон вуҷуди онро васф карданд. Яке аз шоираҳои маъруфи тоҷик Озод Аминзода то давраи истиқлолияти миллии Тоҷикистон мазмунан бо масъалаҳои бузурге, ки аҳли адабро ба худ мутаваҷҷеҳ месохтанд, ҳамоҳанг буд. Васфи Ватан, дўстию бародарии халқҳо, сулҳу амният, меҳнати эҷодкоронаи халқ, рўҳи баланди созандагӣ, васфи илму маърифат донишу фарҳанг ва амсоли инҳо мавзуи асосии эҷодиёти Озод Аминзодаро дар бар мегирад. Аммо сабки шоира дар тасвири бадеӣ масъалаҳои мазкур ба худ хос аст: Ў ҳам дар ашъори ғиноӣ (ошиқона) ва ҳам дар шеърҳои иҷтимоияш бо сўзу гудоз ва эҳсосоти пурзўр сухан меронад. Ҳаяҷонбахшии лирикӣ равшантарин вижагии ашъори Озод Аминзода аст. Ҳамин хусусиятро мо дар шеърҳое, ки шоира дар давраи истиқлолияти давлатии Тоҷикистон сурудааст, низ мушоҳида мекунем.
Шоираи соҳибфитрату арҷманд Озод Аминзода аз ҳамин гуна шахсиятҳое буд, ки шеъраш равшанкунандаи сурат ва сирати инсони замони мост. Рисолати ашъори эшон гузаргоҳи қалби инсон аст. Дарку тафсири зиндагӣ ва мушкилоти ҳаёт шоираро ба навиштани шеъри «Модари миллат» (1991) ҳидоят намуд. Дар ин шеър шоира ба савти дили занони тоҷик ҳамоҳанг гашта, нисбат ба масъалаҳои ҳалталаби замон фикру андешаи худро иброз медорад, меҳнати тоқатфарсои занони тоҷикро дар майдонҳои пахтаву тамоку нишон медиҳад. Озод Аминзода аз шахсиятҳои боиффати замони хеш аст ва ў хуб дарк намудааст, ки вазифаи аввалиндараҷаи зан ба дунё овардани кўдакони солиму тандуруст ва тарбияи комили он аст. Ҷамъияти ҳуқуқбунёди мо ба нафарони оқилу олим ва некўхисолу фидокор бештар ниёз дорад, метавон маънӣ бардошт аз сатрҳои шоира:
Модари миллат ман астам
Лоиқи иззат ман астам…
Фанди ман осон набошад.
Шўри ман пинҳон набошад.
Дигар андар буттаи тамоку қомат хам насозам,
Ман дигар аз захми неши ғўзапоя
Дидаам пурнам насозам,
Бояд акнун,
Ман ба дунё кўдаки солим биёрам
Бо ҳазорон меҳри дилҳо,
Пандҳои пири доно-
Оқилу олим биёрам (с.1,).
Шоира ба шарофати истиқлолияти миллӣ худро шинохт, дар ҷомеа ба воситаи меҳнати бобаракат мавқеи худро пайдо кард. Озод Аминзода дар шеъри фавқ ҳамчун таҷассумгари занони озоди тоҷик баромад кардааст.
Шоираи ҷаҳоншинохтаи тоҷик Фарзонаи Хуҷандӣ дар китоби “Меъроҷи шабнам” ғояҳои ваҳдати миллиро, ҳамчун ғояи наҷотбахш ва ҳаётбахши миллати тоҷик аз фоҷеаҳои ҷанги ҳамватанӣ медонад. Яке аз шеърҳои ў “Маро ба зиндагӣ бихон” соҳибмухториро ба баҳори гулафшон ташбеҳ дод, ки бо буи муаттару накҳати баҳорӣ баъд “аз ҳазор соли хомушӣ” миллати тоҷик боз истиқлолиятро пазируфт:
Пас аз ҳазор соли хомўшӣ
мурғак аз қафас дубора нағма мезанад.
Магар баҳор омад, эй ҳабиб?
Пас ҳанўз дер нест.
Ҳанўз дер нест бар таҷаддуди замин,
ба бозгашти офтоб, бар руҷўи равшанӣ,
бар тулўъи ёсуман, ба хандаи сурхи себ.
Ба мақдами касе, ки чашмҳои боиродаташ
саломи ишқ медиҳанд, дер нест.
Салом, эй мани дар умқи ман ниҳон!
Мани навин,
мани наҷибу меҳрубон!
Маро ба зиндагӣ бихон! (с. 4,195)
Баҳор, ки фасли эҳёи табиат аст, ба таҷаддуди ҷамъияти нав монанд шудааст, ки пас аз ҳазор соли хомушӣ (давлати Сомониён дар назар аст-З.Ў.) аз нав зинда гашт. Фарзонаи Хуҷандӣ гўё ба худ салом мегўяд ва дар баробари ба худ салом гуфтан руҷуъ ба таърихи миллат мекунад: замоне, ки сулолаи Сомониён бо шукуҳу шаҳомати хосса арзи ҳастӣ кард ва эшон низ аз фарзонагону фарҳехтагон ва идомадиҳандагони ин сулолаи бонуфузи таърих ба ҳисоб меравад. Истиқлолиятро ба баҳор монанд кардани шоира бесабаб нест. Зеро дар ин фасли сол нурҳои мунири хуршед равшаниву гармиву назокати худро медиҳад ва табиат бори дигар эҳё мегардад, ёсаман бо гулҳои сафеду кабуду зарди хушбўй тулўъ менамояд, себи сурх боз механдад. Дар тасвири Фарзонаи Хуҷандӣ табиат ба ҷамъияти инсонӣ монанд карда шуда, одамон ба мавҷудоти он шабеҳ омадааст ва аз хурсандиву нуру зиёи офтоб ба авҷи камолот расидани шахсро дар ҷамъият таъкид месозад. Ҷамъияти тоҷикон дар солҳои 90 –уми охири асри XX ва аввали садаи XXI бо сарварии шахсе, бояд мерафт, ки дар замири қалбаш муҳаббат ниҳон аст ва бо чашми хирад дида ба ҷамъият медўзад ва сулҳу суботро меоварад ва миллати тоҷикро ба ҳамешабаҳорӣ мерасонад ва мардуми тоҷикро барои зиндагӣ кардан, барои ишқ варзидан, барои меҳрубонӣ кардан, барои эҳёи таърихи миллат даъват намояд. Дар шеъри минбаъда низ (“Нусхаи биҳишт”) шоира таъкиди “Баъд аз ҳазор соли ғуруб офтоби ман, Ин қалби нонавохтаро кард даст-даст” (с. 4, 95). овардааст. Шоира дар “хонаи дил”-и худ истиқлолиятро, ки нусхаи биҳишт номидааст, қулф карданист, то фирор накунад ва дар Тоҷикистони биҳиштосо то абад боқӣ бимонад бо гармиву дилбариву муҳаббати бепоён.
Пас аз барҳам хӯрдани давлати абарқудрати шӯравӣ ҷанги ҳамватанӣ, ё ин ки чи гуна ки маъмулан ба забон меоваранд, ҷанги бародаркушу шаҳрвандӣ оғоз ёфт. Халқи тоҷик ба муқовиматҳои сиёсию иҷтимоӣ рӯ ба рӯ гашт. Ҷанги ҳамватании солҳои навадум ҳазорон ҳазор нафарро қурбону фирорӣ ва хонахароб намуд. Ҳама манзили авлодии худро тарк намуда буданд. Модарон аз фарзанд, хоҳарон аз бародар, ҳамсар аз шавҳар ҷудо гаштанд, ки ин фоҷеаи миллат ба ҳисоб мерафт. Фарзонаи Хуҷандӣ дар шеъри “Баҳори сиёҳ” вазъияти ҷанги ҳамватаниро тасвир намуд:
Дандони Аҳреман
Тўморҳои пираҳани дўшизагонро канд ва тани ширполояшонро бо сиёҳии куфри худ олуд.
Ин баҳор
Дасти савобе набуд,
То дили афтодаи модаронро бардорад.
Агар дар шеъри фавқ (“Маро ба зиндагӣ бихон”) ба истиқлолият расидани Тоҷикистонро шоира ба баҳори гулпўш монанд карда бошад, дар шеъри минбаъд “Баҳори сиёҳ” Аҳримани асри XXI тасвир карда, таъкид месозад, ки “Шукуфаҳои барозанда бодреза шуданд”, яъне он гулҳои зебову хушбуй, ки ташбеҳ аз дўшизагони тоҷик аст, ба дасти Аҳриманони муосир афтодан ва “ба сиёҳии куфри худ олудан” нишонаи таҷовуз ба номуси духтарон аст, ки солҳои ҷанги бародаркуш хеле зиёд ба чашм мерасид:
Дасти савобе набуд,
То дили афтодаи модаронро бардорад (с.4, 52)
Ҷанги бародаркуш ба сари миллати тоҷик вазниниҳову харобиҳои зиёдеро овард. Нафаре набуд, ки миллати тоҷикро аз фоҷеа бароварда бошад, ба мадади модари тоҷик омада бошад. Фарзандони модари тоҷик аз ин воқеаҳои нанговари миллат фарзандбохта шуданд. Офтобе, ки ба сари мардум мебаромад на гармӣ дошту на равшанӣ, балки аз хуни шаҳидон гиёҳҳо мерўид. Баромадани овози тир далолат аз он мекунад, ки ҷанг ҳоло ҳам давом дорад, то ҳатто “сабри сангини Худоро мешикаст”:
Ин баҳор
Мардум офтобро надиданд.
Он чи диданд офтоб набуд.
Балки гиёҳи хуни сиёвушон буд
дар сари гўри офтоби шаҳид.
Ин баҳор овози тир
Пардаи гўши фалакро медарид,
Сабри сангини худоро мешикаст.
Пас шоира ба Худованд муроҷиат мекунад, фарёд мезанад аз ҷигари сўзон, илтиҷо мекунад “аз гулўи меҳани миранда” ва мардумро барои тавба кардан далолат мекунад:
Ҳанўз тавба кунед, эй мардум,
Ҳанўз тавба кунед! (с.4, 52)
Маҳз дар ҳамин давра нафаре ба миён омад, ки ҳамчу хуршед равшаниву гармиву бовариву рафоқат ба қавми фарзандбохтаву фарзандфирефтаву фарзандпарешонро ба ҳам гирд овард, сарҷамъ намуд, ва мамлакати ободро дигарбора пойдор кард. Музаффарият, дастовард ё худ маҳбубияту бурди Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар он буд, ки ӯ дар ҳақиқат ҷумҳуриро аз нав сохт. Аввалкори ў мардуми фирориро баргардонд, миллати парешонро аз нав муттаҳид кард, 27-уми июни соли 1997 байни Ҳукумати Тоҷикистон ва мухолифини муттаҳидаи тоҷик Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллиро ба имзо расонд, иқтисодро аз буҳрон наҷот дода, корҳои созандагию бунёдкориро вусъат бахшид. Ин вақоеи таърихии миллати тоҷик дар сарнавишти Тоҷикистони соҳибистиқлол, ҳуқуқбунёд, демократӣ, дунявӣ ва ягона ҳамчун Рўзи Ваҳдат сабт ёфт.
Ҳамаи дастоварду пешравиҳое, ки то имрӯз, давоми 25 соли истиқлолияти давлатӣ дар ҳаёти мо воқеъ шудаанд, махсусан рафъи ҷанги бародаркуш ва барқарории сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, таҳкими қонуният, рушди устувори иқтисодию иҷтимоии кишвар, пайваста боло рафтани сатҳи зиндагии миллати тоҷик аз бисёр ҷиҳат натиҷаи фаъолияти баланд ва пурсамари сарвари маҳбуби кишвар Эмомалӣ Раҳмон аст. Тақдири Президент ва мамлакат ба ҳам тавъам аст, ки доир ба ин масъала шоираи маҳбуби миллати тоҷик Фарзонаи Хуҷандӣ дар ғазали худ чунин овардааст:
Азизо, оштӣ бахшо шаётинрову раҳмонро,
Фароғатҳои соҳилрову растохези тўфонро.
Биё, эй раҳнамои офтобоғўши зулматкуш,
Зи дунболат бибар ин жандапўшу каҷкулоҳонро...
Зиҳӣ он родмарди пурҳунар, к-ў ошно созад
Даме бо лаззати тавҳид ёрони парешонро.
Ало хуршедзоди ман, сафири олами қудсӣ,
Бурун овар ба бўят дерхобони шабистонро.
Ман он хайётро хоҳам, ки даври чарх гардонад,
Зи нав аз тиккаву пора ба ҳам дўзад Хуросонро (с.4, 37)
Фарзонаи Хуҷандӣ шоираи ваҳдатсарост. Ў дар ғазали фавқ муроҷиат ба Эмомалӣ Раҳмон мекунад ва ўро “раҳнамои офтобоғуши зулматкуш”, “родмарди пурҳунар”,“хуршедзод ва сафири олами қудсӣ” ном мебарад. Аз ў хоҳиш менамояд, ки аз сари нав Хуросони тиккаву пора гаштаро ба ҳам оварад. То ҳатто образҳои “шайтону раҳмон”, ки ҳанўз аз адабиёти пешин маъмул буд, дар ғазали мазкур мазмун ва қабои нави замонавӣ ба худ мегирад.
Ваҳдату ягонагӣ, истиқлолияти давлатӣ боиси бедории миллӣ ва ибтидои роҳи нави зиндагӣ гардид. Хосатан Президенти кишвар мақоми занро дар ҷомеа баланд бардошт ва пас аз ин занони тоҷик қадру қиммати худро хуб эҳсос намуданд, дар ҷомеа мақоми шоён доштани худро дарк намуданд. Боло гардидани арзишҳои инсонӣ, бахусус сифатҳои занони тоҷик ва мақоми онҳоро дар ҷомеа шоира ба силки тасвир кашидааст. Бояд таъкид кард, ки занони тоҷик аз рўзҳои аввали таъсисёбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои мухталифи ҷомеа кор карда, шаъну шарафи миллати тоҷикро баланд мебардоштанд, ба монанди Мастура Авезова, Мамлакат Наҳангова, Ойгул Муҳаммадҷонова, Ҳоҷар Юсуфҷонова, Қумрӣ Тоҳирова, Энаҷон Бойматова, Биҳоҷал Раҳимова ва дигарон буданд, ки кору пайкори онҳо барои фаъолияти сиёсиву адабиву фарҳангии занони имрўзи тоҷик ҳамчун раҳовард хизмат мекунанд.
Дар ашъори Озод Аминзода мо чеҳраизани тоҷикро дар саҳроҳои паҳновари кишвар мебинем, ки каланд дар китф бори гарони зиндагиро бо худ мекашад. Ва арҷ гузоштан ба занон дарҷомеа,- мегўяд шоира,- хуб мешуд, ки бештар аз тарафи мардҳо бошад. Ин арҷгузорӣ дар сурате воқеъ мешавад, ки мардҳо бо кўмаки худ меҳнати занонро сабуктар кунанд:
Худ агар дар зиндагии хеш бозӣ бохтам ман,
Лек ҳоло хешро бишнохтам ман.
Ман дигар шаҳаншаҳ астам,
Ба фаришта ҳамраҳ астам
Бахти деринам биёред,
Тахти зарринам гузоред!
Мардҳо!
Хушбахт бошеду намиред!
Илтиҷо, аз китфи ман белу каландамро бигиред (с.1,30).
Озод Аминзода хуб дарк намуд, ки ҳаёти иҷтимоии мардуми тоҷик гарчанде вазнин шуда бошад ҳам, ин ҳолат гузаро аст, миллати қавиирода ва суботкори тоҷик мавқеъ ва мақоми хешро дар ҷомеа боз дарёфт мекунад. Фазилати инсонӣ, ақлу хирад, ҳиссиёти ҳаётдўстӣ ва боварӣ ба ояндаи дурахшон, мавзуи ашъори ин шоираи ширинсуханро фаро мегирад.
Меҳанпарастӣ, тарғиби муҳаббати диёр, худогоҳиву хештаншиносӣ дар шеъри «Шукрона» ҳусни ифодат ёфтааст. Шоира аз соҳибватании хеш ҳарфи шукрона мегўяд. Ин суханони воло танҳо аз қалби шоира не, гўё аз қаъри дили миллати тоҷик баромадааст. Шеъри зерин сабақи ватандорӣ барои ҳар як фарди тоҷик аст, ки дарси хештанхоҳиву муҳаббатпарастиро нисбати хоку оби диёр меомўзад:
Шукри ин давлати бемисл, ки соҳибватанам,
Меҳрат, эй кишвари маҳбуб, беҳ аз ҷону танам,
Мебарад ҳусни расоят дили ҳар бинанда,
Дида аз ҳусни дилорои ту умре наканам,
Ватанам – манзили ободаму боғу чаманам,
Аз таманнои ту буррост ба ҳар ҷо суханам (с.2, 5).
Бештари ашъори Озод Аминзода муҳаббатномаест ба номи Ватан, Модар ва Тоҷиикистони соҳибистиқлол.
Саодати бузурги шоирӣ қабл аз ҳама, раҳкушоӣ ба дили инсонҳост, шоираи шодравон Озод Аминзода солҳои тўлонӣ то он даме, ки қалби пурэъҷози вай аз задан боз монд, ин рисолатро бар ўҳда дошт.
Дар солҳои аввали фаъолияти эҷодии шоира мавзўву мўҳтавои ашъори ў тамоман дигар буданд, онҳо пур аз орзуву ормонҳо, нигоҳи тоза ба зиндагӣ, парастидани ҳаёт, ҷўшу хурўши ҷавонӣ, ки зуҳури қалби пурталотуми Озод Аминзода буданд, дар шеъри «Зиндагӣ» ифодат ёфтаанд:
Зиндагӣ монанди дарё
авҷ дорад, мавҷ дорад.
Гоҳ бар қаъраш фарорад,
гоҳ бар авҷаш барорад,
Гоҳ бар соҳил гузорад
гоҳ чун хас рўи мавҷаш бозӣ дорад.
Медиҳад ў обутобам,
то ки озодона ин ҷо гавҳари мақсуд ёбам
Мепарастам зиндагиро бо ҳама
нозу итобаш…(с.1, 30)
Дар шумораи дуюми маҷаллаи «Хуҷанд» (2005, ҳоло «Паёми Суғд») таҳти унвони «Пораҳои қалби ман» шеърҳои Озод Аминзода ба монанди «Риёзат каш», «Ҳасрат», «Ба ронанда», «Пораи қалби манӣ», «Гуфтугў бо худ» ва ғайраҳо ҷамъулҷамъ 8 шеъри шоира ва шеървораҳо ё шеърпораҳое чоп шудаанд, ки ҳама бозгўкунандаи дили шоира, дар ҳақиқат пораҳои қалби ранҷури ўст.Вақте ки кас шеърҳои дардошнои Озод Аминзодаро мехонад, хаёлан ба дуриҳои дур сафар мекунад ва мебинад, ки худ ҳам ба пирӣ расидааст ва нафареро интизорӣ мекашад, ки солҳои тўлонӣ бо ҳам кор карда буд, ё ба касе ҳаққи устодӣ дошт ё меҳрубоние кардааст. Пирони рўзгор ба монанди кўдаке ҳастанд, ки барои навозиш кардан ниёз доранд, онҳо аз касе чизеро тамаъ намекунанд, танҳо мехоҳанд, ки лаҳзае бо онҳо бошанд, бо онҳо сўҳбат ороста бошанд ва бо суханҳои хуш қалби порагаштаи онҳоро бипайванданд.
Аҳли адаби тоҷик ҳамеша бо мураккабиву воқеаҳои фоҷеаомези миллати тоҷик ҳамсафар аст ва ҳамеша дар кўлвори хеш ҳаллу фасли масоили гуногуни ҷамъиятиро бар дўш дошт. Мудохилаи фаъолонаи нависандагон ба ҷараёни зиндагии табақаҳои мухталифи ҷомеа, имконият медиҳад, ки онҳо муҳимтарин равандҳои ҷомеаи муосирро дар асарҳои худ инъикос намуда, барои пешрафти кишвари тоҷик саҳмгузор бошанд.
Ўлмасова З.Ҳ., доктори илмҳои филологӣ, профессор
Пайнавишт:
- Аминзода О. Пайроҳаи сабз – Душанбе: Ирфон, 1983. – 336 с.
- Аминзода О. Ёди ширин – Хуҷанд: Нашриёти ба номи Р Ҷалил, 1993. – 150 с.
- Аминзода О. Пораҳои қалби ман. Маҷаллаи Паёми Суғд, №2, 2005.
- Фарзона. Меъроҷи шабнам (шеърҳо). Душанбе: Адиб, 2000. – 208 с.