Нақши озмуну олимпиадаҳо дар таҳкими маърифат, дониш ва маънавиёти ҷавонон

Сиёсати пешгирифтаи давлат ва ҳукумати малакат зеро роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон заминаи рушди устувор ва босуботи соҳаҳои мухталифи кишварро фароҳам сохтааст. Яке аз дастовардҳои муҳими истиқлолияти давлатӣ фароҳам намудани шароиту имконот барои таҳсили сокинони мамлакат ба шумор меравад. Таъсиси даҳҳо донишгоҳу донишкадаҳои нав ва мактабу муассисаҳои ба талаботи замон ҷавобгӯ ҳамагӣ далолат бар он мекунад, ки кишвари мо дар самти саводноккунии аҳолӣ корҳои назаррасе анҷом медиҳад. Натиҷаи ташаббусҳои созанда ва дурбинонаи роҳбарияти олии мамлакат аст, ки солҳои охир садои ғолибияти хонандагону донишҷӯён на танҳо дар озмунҳои дохилӣ, балки дар озмунҳои байналмилалӣ танинандоз мегардад ва парчами Тоҷикистон бо вуҷуди шаҳрвандони босаводу бомаърифат партавафшонӣ мекунад. Сарчашмаи дастовардҳои ифтихорофарин, бидуни шак, сиёсати дурбинона ва маънавибунёди Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шумор меравад. Ташаббусҳои Роҳбари давлат дар самти ҷалби ҷавонон ба китобхонӣ ва фароҳам овардани шароит барои ширкат дар озмунҳои мухталифи дохиливу байналмилаӣ гувоҳи он аст, ки Пешвои миллат нисбат ба қишри ҷавон ва алоқаманд ба илму маърифати ҷомеа таваҷҷуҳи хос доранд. Ташкили озмунҳои ҷумҳуриявии «Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст», “Илм - фурӯғи маърифат”, “Тоҷикистон Ватани азизи ман”, “Тоҷикон”-оинаи таърихи миллат”, “Шоҳномахонӣ” ва даҳҳо озмуни дагар маҳз барои парвариши истеъдодҳо ва баланд бардоштани сатҳи маънавият дар ҷомеа ба ҳисоб меравад.
Дар озмунҳои зикршуда қишрҳои мухталифи ҷомеа аз кӯдакону наврасон гирифта, то пиронсолон ва одамони касбу кори гуногун ширкат меварзанд, ки ин нишонаи асосии фарқияти баргузории омзунҳо дар кишвари мо ба ҳисоб меравад. Президенти мамлакат барои ҷалби мардум ба китобхонӣ ва ҳавасманд гардонидани наврасону ҷавонон садҳо ҳазор сомон ҷудо мешавад, ки нишонаи олии таваҷҷуҳу ғамхорӣ дар ин самт ба ҳисоб меравад. Ҳамаи ин ба хотири он аст, ки ҷомеаи кишвар ба китобу китобхонӣ рӯ оварад, аз асолати худ огоҳ шавад ва аз хурофоту бегонапарастӣ дур бошад.
Дар дунё кам кишваре вуҷуд вуҷуд дорад, ки то ин ҳад шаҳрвандонашро ба китобхонӣ ташвиқ созад ва озмуне дар чунин шакли васеъ баргузор намояд. Аз бас ки худи Роҳбари давлат шахсияти нотакрор ва хирадманду дурбин ҳастанд, қадру азамати китоб ва мутолеаро ба хубӣ дарк мекунанд ва аз таъсири ин ганҷинаи маънавӣ дар пешрафту шукуфоии миллат ва парвариши руҳи ҷомеа огоҳанд. Зеро ҳарчи башарият пешрафт карда бошад, дар натиҷаи мутолиа ва андешидан будааст. Китоб сутуни мустаҳками тамаддунҳост ва ҷомеа вақте фарзонагӣ ва саодат меёбад, ки мутолеа кори рӯзонаи шаҳрвандонаш бошад.
Баргузории чунин озмунҳо на танҳо барои ҷалби ҷавонон ба китобу китобхонӣ, балки ин кор як навъ сармоягузорӣ барои рушди ояндаи дурахшони маънавӣ ва илмии кишвар ба ҳисоб меравад. Мутмаинам, ки дар ояндаи наздик кишварҳои дигари олам низ ин иқдоми Роҳбари давлати тоҷиконро дар кишварҳои худашон амалӣ хоҳанд кард. Дар ин шакке нест! Зеро кишварҳо ба донишманд ниёз доранд ва донишманд шудан аз тариқи мутолеаи китоб муяссар хоҳад шуд. Инсонҳо ҳарчи бештар китоб хонанд ба ҳамон андоза аз лаззати зиндагӣ бархурдор хоҳанд шуд. Толстой мегӯяд «Дар дунё лаззате, ки бо лаззати мутолеа баробарӣ кунад, вуҷуд надорад». Ин андеша комилан дурусту саҳеҳ аст, зеро инсон тавассути китоб чизҳоеро мебинад ва бохабар мешавад, ки лаззатбахшу руҳпарваранд. Аз ҳамин тариқ аст, ки бо гузаштаи хеш метавон пайванд барқарор кард ва аз таҷрибаҳои зиндагии онҳо огоҳ гашт, ки барои пешрафти имрӯзи кишвари азизамон Тоҷикистон хеле муҳим хоҳад буд.
Панҷ сол аст, ки рафти ин озмунро аз наздик мушоҳида мекунам. Воқеан шавқу завқи мардум нисбат ба мутолиаи китоб ва ҳузури фаъолонаи онҳо аз табақаҳои мухталифи ҷомеа мояи шигифтӣ, ҳайрат ва хурсандӣ аст. Инсон бо дидани ин манзараҳо бори дигар боварӣ ҳосил мекунад, ки Тоҷикистони азизи мо сарзамини истеъдодҳои бисёр дурахшон ва шигарф аст. Дар миёни иштирокчиёни Озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» навҷавонони фавқулоддае вуҷуд доранд, ки будани онҳо барои ояндаи кишвар бисёр муфид хоҳад буд. Зеро шахсиятҳоеро дидам, ки теъдоди зиёде аз осори адабиву фарҳангии моро мутолиа ва ҳифз кардаанд. Бидуни шак, Тоҷикистони азизи мо бо вуҷуди фарзандони донишманду хирмандаш имрӯзу ояндаи дурахшоне хоҳад дошт. Озмунҳои мазкур бо маънавият ва донишу тафаккури инсонӣ дар иртиботанд ва ҳамин чизҳост, ки боиси шукуфоии миллатҳо мешавад.
Дар маҷмуъ, озмунҳои ҷумҳуриявие, ки аз ҷониби ҳукумати мамлакат ва махсусан Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ гардидаанд барои тарбияи маънавии ҷавонон бисёр муҳиму саривақтӣ ва муфид буда, онҳоро метавон “манбаи кашф ва шинохти истеъдодҳои дурахшон” унвон кард.
Ҳоҷиев А., устоди ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров, дотсент