Тарбияи ахлоқӣ ва роҳҳои тадриси он дар муассисаҳои таълимӣ

Тарбия ва таълим бо њам робита ва вобастагии зич доранд. Таълим њамчун воситаи муњими тарбия, аммо тарбия шарти зарурии баландшавии сифати таълим мебошад. Вазифаи муњимтарини мо кормандони соњаи маориф љињати татбиќи ин њадаф тарбияи шахсияти худшиносу ватандўст, дорои масъулияти баланди иљтимої, соњиби донишу љањонбинии муосир ва нињоят инсонњое мебошад, ки ќобилияти шинохти равандњои мураккаби љањони имрўзаро дошта бошанд.

Яке аз муҳимтарин вазифаҳои таълиму тарбия дуруст муайян кардани қувва, қобилияту аломатҳои истеъдод, майлу хоҳишҳои ҳар як талаба мебошанд. Дар ниҳоди хонандагон парваридани майлу хоҳиши донишомӯзӣ, афзун намудани шавқу ҳаваси онҳо ба дониш, маҳорат, малака, истеъдод, устувор гардонидани шавқу ҳавасашон ба донишомӯзӣ марбут ба маҳорати омӯзгорист. Кирдору рафтор, хулқу атвор ва одатҳои хубро сайқал додану фаро гирифтани ҳиссиёти наҷиби мадад расонидан ба дигарон, дилсӯзӣ ба ҳама атрофиён асоси тарбия ба ҳисоб меравад.

Қуллаи баланди хиради воло ва донишу иродаи инсон тарбия буда, аз насли қаблӣ, яъне падару модари кӯдак ахлоқи ҳамида доштанро талаб менамояд. Инчунин хубу дуруст инкишоф ёфтани кӯдак саломатии падару модар нақши асосӣ дорад. Падару модар бояд тарзи ҳаёти солимро донанд ва ба он риоя намоянд. Истеъдоди кӯдакон, ки натиҷаи фикрронист, ба интизому одоби солҳои тифлӣ алоқаи ногусастанӣ дорад. Аз рӯзи аввали ба дунё омадани тифл падару модар бояд ба тарбияи ахлоқии ӯ диққати ҷиддӣ диҳанд. То ҳафт солагӣ кӯдакро ба мактаб омода намудани волидон, инчунин ба варзиши сабук одат кунонидан хуб аст. Аз ёд кардани шеърҳои кӯдакона, тезгӯяку зарбулмасал ва мақолҳои халқии ҷиҳати тарбиявидошта, чистонгӯиву чистонёбӣ, хондани ҳикояву афсонаҳои халқии ҷолиби диққатбуда, омӯзонидани шашкаю шоҳмотбозӣ айни муддао мебошад. Дар хурдсолӣ аз бадхулқон дур будани кӯдакон муҳим буда, эҳсосоти наҷиби ба мардум некӣ карданро дар ниҳоди онҳо бедор ва омӯзонидан зарур мебошад.

Тарбияи ахлоқӣ танҳо дар сурате самара медиҳад, ки ба раванди таълим пайваст гардида, қисми таркибии таълими фан ва корҳои беруназсинфӣ гардад. Мутобиқ набудани тарбияи ахлоқӣ ва таълимро В. Сухомлинский қайд мекунад, ки бисёр мактабҳое ҳастанд, ки дар онҳо ҷаҳони маънавии кӯдак «танҳо аз рӯи баҳо ва холҳо чен карда, арзёбӣ карда шуда, ҳамаи хонандагонро вобаста ба фаъолият дар дарс ба ду гурӯҳ тақсим мекунанд: ба дарс омодаанду хондаанд ё ба дарс омода нестанду нахондаанд ё баҳо нагирифтанд» [4]. Дар баробари инкишоф додани донишу малака, дар як вақт инкишоф додани тафаккур ва истеъдоди маънавии талаба вазифаи хеле муҳим мебошад. Ҷон Диюи дар бораи ягонагии ин ду ҷузъ навиштааст: «Доир ба усулҳои таълим, бояд дар назар дошт, ки талаботи аввалиндараҷаи ҳар як шахс имрӯз доштани қобилияти фикр кардан, дидани мушкилот ва татбиқи далелҳо буда, аз фикру андеша ва иҷроиши фаъолияти хеш қаноатманд будан аст. Агар ҷавонписар ё духтаре бо ин қобилият аз мактаб барояд, боқимонда бо мурури замон ба он зам шуда, малака, маҳорати зеҳнӣ, ахлоқии худро пайдо мекунанд» [1].

Тарбияи ахлоқӣ ду вазифаро иҷро мекунад, ки бояд онҳоро фарқ кард ва онро дар худи раванди таълим якҷоя амалӣ кардан мумкин аст. Пеш аз ҳама ба ҷомеаи ахлоқии кӯдак ташаккули сифатҳо ва арзишҳои мусбӣ дар рафтор ва шуури ӯ нигаронида шудааст. Амалҳои чунин кӯдакро озодии интихоб ва ҳуқуқи ғалат кардан муайян мекунад. Кӯдак ҳангоме, киба мушкилӣ дучор мешавад, метавонад қарорҳои нодуруст қабул кунад, аммо онҳо мустақилият ва масъулиятро барои амалҳои худ ташкил медиҳанд. Оид ба ин масъала А.Макаренко қайд кард, ки машқ дар рафтори аз ҷиҳати ҷамъиятии арзишманд ин ба вуҷуд овардани системаи муносибатҳо буда, психологияи коллективиро ташкил медиҳад, дар он унсурҳои муайян, ин дастури шифоҳист, ки ногузиранд. Дар ҳар як қисмати диалектикии ягонагии таълиму тарбия на ҳамчун унсурҳои шабоҳат доштан ҳалкунанда, балки дар онҳо тафовутҳои асосие вуҷуд дорад, ки ба шарофати онҳо ягонагӣ ба вуҷуд меояд.

Вазифаи дуюми тарбияи ахлоқӣ аз он иборат аст, ки бо такя ба зеҳни кўдак дар ҳолатҳои душвори ахлоқӣ ба ў қабули қарорҳои оқилона ва масъулиятнокро омўзондан лозим аст. Аз ин рӯ, аҳамияти таълим аз нигоҳи Л.Н. Толстой ин зарурати тайёр кардани ҳар як инсон ба иҷрои вазифаи маънавии худ мебошад ва чунин қайд кардааст «..Одамон дар ҳаёт ба меҳнат омода шуда, тавассути онҳо одат кардан ба муҳит, дуруст фаъолият намудан, тартиботи онро риоя кардан, қобилияти зиндагӣ ва муомиларо аз ҳама муҳим ҳисобиданро талаб мекунад ва меомӯзанд» [5].

Ташаккули ахлоқӣ бо ташаккули зеҳн робитаи ногусастанӣ дорад, аз ин рӯ, бедории қобилият ва шавқу рағбати маърифатӣ, инкишофи майлу хоҳиши беғаразона, истихроҷи ҳақиқати илмӣ асоси ташаккули шахсияти инсон мегардад. Ба ақидаи, Н. Пирогов, «Дар илм чунин унсури ахлоқию тарбиявӣ вуҷуд дорад, ки ҳеҷ гоҳ аз байн намеравад... Инсон илму адабро зарра - зарра мегирад ва бо ақл амал карда, ба ахлоқу рафтори худ онро нишон медиҳад» [3]. Ҳар ду вазифа дар фаъолияти ҳаррӯзаи омӯзгор ё худ педагог муҳиманд.

Асоси моддии тарбияи ахлоқӣ дар мактаб инҳоянд: қоидаҳо, низоми ҳавасмандкунӣ ва ҷазо, либоси ягона, муносибатҳо, услуби таълим, хусусияти корҳои беруназсинфӣ, меъёрҳои ахлоқии ҳамкории мактаббачагон ва омӯзгорон. Муаллимон аз қадамҳои аввалини кӯдак дар мактаб ба ӯ меъёрҳои рафтореро, ки аз ӯ интизоранд, меомӯзанд. Рафтори ахлоқиро мактаббачагон тавассути интизом ва муоширати аз ҷиҳати педагогӣ дуруст ташкилшуда пайдо мекунанд.

Ягон назарияи умумии тарбияи ахлоқӣ вуҷуд надорад, чунон ки дар табиати тарбия ҳеҷ маҳдудият мавҷуд нест. Мундариҷаи фанҳои таҳсилоти ибтидоӣ пешбарандаи тавонои хиради ахлоқӣ буда, дар таърих, осори бадеӣ, адабиёт, тарҷумаи ҳоли бузургон зоҳир мегардад. Маориф танҳо дар он сурат омили ташаккули ахлоқии инсон мегардад, вақте ки он омезиши дилу ақл аст. Тарбияи ахлоқии кӯдакро табиати таълим муайян мекунад. Маориф асоси тарбияи шаҳрвандӣ ба ҳисоб рафта, ҳамчун асоси омодагии шахс ба иҷрои ӯҳдадории конститутсионӣ мебошад.

Маводи таълимӣ дар мактаби ибтидоӣ имкон медиҳад, ки масъалаҳои ахлоқиро ҳал карда, мавқеи онро баён кунем. Адабиёти бадеӣ ногузирии муаммоҳои ахлоқиро ба назар мегирад, зеро нависандагон дар онҳо мавқеи худро оид ба бисёр масъалаҳои ҳаёти инсон ва муносибати онҳоро бо олами беруна инъикос мекунанд. Таърих ба мо имкон медиҳад, ки асолати ҳаёти ахлоқии шахсро дар як анъанаи фарҳангии мушаххас баррасӣ кунем. Ин ба мо имкон медиҳад, ки ахлоқи кӯдакро дар асоси қабули қарорҳои озод ташаккул диҳем ва оқибатҳои онҳоро бубинем.

Барномаи таълимии фанҳои мактабӣ дар шакли худ фарҳанги маънавиро сарфи назар карда, ба мундариҷа танҳо муаллим аҳамияти ахлоқӣ медиҳад.

Дар амалияи педагогӣ бисёр роҳҳо, усулҳо ва шаклҳои кори таълиму тарбия таҳия карда шудаанд, ки ба ташаккули арзишҳо ва меъёрҳои ахлоқии зарурӣ дар ҳаёти ҷамъиятии кӯдакон дар ҳама соҳаҳо (меҳнат, эстетикӣ, шаҳрвандӣ, экологӣ, муҳити зист ва ғайра) мусоидат мекунанд. Иштироки васеи бачагон дар кори таълиму тарбия худбаҳодиҳии онҳоро баланд мебардорад, ба ташаккули мавқеи фаъоли ҳаётӣ дар робитаҳои гуногун: мубориза бар зидди маводи мухаддир, зуҳуроти шаҳрвандӣ ва ғайра мусоидат мекунад. Нақши муаллим дар тарбияи ахлоқии кӯдакон аз равшан кардани маънои арзишҳо ва меъёрҳои ахлоқӣ дар ҳолатҳои мушаххаси ҳаётӣ, таълим додани кӯдакон барои ҳалли мушкилоти ҳаёт, интихоб ва пешгӯии оқибатҳои амали муайян мебошад. Тарбияи ахлоқӣ таҳмил кардани ақида ё ҳалли омодаро истисно мекунад. Фармонбардорӣ ва итоаткорӣ шахсият ва мустақилияти кӯдакро инкишоф намедиҳад.

Дар ин давра ҳаёти кӯдакон дигаргунии ҷиддӣ ба амал меояд. Ана ҳамин тағйире, ки дар кӯдакон ба вуҷуд меояд, ба низоми асаби онҳо таъсири амиқ расонида, баъзан кӯдакон тамоман тағйир меёбанд, зуд ба хашм меоянду асабӣ мешаванд, хоҳиши хонданашон суст мешавад, баъзан омӯзгорону наздикон ва калонсолонро ҳурмат намекунанд, тез хашмгин шуда, асабонӣ мешаванд. Аксар ба хаёлот дода шуда, хотирпарешонанд, зуд ба ҳаяҷон меоянд. Ана ҳамин давраи ба балоғат расидан аст, ки ба осонӣ намегузарад. Дар натиҷа, кӯдакон дар ин давра душвортарбия шаванд, ташаккули ҷаҳонбинии илмии ӯ суст мешавад, дар ин роҳ тарбиятдиҳанда; роҳбарии моҳиронаи педагогии фаъолият намудан дар ҷараёни илмомӯзии кӯдакон талаб намудани омӯзгор муҳим аст.

Тадқиқотҳои ташхиси оид ба “мухолифат бо рафтори густохона” то ҳол пурра роҳи ҳалли худро наёфтааст. Муҳаққиқон ду назарияро пешниҳод кардаанд:

  • якум назарияи рушд, ки мушкилот дар давраи кӯдакӣ оғоз мешавад. Эҳтимол кӯдакон ва наврасони гирифтори “мухолифат бо рафтори густохона” аз волидайн ё дигар калонсолони атрофи худ дар омӯхтан душворӣ мекашиданд, мустақил ва озод буданд;
  • дуюм назарияи омӯзишӣ, ки аломатҳои манфии “мухолифат бо рафтори густохона”-ро қабули нишондодҳои омӯзишии тарбиявӣ дошта мебошад. Волидайн ва шахсони дигаре, ки аз болои кӯдак салоҳияти назорат доранд, барои бартараф кардани рафтори номатлуб усулҳои манфӣ – ҷазо истифода мебаранд. Дар айни замон танҳо рафтори номатлуб ба кӯдак имкон медиҳад, ки он чизеро мехоҳад, ба даст орад.

Самти асосии тарбияи ахлоқӣ ба хонандаи хурдсол имкон медиҳад, ки ҷомеаеро тасаввур кунад, ки дар он адолат, ростқавлӣ, далерӣ, хирад, худдорӣ кардан аз хислатҳои бад, тарбияи ахлоқиро ҷой дошта бошад.Худпарастии бемаҳдуд, тарсончакӣ, дурӯғгӯӣ, хиёнат, нашъамандӣ ва ноумедӣ ҷиҳати пастии ахлоқӣ ҳисобида мешавад. Чунин ҷамъият дар рӯи замин ҳеҷ гоҳ рушд намеёбад. Мактаби замонавӣ бояд ба арзишҳои бебаҳои инсонӣ: поквиҷдонӣ, мардонагӣ, масъулиятшиносӣ, меҳнатдӯстӣ, шаъну шараф ва эҳтироми одамон асос ёбад.

Раванди тарбияи ахлоқӣ ба ташаккули арзишҳои анъанавӣ, баҳодиҳӣ, муносибат ба гузаштагон асос меёбад. Тарбия талаб мекунад, ки ба худ нисбат ба ашёи даркшаванда тариқи муносибати танқидӣ такя мекунад, ва дар ин замина тафаккури интиқодӣ ва фаъолияти эҷодиро инкишоф диҳад. Қобилияти паймоиш дар алтернативаҳои пешниҳодкардаи ҳаёт ба кӯдак имконият медиҳад, ки фикрронӣ ва ҳалли мушкилоти мураккаби вазъият, доштани нуқтаи назари худро нисбати амалҳои одамони гирду атроф дошта бошад.

Кӯдак бояд маҳдудиятҳои ахлоқии тафаккури мустақили худро дарк кунад ва оқибатҳои қарору амалҳои худро барои худ ва атрофиён ба назар гирад. Ҳар як муносибати танқидӣ бояд на ба майлу хоҳиш ва ҳисси шахсӣ, балки ба донишҳои базавии ӯ асос ёбад, то ки қарор, ақида ва кирдораш ба атрофиён асоснок шавад. Аммо барои он ки ин донишҳои захиравӣ ночиз набошанд, шахсият бояд дар ҳама гуна муносибатҳои иҷтимоӣ, маънавӣ ва иқтисодӣ инкишоф ёбад. Муносибати маънавӣ-арзишӣ ба муаммои К. Ушинский, ки «Агар педагогика инсонро аз ҳама ҷиҳат тарбия кардан хоҳад, пеш аз ҳама бояд ў худро ҳама тарафа шиносад» [6, с.23] эътиқод дошт.

Шахсияти ҳамаҷониба рушд ёфта, маҷмӯи одии муносибатҳоро ба ҷаҳони атроф доро нест. Ташаккули шахсияти ҳаматарафа тавассути фарогирии он ба фаъолияти иҷтимоӣ ва таҳлили минбаъда сурат гирифта, дарки муносибати шахс ба ҷаҳони атроф имконпазир аст.

Хуб мешуд, ки аз ҷониби омӯзгорон ва шахсони масъули муассисаҳои таълимӣ, ҳар гуна озмунҳо, маҳфилҳои шавқовару замонавӣ, олимпиадаҳои синфиву муассисавӣ, мусобиқаҳои варзишиву чорабиниҳои беруназсинфӣ, китобхонаи синфӣ ташкил ва гузаронида шуда, хонандагони қобилият ва сатҳи сусти зеҳнидошта ва душвортарбия бо ҳавасмандӣ ҷалб карда шаванд. Инчунин ҳангоми иштироки онҳо дар баромад ва муаррифии фаъолиятҳои иҷрошуда, даъвати волидон ва шахсони наздики онҳо ба роҳ монда шавад.

Омӯзгор вазифадор аст, ки волидайнро бо дарки масъулият водор намояд, то ки фарзандони навраси хешро ба ҳар василае, ки набошад ба хотири бекор намондан, ба ҳар гуна курсҳои омӯзишӣ, ба монанди курсҳои омӯзишии забонҳои русиву англисӣ, компютерӣ, омӯзиши хатти ниёгон (форсӣ), инчунин дар навоҳиву рустоҳо фарзандони хешро ба омӯхтани ҳар гуна ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили заргариву оҳангарӣ, зардӯзиву гулдӯзӣ, кандакорию бофандагӣ, … ҷалб кунанд, агар онҳо минбаъд таъмин намудани ояндаи дурахшони фарзандон ва миллату давлати хешро хоҳанд. Ҳамчунин бояд фарзандони хешро барои машғул шудандар риштаҳои мухталифи варзиш сафарбар намоянд. Зеро варзиш кафили асосии сиҳативу бардамӣ ва инкишофи муътадили наврасон буда, инчунин метавонад онҳоро аз бекор мондан, таъсири бади кӯча ва бадин васила даст ба аъмоли ношоиста задан эмин нигоҳ медорад.

Зеро бекорӣ сабаби аслии ҳама гуна дараҷаҳои душвортарбиягии наврасон дониста мешавад. Инсон танҳо бо кор фармудани тафаккури солим ва хулосаи дуруст баровардан аз мушоҳидаву таҷрибаи зиндагӣ метавонад, сабабҳои ҳақиқии ин ё он ҳодисаҳоро ба таври саҳеҳ ошкор созад ва минбаъд барои пешгирӣ кардани онҳо чораҳои мушаххас андешад.

Юсуфҷонова Дилбар - устоди кафедраи назария ва методикаи таълими забони модарӣ

Пайнавишт:

  • Аксарина Н.М. Воспитание детей раннего возраста. - М.: Медицина, 1992. - 302 с.
  • Буров А.И. Современные исследования эстетического воспитания и художественного образования. - М.: Просвещение, 2009. - 291 с.
  • Ветлугина Н.А., Казакова Т.Г. Нравственно-эстетическое воспитание ребенка в детском саду.-М.: Просвещение, 1989. - 79 с.
  • Гавриловец К.В., Казимирская И.И. Нравственно-эстетическое воспитание школьников. - Минск: Нар. асвета, 1988. - 128 с.
  • Запорожец И.Д. Воспитание эмоций и чувств у дошкольника. - М.: Просвещение, 1985. - 186
  • Ильина Е.В. Воспитание искусством //Искусство в школе. - 2009. - № 1. - С.13-15.
  • Консепсияи миллии маълумот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон [Матн]. - Душанбе: Матбуот, 2003.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ