​Либос, фарҳанг ва маҳкуми бегонапарастӣ

Либос нишонаи фарҳанги миллӣ, яке аз неъматҳои арзонидоштаи Худованд ба инсонҳо, вижагии фарқкунандаи зоти одам аз ҷинсҳои дигари олам аст.

Инсонҳо бо шукргузорӣ аз ин неъмати арзонӣ либосҳои хоси иқлиму фарҳанги миллати худро ба бар менамоянд. Дар замони муосири пешрафта навъҳои гуногуни либос бо матоҳои гуногун ва мӯдҳои ҷаҳонӣ ба ҷомеа пешниҳод гашта, ҳар фард мувофиқи табъи худ ва вазифаву кори хеш либосро интихоб менамояд. Имрӯз дар ҷомеаи мо низ барои кормандони соҳаҳои гуногуни иҷтимоӣ пӯшидани либосҳои муайян муқаррар карда шудааст. Аммо шахсоне, ки дар ягон ҷо кору фаъолияти расмӣ надоранд, тарзи ягонаи либоспӯшӣ барояшон ҷорӣ карда нашудааст, гоҳо аз фарҳанги миллӣ берун мераванд ва ба фарҳанги бегона пайравӣ менамоянд. Ба хусус, намояндагони соҳаи савдо ва соҳибкорони инфиродӣ аз ҳисоби занон, ёки хонашинон бештар ба фарҳангу маданияти либоспӯшии кишварҳои исломӣ рӯ оварда истодаанд. Дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, растаҳои бозор, нақлиёт, боғу кӯчаҳо ба заноне вомехӯрем, ки бо либоси аз сар то пой куллан сиёҳ ва дароз дар чашми мардум намоён мешаванд. Ва бо ин тарзи либоспӯшиашон гӯё яке аз воҷиботи дини исломро баҷо меоранд, яъне пӯшидани аврати занонро, ёки ҳамқадами мӯди замона ҳастанд.

Аммо дар ягон маъхази дини мубини ислом барои занон либоси сиёҳ пӯшидан воҷиб карда нашудааст. Дар ривоятҳои тобеин низ гуфта шудааст, ки ҳатто занону духтарони хонаводаи Паёмбари ислом низ либосҳои рангоранг мепӯшиданд.

Дар ҷомеаи демократии мо касе занонро барои пӯшидани либоси кӯтаҳу танг ё аврупоӣ тарғиб намекунад, аммо ба бар намудани либосҳои бегонаи хоси арабро низ тавсия намедиҳад.Зеро мардуми ориёнажоди мо тамаддуну фарҳанги қадима дошта, занони тоҷик либосҳои миллӣ, аз қабили атлас, адрас, чакан, алоча ва монданди инҳоро ба бар менамуданд.

Дар тамаддуни мо аслан либоси сиёҳ рамзи мотамзадагӣ, зулмоту торикӣ аст, ки ба табъи инсон низ таъсири манфӣ мерасонад.

Махсусан, имрӯз занон бо пӯшидани либосҳои дарози сиёҳи хоси миллати араб дар байни ҷомеа таваҷҷуҳи ҳамаро ба худ ҷалб мекунанд ва бо ин тарзи либоспӯшиашон аз фарҳанги асили худ дур рафта, ба бегонапарастӣ роҳ медиҳанд.

Боиси ба бар намудани ин гуна либосҳо аз паст будани сатҳи маърифат, фарҳангу маданияти баъзе аз занону духтарон дарак дода, аҳли ҷомеаи имрӯзро мебояд, ки ба пешгирии оммавии бегонапарстию хуруфот кӯшиш намоем, то ки сафи ин гуна бегонапарастон зиёд нашавад.

Дар ин ҷода, аз ҷониби Пешвои муаззами миллат ва ҳукумати кишвар як қатор ташаббусҳои наҷиб раҳандозӣ гардидааст. Аз ҷумла, ташкили фестивалҳои “Атласу адрас”, “Сад ранги чакан”, “Сайри гулу лола” барои тарғибу ташвиқи либоси миллии тоҷикона дар байни занону бонувон мусоидат менамояд. Инчунин, дар фасли баҳорон раҳандозӣ гардидани аксияҳои тарғиботии “Тоҷикона мепӯшем” дар байни занону духтарони тоҷик хеле саривақтист.Ҷудо гардидани грантҳои президентӣ ва раисони вилояту шаҳру навоҳии кишвар ба занони ҳунарманд, боиси рушди истеҳсоли матоҳои миллӣ мегардад.

Мо насли хушбахти замон, ки ба орзуву ормони ҳазорсолаи мардум, яъне озодиву сулҳ расидаем ва вақти он аст, ки бо шукргузорӣ аз ин неъматҳои Истиқлол либосҳои миллии худро ба бар намоем, дар рӯзҳои иду ҷашнвора ва айёми хурсандии худ бо рангу ҷилои либосҳои атласу адрас, чакану алоча ҷилвагар бошему аз асолати миллии худ дур намонем. Зеро ба ин либосҳои зебои мо тамоми занони ҷаҳон бо ҳавас нигоҳ мекунанд ва боре ҳам бошад пӯшидани ин гуна либосҳоро орзу мекунанд.

Султонова Гулбаҳор, мудири бахши кор бо занон ва духтарони донишгоҳ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ