«ҚОБУСНОМА»-И УНСУРУЛМАОЛИИКАЙКОВУС НАМУНАИ БЕҲТАРИНИ НАСРИ АХЛОҚӢ

Мавлонова Мутриба

дотсент, мудири кафедраи адабиёти муосири тоҷик

Нависандаи маъруфи асри ХI Унсурулмаолии Кайковус ибни Искандар ибни Қобус ибни Вашмгир мулаққаб ба Шамсулмаолӣ яке аз охирин намояндагони сулолаи Зиёриён аст, ки асрҳои Х-ХI дар навоҳии қисмати шимолии Эрон ҳукмронӣ доштанд. Муаллиф дар оғози китоб асли шариф доштан ва аз ҷониби падар ва ҳам модар аз табақоти хоса-ашрофон буданашро зикр намудааст [4, 11]. Аз бобҳои асар бармеояд, ки нависанда шахси донишманд, тарбиятгирифта, ҷаҳондида ва донандаи хуби илмҳои замонаш будааст. Мавсуф китобро ҳамчун насиҳатномае барои писари дилбандаш Гелоншоҳ таълиф намудааст, то ки ў дар роҳи пуртазоди зиндагӣ онро чун дастуре истифода намояд ва ба мушкилоти зиндагӣ мубтало нагардад. Аз ин ҷост, ки он фарогири панду андарз ва дорои моҳияти баланди тарбиявӣ буда, бо номҳои «Насиҳатнома», «Панднома», «Андарзнома» низ маъруф аст. Китоб аз муқаддима ва чилу чаҳор боби аз ҷиҳати ҳаҷм ва мавзуъ мутафарриқ фароҳам омадааст. Зимни инъикоси мақсади таълифи асар Кайковус фарзандашро насиҳат медиҳад, ки поси хотири гузаштагони шарифи худ бидонад ва аз давомдиҳандагони бошарафи ин авлод бошад.

Асари Кайковус бештар хусусияти васиятӣ дошта, барои талқини ахлоқу одоби шоиста ва тарбияи дурусти инсон нигаронида шудааст. Ин асар аз ҷиҳати ҳаҷм нисбат ба асарҳои дигари ҳикамие, ки то давраи Кайковус таълиф шуданд, бузургтар буда, то замони адиб ягон асари панду андарзие бад-ин ҳаҷм таълиф нашудааст ва ё таълиф шуда бошад, ҳам то замони мо нарасидааст.

Дар назари аввал метавон тахмин намуд, ки шумори мавзуоте, ки Кайковус дар асар баррасӣ намудааст, дар феҳраст ҷой дода шудааст, аммо чун бо асар пурра ошноӣ пайдо менамоем, аён мегардад, ки мавзуоти он бемуҳобот аз панҷоҳ убур мекунад, зеро масоили марбута нисбатан густарда ҳаллу фасл гардида, аксари бобҳо шомили фаслҳост, ки дар онҳо масоили муҳимми ахлоқии дигари ба масъалаи марказӣ наздик мавриди тафсиру баррасӣ қарор гирифтааст. Аз ҷумла, боби бисту ҳафтум «Андар фарзанд парвардан ва оини он» буда, дар ибтидо роҷеъ ба тарбияи дурусти фарзанд сухан рафтааст ва иддао бо ҳикояте тасдиқ ва дар фарҷом фикрҳои хулосавии муаллиф ҷамъбаст шудаанд. Бо назардошти тафовути тарбияи фарзанд Кайковус фаслеро шомили боб намуда, дар он оид ба тарбияи духтар андешаҳо баён гаштаанд. Дар боби дувоздаҳум «Андар меҳмонӣ кардан ва меҳмон шудан ва шароити он» шартҳои меҳмондорӣ, роҳҳои интихоби хўрок, сухан кардан дар назди меҳмонон, усули мурооти меҳмон ба хўрок, одоби меҳмон шудан ва таомули хўрокхўрӣ маълумот дода, матлаби муаллиф тибқи мавзуъ дар фаслҳо ҷой дода, ҳикоёти ҷолибе андар исботи фикр истинод шудааст, ки фарогири масоили мазкур мебошад. Бояд зикр кард, ки усули мураттаб намудани ҳамаи бобҳо яксон набуда, шакли онҳо вобаста ба хусусият ва аҳамияти масъалаи баррасишаванда муқаррар шудаанд. Аз ҷумла, боби панҷум «Андар шинохтани ҳаққи модару падар» дорои ягон фасл набуда, масъалаи мавриди назар ба таври куллӣ баррасӣ гардида, ба ҷузъиёти он таваҷҷуҳи хоса зоҳир нагашта ва барои исботи иддао ҳикояте низ ҷой дода нашудааст. Боби шашум «Андар фурўтанӣ ва афзунии ҳунар» низ бидуни фаслҳост, аммо нависанда чор ҳикояро нақл карда, дар анҷоми онҳо вобаста ба масоили фавқуззикр назарияҳои ҷолиб баён намудааст. Дар оғози боби бисту дувум «Андар амонат нигоҳ доштан» масъалаи назарӣ хеле мушаххас матраҳ гардида, сипас, ҳикоёте бо ҷамъбасти андеша, пас фасле дигар ҷой дода шудааст. Боби сиву якум «Андар тартиби илми тиб» аз силсилафасл фароҳам омада (шаш фасл), аммо бидуни ҳикоя аст. Ба ин монанд, бобҳои дигар низ дорои мухтассоти худ буда, аз ҷиҳати шакл ва инъикоси масоили асосӣ аз ҳамдигар тафовут доранд. Адиб кўшиш ба харҷ додааст, ки паҳлуҳои мухталифи масъаларо аз рўи таҷриба ва оини шариат баён намояд. Масоили бобҳо ба зиндагии инсон ва шахсияти ў вобаста буда, бисёр муҳиманд, аз ин рў, Кайковус ба шарҳи муфассали онҳо пардохта, ҳар масъаларо ҷамъбасту хулосабарорӣ кардааст. Аз рўи шарҳи ў метавон роҷеъ ба ҳар масъала маълумоти густарда ба даст овард, зеро вай ба кўчактарин ҷузъиёт низ таваҷҷуҳ намудааст. Маҳз бо назардошти чунин тасвири борикбинона Баравнӣ зикр менамояд, ки «Ҳар масъалае, ки муаллиф ба муҳокима мегузорад, дар зиндагӣ доманаи фарохе дошта, муҳокимаву шарҳи он боиси аз ҳад ба дарозо кашидани сухан мегардад» [1, 15].

Дигар аз хусусиятҳои вежаи асар зимни баёни матлаб ё шарҳи масоил овардани абёте аз эҷоди худ, шоирони гузашта ё ҳамаҳдаш бо зикри манобеъ аст. Чунончи, дар боби сиюм «Андар уқубат кардан ва авф кардан» омадааст: «Эй писар, ба ҳар гуноҳе мардумро муставҷиби уқубат мадон ва агар касе гуноҳе кунад, аз хештан дар дил узри гуноҳи ў бихоҳ, ки вай низ одамист ва нахустин гуноҳе аз Одам дар вуҷуд омад, ки падари мо буд. Чунонки ман мегўям:

Шеър

Гар ман рўзе аз хидматат гаштам фард,

Сад бор дилам аз он пушаймонӣ х(в)ард.

Ҷоно ба яке гунаҳ аз банда магард,

Ман одамиям, гунаҳ нахуст Одам кард» [4, 197].

«Қобуснома» дорои 63 байт аст, ки сию шаш байт марбут ба муаллиф ва байтҳои дигар аз шоирон Абўшакури Балхӣ, Асҷадӣ, Лабибӣ, Қамарии Гургонӣ мебошанд.

Дар «Қобуснома» зарбулмасалу мақол ва гуфторҳои ҳакимон ба касрат ҷой дошта, асосан, ин дурдонаҳо зимни баррасии масоили ҳикамӣ ба забонҳои форсиву тозиву арабӣ барои тақвияти фикри нависанда ба кор омадаанд. Аз ҷумла, дар боби бисту нўҳум «Андар андеша кардан аз душман» зимни баёни иддао фикри муаллиф бо зарбулмасали «Дег ба ду тан ба ҷўш наёяд» ифода ёфта, байте зикр мешавад ва сипас, масали «Мин касрат илмаллоҳи ғарқат ассафинату», яъне, «аз зиёдии маллоҳон киштӣ ғарқ шуд» [4, 106], меояд. Манзури Кайковус аз таъкиди ин масал он аст, ки барои анҷоми ҳар коре баргузидани масъуле зарур аст, зеро чун иҷрокунандагон аз ин адад зиёд мешаванд, натиҷаи дилхоҳ ба даст намеояд. Чунончи, дар урфият ҳам мегўянд: «Хонаеро, ки ду кадбонуст, хокрўба то ба зонуст». Ин ҷо наҳви дигари тафсири ҳунармандонаи масоили ахлоқӣ ба назар меояд. Мусанниф мехоҳад матолиби ахлоқиро тавассути масал задан ба ягон аносири воқеӣ аз рўзгори инсонӣ собит сохта, чун зевари гуфтор ба асар зиннати хоса бахшад.

Сабки нависанда ончунон шево ва суханонаш бомалоҳату зебост, ки бархе аз андешаҳои пандуахлоқиаш шабеҳи зарбулмасаланд ва хонандаро мутаассир менамоянд. Чунончи, дар боби бисту чаҳорум омадааст: «… нокарданӣ макун ва ногуфтанӣ магўй, ки ҳар кас, ки он кунад, ки набояд кардан, он бинад, ки набояд дидан» [4, 86].

Дар асар суханҳои пандомези ҳакимон гулчин гардида, ҷанбаҳои ахлоқии онро нерўманд гардонидаанд. Дар боби бисту чаҳорум «Андар хона ва иқор харидан» таъкид шудааст, ки дар ин амал солеҳтарин кор донистан, шинохтан ва интихоби дурусти ҳамсоя аст ва суханони Бузургмеҳри ҳакимро истинод меорад: «Чаҳор чиз балои бузург аст: Аввал ҳамсояи бад, дувум аёли бисёр, сеюм зани носозгор, чаҳорум тангдастӣ», дар боби бисту нуҳум «Андар андеша кардан аз душман»низ зимни ибрози назар оид ба марги душман бидуни зикри муаллиф суханони ҳакиме ёдоварӣ шудааст: «Ҳар ки ба як нафас аз паси душман мирад, он маргро ғанимат бояд дошт» [4, 104]. Боби ҳаштумро «Андар ёд кардани пандҳои Нўшервони одил» ном ниҳода, намунаи зиёдеро аз пандҳои Анўшервони одил меоварад ва ба натиҷае мерасад: «Ин аст суханҳо ва пандҳои Нўшервони одил. Чун бихонӣ, эй писар, ин лафзҳоро хор мадор, ки аз ин суханҳо ҳам бўи ҳикмат ояд ва ҳам бўи маликӣ. Зеро ки ҳам сухани ҳукамост ва ҳам сухани подшоҳон. Ҷумла ҳама маълуми хеш гардон ва акнун омўз, ки ҷавонӣ чун пир гаштӣ, худ ба шунидан навпардозӣ, ки пирон чизҳо донанд, ки ҷавонон надонанд» [4, 44]. Ин амр бар таваҷҷуҳу муҳаббати хосаи адиб бар панду андарз ва гуфторҳои донишмандону равшанфикрон шаҳодат медиҳад. Азбаски Анўшервони одил дар таърих ҳамчун шоҳи бофазлу донишманд, ботадбиру маърифатпарвар шинохта шуда, андарзномаи зиёде аз ў ба ёдгор мондааст, корбасти онҳо дар асарҳои адибон зиёд ба назар мерасад. Аз ҷумла, ҳакими Тўс бахше аз «Шоҳнома»-и безаволро «Панд додани Нўшинравон писари худ Ҳурмуздро» унвон кардааст [5, 391-396].

Тамоми бобҳо бо хитоб ба фарзанд оғоз шуда, писараш мухотаби адиб қарор гирифтааст. Кайковус бо муҳаббат ва оҳанги огоҳкунанда ба фарзандаш муроҷиат менамояд: «Бидон ва огоҳ бош, эй писар,…,эй писар, ….,бидон, эй писар,…,аммо эй писар, бидон ва огоҳ бош…, бидон, эй азизи ман…». Чунончи, ибтидои боби шашум «Андар фурўтанӣ ва афзунии ҳунар» ба ин минвол аст: «Бидон ва огоҳ бош, эй писар, ки мардуми беҳунар доим бесуд бошад чун муғелон (хорбутта), ки тан дораду соя надорад, на худро суд кунад ва на ғайрро» [4, 23].

То замони рўи кор омадани «Қобуснома» асарҳое, ки бад-ин шакл оғоз гардидаанд, мавҷуд буданд. Аҳли таҳқиқро равшан аст, ки дар замони ҳукмронии Сосониён якчанд аҳдномаҳое ба миён омаданд, ки хусусияти васиятӣ дошта, ба фарзанд, аҳли аёл, шоҳони баъдӣ, вазирон ва ё аҳли дарбор бахшида шуда буданд. Аз ҷумла, бандҳои вежаи «Аҳдномаи Ардашери Бобакон ба писараш Шопур» (Аҳд Ардашер Бобакон ило ибниҳи Собур) низ бо ибораи «Бидон, эй писарам…» оғоз шуда, дастури ахлоқӣ ба фарзанди шоҳ маҳсуб мешавад. Дар баъзе манбаъҳо аз «Аҳдномаи Шопур ба писараш Ҳурмуз», «Аҳдномаи Қубод», «Аҳдномаи Хусрав ба писараш-Ҳурмуз» (Аҳд Кисро ило ибниҳи Ҳурмуз ювассаҳи ҳина асфоҳу алмулка ва ҷавоб Ҳурмуз иййоҳу), «Китоби Зодонфаррух дар тарбияти фарзандаш» (Китоби Зодонфаррух фи таъдиби валиаҳди) сухан рафта, пораҳо оварда шудаанд [3, 247]. Аз ин гуфтаҳо бармеояд, ки Кайковус дар таълифи китоб бо осори мухталифе, ки дар заминаи мавзуъ ба қалам омадаанд, ошноӣ дошта, асарро дар пайравӣ ба асарҳои ахлоқии васиятии паҳлавӣ, ки аксар дар ибтидои садаи зуҳури ислом ба забони арабӣ тарҷума шуда, ҳатто бо унвонҳои «уҳуд» (аҳднома) ва васоё (васиятномаҳо) дар муҳити исломӣ шуҳрат пайдо кардаанд, таълиф намудааст. Аммо тафсири масоил дар асарҳо тафовут доранд. Дар осори ҳикамии аҳди Сосонӣ мавзуъ хеле кўтоҳу муъҷаз ва мухтасар ифода шуда, дар «Қобуснома» ҷиҳатҳои мухталифи масъала ба тафсил шарҳу тавзеҳ гардидаанд.

Дар интихоби мавзуъ низ «Қобуснома» афзалият дошта, Кайковус мавзуъҳоро чунон баргузидааст, ки ҳар яке ба лаҳзае аз зиндагии инсон тахассус доранд. Мусанниф моҳияти зиндагии инсонро дар хулқу атвори шоиста доштан, накўкору ботамиз будан, шинохтану донистани ҳаққи волидайн ва дар нутқу суханварӣ моҳир шудан медонад. Аз ин рў, дар асар ба тамоми давраҳои ташаккули инсон таваҷҷуҳ шудааст. Чунончи, боби панҷум «Андар шинохтани ҳаққи падару модар», боби нўҳум «Андар тартиби пириву ҷавонӣ», боби чордаҳум «Андар ишқ варзидан ва расми он», боби бисту шашум «Андар зан хостан», боби бисту ҳафтум «Андар фарзанд парвардан ва оини он» ном дошта, зина ба зина ба камолоти инсон марбут ҳастанд. Аз ҷумла, чун ба боби нўҳум «Андар тартиби пириву ҷавонӣ» таваҷҷўҳ менамоем, аён мегардад, ки муаллиф дар баробари даъвати ҷавонон ба инсони шоиста шудан, наболидан аз ҷавонии худ, муносибати хуб бо пиронсолон, ҳамзамон дар замони пирӣ пири донову писандида буданро талқин менамояд. Яъне, диққати мусанниф ба маҷмўи масъалаҳои умдаи ҳастии инсон равона шуда, силсилаи муаммоҳо дар тарбияи маънавиву равонии ў дар ҳама давраҳои зиндагӣ мавриди таваҷҷўҳ карор гирифтаанд. Шояд бад-ин ваҷҳ донишманди маъруф Мирзо Муллоаҳмадов ба натиҷае расидааст, ки «бобҳо бо вуҷуди гуногунии мавзуъ ба ҳам сахт алоқаманд буда, худи асар яклухт ба назар мерасад» [4, 6].

«Қобуснома» нахустин асари ҳикамист, ки тибқи он на танҳо азахлоқу одоб, балки урфу одат, маросимҳо, боварҳо, оинҳо, таҳсилу таълим, оиладорӣ, тафаккуру таомул, масъулияти волидайн, тарзи зиндагии табақаҳои мухталифи аҳолии Осиёи Миёнаву Эрон дар асрҳои Х-ХI метавон маълумоти арзишманд ба даст овард. Чунончи, чун ба боби даҳум «Андар хештандорӣ ва тартиби хўрдан ва оини он» мувоҷеҳ мешавем, бо оини тановули хўрокхўрии табақаҳои мухталиф ошноӣ пайдо менамоем, ба мисоли «…аввал таҷрибаи таом хўрдан бидон, киодати мардуми бозорӣ чунон аст, ки таом бештар ба шаб хўранд ва он сахт зиён дорад, доим бо тухма бошанд. Ва мардумони лашкарпешаро одат чунон аст, ки вақту новақт нанигаранд. Ҳар гоҳ, ки ёбанд, бихўранд. Ва мардуми муҳташам ва хос дар шабонарўзӣ як бор беш таом нахўранд. Ва ин тариқи хештандорӣ аст. Валекин тан заиф гардаду беқувват. Пас чунон бояд, ки мардуми мўҳташам бомдод ба хилват андак моя тановуле кунад ва он гоҳ берун ояду ба кадхудоии хеш машғул шавад, то намози пешин бикунад, он вақт низ, ки ротиб бошад, расида бошад» [4, 50].

Бо зикри расму оини таомули тановули хўрок Кайковус таъкид менамояд, ки «сар дар пеш афканда дор ва дар луқмаи мардум назар макун» ва ҳикоятеро дар исботи ин нукта овардааст, ки Соҳиб Исмоил ибни Аббод бо надимонаш хўрок мехўрд, ки нафаре аз эшон луқмае баргирифт, ки дар он мўе буд. Соҳиб онро бидид ва ба мард бигуфт. Мард он луқмаро барниҳод ва бархоста рафт. Соҳиб фармуд, ки он мардро боздоранд ва аз ў пурсид, ки чаро нон нахўрда аз хон бархост. Мард ҷавоб дод: «Маро нони он кас нашояд хўрд, ки мўй дар луқмаи ман бинад» [4, 51]. Аз ин ҳикоя бармеояд, ки ҳарчанд муроди гўянда огоҳ кардани ҷурми хўрок буд, аммо ин сухан мардро нороҳат намуд, зеро вай эҳсос кард, ки маҳз таваҷҷўҳи Соҳиб ба луқма боиси дидани мўй гардид. Тибқи одоби ҳамтабақӣ ва тановули хўрок нигаристан ба хўроки дигарон нораво аст.

«Қобуснома» фарогири расму оини дигар миллату халқҳо аз ҷумла, расму оини мардуми араб ва ҳакимони Руми қадим аст. Чунончи, дар оғози боби ҳафтдаҳум омадааст: «Бидон ва огоҳ бош, эй писар, ки расми ҳакимони Рум он аст, ки аз гармоба берун оянд, то замоне дар маслахи (хонаи либоскашӣ) гармоба нахуспанд, берун наёянд. Ва ҳеҷ қавми дигарро ин расм нест» [4, 67].

Дар боби дувоздаҳум «Андар меҳмонӣ кардан ва меҳмон шудан ва шароити он» оид ба расму таомули меҳмондорӣ дар Гелон чунин нуктаи ҷолибе омадааст: «Ва моро ба Гелон расми накўест. Чун меҳмонро ба хона баранд, хон биниҳанд ва кўзаҳои об ҳозир кунанд. Ва меҳмонхудой (соҳиби меҳмон) ва пайвастагони ў аз он ҷо бираванд, магар як тан ҷои дур бозистад аз баҳри коса ниҳодан, то меҳмон чунон ки хоҳад, нон бихўрад. Он гаҳ мизбон пеш ояд. Ва расми араб низ чунин аст…» [4, 55].

Ба ин тартиб, дар асар, иттилооти фаровони дақиқе роҷеъ ба расму оинҳои мамолики исломии Шарқ метавон пайдо кард, ки бад-ин ваҷҳ донишманди маъруф Маликушшуаро Баҳор онро «маҷмўаи тамаддуни исломии пеш аз муғул» [2, 300] номидааст.

Китоби арзишманди донишманд ва адиби асри ХI Унсурулмаолии Кайковус «Қобуснома» дар ҳама давра таваҷҷўҳи уламову удабои форсу тоҷикро ҷалб кардааст ва дар пайравии он асари пурмояи зиёде таълиф гардидаанд, ки хазинаи осори ахлоқиву ҳикамиро аз дурдонаҳои панду ахлоқ ғанӣ гардонидаанд. Ҳарчанд замони таълифи «Қобуснома» сохти ҷамъиятӣ, тафаккуру ҷаҳонбинӣ, тарзу усули зиндагии мардум дигар буд, вале он то замони мо арзиши адабиву бадеӣ ва тарбиявиашро аз даст надодааст. Аз ин рў, ба забонҳои мухталифи ҷаҳон тарҷума шуда, аз тарафи донишмандони маъруф хусусиятҳои мухталифи асар мавриди омўзишу баррасӣ қарор гирифтааст.

Пайнавишт:

  • Баравнӣ С.Н. Насри ахлоқии адабийоти форсу тоҷик дар асрҳои Ҷ-ҶIII.-Душанбе: «Маориф ва фарҳанг», 2003.-130саҳ.
  • Баҳор М. Сабкшиносӣ ё таърихи татаввури насри форсӣ.-Душанбе: «Бухоро», 2012.-570саҳ.
  • Зоҳидов Н. Адабиёти форсу тоҷик дар асрҳои VIII-IҶ (давраи арабизабонӣ).-Душанбе: «Бухоро», 2014.-444саҳ.
  • Кайковус У. Қобуснома.-Душанбе: «Маориф ва фарҳанг», 2007.-200саҳ.
  • Фирдавсӣ А. Шоҳнома. Иборат аз 9 ҷилд. Ҷилди 8.-Душанбе: Адиб, 1990.-562саҳ.
  • Шарифӣ М. Фарҳанги адабиёти форсӣ.-Теҳрон: Муин, 1387.-1658саҳ.
  • Шукўҳи наср дар аҳди Сомониён. Фароҳамоварандаи матн, муаллифи муқаддима, таълиқот ва ҳавошӣ Носирҷон Салимов. Дар ду муҷаллад. Ҷилди II.-Хуҷанд: Нури маърифат, 2008.-368саҳ.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ