Либоси миллӣ-рукни муҳими худшиносӣ ва ҳувияти миллӣ
Либоси миллӣ - ин ифодагари арзишҳои моддиву маънавӣ ва фарҳангии ҳар халқу миллат мебошад, зеро щар халқу миллати анъанаи либоспӯшии худро дорад, ки тарзи либоспӯшӣ ва нақшу нигори либоси онҳо инъикоскунандаи ин гуфтаҳост. Гуфтан ҷоиз аст, ки риояи либоспӯшӣ – ин арҷгузорӣ ба суннатҳои миллӣ ва эҳтиром ба халқу миллат буда, ҷузъи ҷудонашавандаи фарҳангиӯст. Дар даврони Шӯравӣдар китобу маҷаллаҳо 15 миллати републикаҳоро бо анъанаҳои либоспӯшияшон дар якҷоя тасвир менамуданд. Масалан, халқи тоҷикро марди тоқидору ҷомапӯш ва зани атласпӯш ва тоқӣ дар сар нишон медоданд, ки бо ин тарзи либоспӯшӣ ҳама тоҷиконро мешинохтанд.
Бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва сулҳу субот ҶумҳурииТоҷикистон тамоми рукнҳои давлатдории худро эҳё карда, онро дар байни мамлакатҳоиҷаҳон муаррифӣ менамояд. Аз ҷумла,муаррифгари миллати тоҷик дар ҷаҳон ин либоси миллии тоҷикӣ мебошад. Ҳангоми ташрифи меҳмонони хориҷӣ бо як назар ба либоси миллии мо мафтун мешаванд, зеро рангу бор ва нақшу нигори куртаҳои занонаи тоҷикӣ хеле зебову ҷаззоб мебошанд. Либоси миллии занони тоҷик бо рангҳои гуногун зардӯзиву гулдӯзӣ карда шудаанд, ки ин ҳама корҳои дастӣ мебошанд ва он дар ҷаҳон беназир аст. Ҳар минтақаи кишвари маҳбуби мо бо либосҳои худ маъруф гардидааст, аз ҷумла мардумиСуғд бо атласу адраси чашмрабо, Хатлон бо гулбасту куртачаканҳои дилкаш, гулдӯзиҳои нотакрори дӯзандагони минтақаҳои Рашт, алочаву шоҳии чирадастони водии Ҳисор, тоқӣ ва ҷӯробҳои зебои занҳои ҳунарманди Бадахшон, киҳамаи онҳо рангу ҷилоҳои нотакрори худро доранд.
Либоси миллӣ як ҷузъи фарҳанги миллат ба шумор рафта, ёдгоре аз аҷдодонамон аст, ки дар тӯли қарнҳо шинамию зебандагиашро гум накардааст. Боиси хушнудист, ки солҳои охир таваҷҷӯҳи роҳбарияти мамлакат ба эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, ташвиқу тарғиби либоси миллӣ, рушду инкишоф додани онҳо дар миёни мардум ва ба ин васила бо ҷойҳои корӣ таъмин намудани занону духтарон зиёд гардидааст.
Аз қадимулайём мардуми тоҷикҳамчун миллати саноатӣ, шаҳрдор ва эҷодкор дар офариниши мероси бузурги тамаддуни башарият саҳми босазо гузоштаанд. Халқи тоҷик чун кошиф ва ихтироъкори абрешим, матоъҳои абрешимӣ, аз ҷумла атласи оламшумул дар ақсои олам шуҳратёр гаштааст. Ҳанӯз аз замонҳои қадим матоъҳои атласу адрас қимати баланд доштанду шоҳону сарватмандон ба ҳомиёну сарлашкарони худ ба нишони иззату икром пероҳанҳои зарбофти аз ҳамин матоъҳо омодашуда тақдим менамуданд.Шоҳони қадим товони ҷангро бо матои атлас мепардохтанду бар ивази моҳонаи ҷанговарон барояшон лундаҳои матои атлас медоданд.
Ба гуфти ҷуғрофиёшиносон, дар асрҳои IX-X Самарқанд, Бухоро, Хуҷанд, Фарғона марказҳои маъруфи истеҳсоли матоъҳои пахтагину абрешимӣ маҳсуб меёфтанд. Шоҳӣ, атлас, адрас, беқасаб, карбос, алоча ва чити Хуҷанд, Конибодом, Исфара ва Истаравшан дар сартосари дунё харидорони зиёде доштанд. Ривояте ҳаст, ки атласбофони Хуҷанд ба ҳунармандони Марғилон сабку услуби бофтани матои пурнақшунигори атласро таълим медоданд ва ҳамкорӣ мекарданд. Дар ин макон дар аввали асри XX беш аз 60 намуди матоъҳои абрешимиву нимабрешимӣ, пахтагиву тибитӣ истеҳсол мекарданд, ки дар бозорҳои Осиёи Марказӣ, Эрон, Ҳиндустон, Чин, Русия, Туркия, Қафқоз харидорони зиёд доштанд.
Дар ҳақиқат пӯшидани куртаи атласу адрас набояд либоси мавсимӣ бошад ва ба бар кардани он набояд дар арафа ва давраи баргузории иду ҷашнҳо ва илова бар ин бо супориши мақомот сурат бигирад, балки он бояд либоси рӯзмарраи ҳар зани тоҷик бошад. Либоси атласу адрас бешак ҳам ба зани роҳбару соҳибкор зебанда асту ҳам ба олиму омӯзгор ва ҳам ба донишҷӯву хонандаи мактаб.
Ба ҳусну ҷамоли духтари тоҷик либоси миллии тоҷикӣ хеле зебанда аст, зеро он аз матоъҳои гулдору рангоранг дӯхта мешаванд. Либоси миллиитоҷикӣ аз нигоҳи ранг рамзу маъноҳои худро дорад, масалан зани таъзиядор либоси сиёҳ ва сабз ; наварӯс бошад, либоси рангорангу ҷилодор;занҳои солхӯрда бештар куртаи ранги баста ё сафедчаро ба бар менамоянд.
Сад афсӯс, ки баъзе аз ҷавонони имрӯза ба либоси халқҳои дигар таассуб мекунанду ҳар гуна либосҳои ба халқи мо номуносибро мепӯшанд, ки он куллан аз либоси миллии мо фарқ мекунад. Онҳо бештар ба ҳиҷобу сатри сиёҳ ва ё баръакс либосҳои тангу доманкӯтоҳро ба бар мекунанд, ки ба фарҳанг ва тарзи тафаккури миллии мо тоҷикон мувофиқ нест. Аззамонҳои қадим бонувонимиллати мо куртаҳои дарози аз зону поён бо миёнбанди нозук ба бар мекарданд. Сатри сиёҳ ба мардуми мо куллан бегона аст. Мутаассифона, як гурӯҳ бонувон имрӯз либоси миллии зебои худро монда, либоси дигар давлатҳоро эътироф намуда, фарҳанги дигар мардумро муаррифӣ карда истодаанд, ки ин рафтори онҳо кулли сайёҳон ва меҳмонони хориҷиро ба ошуфтагӣ меорад.
Либоси халқи бегонаро ба бар кардан ва даст кашидан аз фарҳанги бою ғании миллатамон боиси таассуф ва нигаронист, зиёда аз ин ҳамаи ин беэҳтиромӣ нисбат ба миллат ҳисобида мешавад. Зеро, агар забони миллат яке аз ҷузъҳои ҳувият ва ҳастии ҳар миллат бошад, пас ҷузъи дигари муҳими он либос мебошад.
Боиси тазаккур аст, ки дар давоми солҳои соҳибистиқлолии кишвар, бевосита бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ташвиқу тарғиби либоси миллӣ ва эҳё намудани ҳунарҳои мардумӣ таваҷҷӯҳи махсус зоҳир гардида, авлавияти хоса дода мешавад. Сарвари давлат вобаста ба тарғиби либоси миллӣ ва эҳё намудани он дар баромадҳои худ пайваста таъкид месозанд, ки миллати мо бояд ба расму ойини гузаштагони худ такя намуда, садди роҳи бегонапарстӣ гарданд.Дар ин самт, бахусус ба занону модарон рӯ оварда, таъкид менамоянд, ки “... дар шароити ҷаҳонишавӣ модарону бонувони тоҷик барои ҳифзи забон ва таъриху фарҳанги миллӣ, расму ойинҳо ва либосу анъанаҳои халқамон, ки таҳти фишори омезиши фарҳангӣ қарор гирифтааст, беш аз пеш саъю талош хоҳанд кард ”.
Таи солҳои охир ташрифи сайёҳон ба кишварамон афзуда истодааст, ки ин ҳам моро водор месозад, ки ба сайёҳон фарҳангу анъанаҳои тоҷиконаро муаррифӣ карда тавонем. Беш аз пеш ба сару либоси миллӣ намуди зоҳирии шаҳрвандон ба назар мерасад. Бинобар инбонувони тоҷикро зарур аст, ки дар баробари дигар ҳунарҳои мардумӣ либоси миллиро, ки таърихи қадимӣ дорад, бо тамоми зебогияш муаррифӣ намоянд.
Аз мушоҳидаҳо аён мегардад, ки чандин аср боз либоси миллии тоҷикон ҳусни зебои худро гум накардааст ва минбаъд низ гум нахоҳад кард. Баръакс, бо мурури замон бо фикру идеяҳои тарроҳони муосир либоси миллӣ ҳусни ҷаззобтар пайдо кардааст, анвои гуногуни либоси миллӣ бо тобиши аврупоӣ – доману блузкаҳои чакан, кардиганҳои атласу фаранг, костюмҳои адрасу чакан ва ғайраҳо симои бонувони тоҷикро оро медиҳанд, ки ин таваҷҷуҳи сайёҳону меҳмонони хориҷиро беш аз пеш ҷалб менамояд.
Имрӯзҳо теъдоди зиёди бонувони тоҷик либоси миллиро бо ҳисси баланди ифтихор ба бар мекунанд. Арҷгузорӣ ба он чун ҷузъи фарҳанги миллати тоҷик бояд мавриди таваҷҷӯҳи ҷомеаи шаҳрвандӣ, аҳли зиё, ҷавонон ва ҳунармандону тарроҳон, ки муаррифи бевоситаи ин тарзи либоспӯшӣ мебошанд, дониста мешавад. Тарғиби либоси миллӣбо диди нав, завқу ҷустуҷӯи тоза ва истифода аз матоъҳои истеҳсоли ватанӣ роҳандозӣ шуда, тавассути ҷалби бештари сайёҳон ба ҷаҳониён бояд муаррифӣ гардад.
Низомиддинова З.А., муаллими кафедраи забони
олмонӣ ва забони хориҷии дуюм