ТАНЗИМИ ҲУҚУҚИИ ҶАШНУ МАРОСИМ-РОҲ БА СӮИ ФАРДОИ ДУРАХШОН
Санаи 20 июни соли 2024 яке аз қонунҳои миллии кишвар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар тӯли 17 соли амали худ, барои саодати мардум, баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии шаҳрвандони мамлакат саҳми сазовор дорад, дар таҳрири нав қабул гардид ва аз номи он калимаҳои “анъана ва” хориҷ карда шуд. Сабаби такмил ва дар таҳрири нав қабул гардидани қонун инкишофи муносибатҳои ҷамъиятӣ, рушди ҷомеа ва давлат, ҳифзи арзишҳои асили фарҳанги миллӣ, пешгирии хурофоту таассуб, баланд бардоштани маънавиёт ва сатҳи иҷтимоию иқтисодии мардуми кишвар ба шумор меравад. Аз сабаби муҳимият ва барои танзими муносибатҳои ҳамарӯзаи зиндагии мардум алоқамандии зич доштани он хостем дар бораи дигаргуниҳо ва муждаҳои нави Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд Қонун) дар муқоиса бо қонуни қаблӣ андешаҳои худро баён намоем. Қонуни қабли аз 5 боб ва 16 модда иборат буд. Қонуни дар таҳрири нав қабулгардида, аз 6 ва 22 модда иборат мебошад, ки дар он як боб ва панҷ модда илова карда шудааст.
Моддаи 1-и Қонун мафҳумҳои асосӣ ном гирифта, дар он мафҳумҳои “маросим” ва “ҷашн” ба таври зайл баён карда шудааст: “маросим - маҷмуи амалҳои рамзӣ ва анъанавӣ, ки муносибати шахс ва гурӯҳҳои иҷтимоиро ба падидаҳои муҳимми ҳаёти фарҳангии ҷомеа ифода менамояд;ҷашн - таҷлили рӯйдодҳо ва ё санаҳои таърихию фарҳангӣ, ҷамъиятӣ, касбӣ ва оилавӣ”.
Мутобиқи қисми 2-юми моддаи 2-и Қонун намояндагони дину мазҳабҳои дигар, ҷашну маросими худро дар асоси расму оинҳои худ мегузаронанд, аммо ҳангоми гузаронидани ҷашну маросими дар Қонун муқарраргардида, бояд талаботҳои муқарраргардидаро риоя намоянд.
Боби дуюмиҚонун “Салоҳият ва ваколатҳои мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот оид ба танзими ҷашну маросим” номгузорӣ карда шуда, дар он салоҳиятҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 7 банд, ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар 15 банд, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳраку деҳот дар 5 банд, комиссияҳои доимӣ дар 13 банд, комиссияҳои ҷамъиятӣ оид ба танзими ҷашну маросим мушаххас баён карда шудааст. Мутобиқи моддаи 5 ваколатҳои мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба танзими ҷашну маросим, яъне Кумитаи кор бо дин, танзими ҷашну маросим муқаррар гардидааст, ки дар баробари амалигардонии сиёсати давлатӣ дар ин самт, таҳияи лоиҳаи қонунҳо доир ба танзими ҷашну маросим, мақоми мазкур тартиби гузаронидани маросими дафну азодорӣ, ҳаҷ ва умра, додани тавсияҳо ҷиҳати дуруст амалӣ кардани корҳои хайриявию эҳсонкорӣ, андешидани тадбирҳо ҷиҳати аз байн бурдани хурофоту таассуб, зиёдаравию исрофкорӣ, пешгирии ақди никоҳи бармаҳал ва ғайрирасмӣ ва ғ. вазифадор мебошад, ки дар Қонуни қаблӣ чунин муқарраротҳо мавҷуд набуд.
Дар қонуни нав дар моддаи алоҳида (моддаи 6) ваколатҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳраку деҳот ба монанди: иштирок дар амалигардонии сиёсати давлатӣ оид ба танзими ҷашну маросим, андешидани чораҳо ҷиҳати амалигардонии қонун, таъмини ҳамкорӣ байни мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва динӣ, инчунин иштирок дар тарғиби адабиёти илмию оммавӣ оид ба танзими ҷашну маросиммуқаррар карда шудааст.
Моддаи 7-и Қонун бевосита ба комиссияҳои доимии маҳаллӣ оид ба танзими ҷашну маросим бахшида шудааст, ки мутобиқи қисми якуми моддаи мазкур, ҷиҳати амалигардонии Қонуни мазкур дар назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот комиссияҳои доимии маҳаллӣ оид ба танзими ҷашну маросим таъсис дода мешавад. Дар қисми дуюми ин модда ваколатҳои комиссияҳои доимӣ дар 13 банд нишон дода шудааст. Дар муқоиса ба қонуни қаблӣ дар он ваколатҳои комиссияҳои доимӣ ба таври зайл илова карда шудааст: -додани тавсияҳо ҷиҳати дуруст сафарбар кардани корҳои хайриявӣ, эҳсонкорӣ; -пешгирии зиёдаравию исрофкорӣ; -андешидани чораҳо ҷиҳати аз байн бурдани хурофоту таассуб ва пешгирии ақди никоҳи бармаҳал ва ғайрирасмӣ.
Комиссияҳои ҷамъиятӣ оид ба танзими ҷашну маросим барои тадбиқи Қонун дар вазорату идораҳо, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, корхонаю муассисаҳо саҳми назаррас дошта, дар сохторҳое, ки на кам аз 30 нафар корманд доранд, ташкил карда мешаванд. Инчунин комиссияҳои ҷамъиятӣ дар сурати риоя нагардидани талаботи Қонун дар муҳлати се рӯз бояд ба мақоми ваколатдор ё комиссияҳои доимии маҳаллӣ оид ба танзими ҷашну маросим хабар диҳад.
Дар асоси қисми дуюми моддаи 9-и Қонун дар рӯзҳои Иди Рамазон ва Иди Қурбон дастархони камхарҷи идона ороста шуда, исрофкорӣ, зиёдаравӣ, тақдими ширинӣ ва туҳфаҳои дигар (идгардак) манъ карда шудааст. Дар ин он калимаҳои “тақдими шириниҳо”, “тӯҳфаҳои дигар” ва “идгардак”, ки дар қонуни қаблӣ дида намешуд, ҳамроҳ карда шудааст.
Қонуни мазкур дар баробари маросими ҳаҷ, ҳаҷи умраро низ ба танзим даровардааст. Дар номи моддаи 13 дар баробари ҳаҷ, умра ҳамроҳ карда шуда, ба хоҷиён ва умракунандагон тавсия дода шудааст, ки ба ҷои маъракаҳои серхарҷи манъгардида метавонанд ба корҳои хайриявию эҳсонкорӣ, аз ҷумла таъмири роҳ, кашидани хатти об, сохтмон ва ё таъмири иншооти иҷтимоӣ ва пулҳо машғул гарданд.
Моддаи 18-и Қонун, ки ба уҳдадории шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳангоми гузаронидани ҷашну маросим бахшида шудааст, таҳрир гардида, дар қисми 2, 3, 4 ва 5-уми он оростани зиёфат ба муносибати таъин шудан ба мансаби давлатӣ, гирифтани мукофоти давлатӣ, рутба, унвон, ҷоиза, мукофоти дигар, дараҷа ва унвонҳои илмию тахассусӣ, дар ҷашну маърака пошидан ва часпондани пул манъ карда шудааст.
Яке аз хусусиятҳои хоси Қонун дар он зоҳир мегардад, ки субъектони назорат ва татдбиқкунандаи муқаррароти қонунро мушаххас намуда, дар баробари мақомоти давлатӣ ва комиссияҳои ҷамъиятӣ, инчунин сархатибон, имомхатибон, имомҳои масҷидҳои панҷвақта, ходимони ғайрирасмии динӣ, раисони маҳаллаҳо ва роҳбарони мақомоти худфаъолияти ҷамъиятиро уҳдадор намудааст, ки риояи талаботи Қонунро дар ҳудуди деҳаю маҳалли истиқомат ва ё фаъолият назорат намоянд. Шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқӣ низ уҳдадор гардиданд, ки рукнҳои фарҳанги миллӣ, аз қабили забони давлатӣ ва пӯшидани либосҳои миллиро риоя намоянд. Инчунин минбаъд воридот, фурӯш, тарғиби либосҳои ба фарҳанги миллӣ бегона, инчунин дар ҷойҳои ҷамъиятӣ пӯшидани чунин либосҳо манъ мебошанд.
Моддаи 19 ба ҷалби аҳли ҷомеа ҳангоми гузаронидани тӯю маъракаҳо бахшида шудааст, ки дар қонуни қаблӣ мавҷуд набуд. Тибқи муқаррароти моддаи мазкур мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба танзими ҷашну маросим, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот метавонанд иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва диниро ҷиҳати гузаронидани чорабиниҳои омӯзишӣ ва маърифатӣ оид ба таъмини риояи талаботи Қонуни мазкур, аз ҷумла пешгирии зиёдаравию исрофкорӣ дар баргузории ҷашну маросим, ақди никоҳи бармаҳал ва ғайрирасмӣ ва ҳуқуқвайронкуниҳои дигар дар ин самт, ҷалб намоянд.
Инчунин дар баробари қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи танзими ҷашну маросим ба моддаи 481-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷавобгариро барои вайрон намудани муқаррароти қонуни мазкур, муқаррар менамояд, тағйиру иловаҳо ворид карда шуда, ҷавобгарӣ барои вайрон намудани ҷашну маросимҳои гуногун дар алоҳидагӣ муқаррар карда шуд. Ба моддаи мазкур панҷ қисм ҳамроҳ гардид, айни ҳол аз 8 қисм иборат буда, маблағи ҷаримаҳо бо нишондод барои ҳисобҳо баланд бардошта шуда, барои шахсони воқеӣ, мансабдор ва ҳуқуқӣ дар алоҳидагӣ муқаррар карда шуд.
Дар Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон моддаи нав моддаи 3342 - Вайрон кардани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзими ҷашну маросим илова гардид, ки тибқи муқаррароти он соҳибкори инфиродӣ, муассис ё роҳбари ташкилоти тиҷоратӣ, сархатиб, имомхатиб, имоми масҷиди панҷвақта, ходимони ғайрирасмии динӣ, раиси маҳалла ва дигар роҳбарони мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ ҳангоми дағалона ё дар шароити пайдоиш ва паҳншавии пандемияи бемориҳои сироятӣ, вазъияти фавқулода вайрон кардани талаботи қонунгузорӣ дар бораи танзими ҷашну маросим, агар онҳо кирдорҳо дар давоми як соли пас аз татбиқи ҷазои маъмурӣ, такроран содир карда бошанд, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ карда мешаванд.
Ҳамин тариқ, дар замони муосир танзими муносибатҳои баргузории ҷашну маросим дар Тоҷикистон амри зарурӣ ба шумор рафта, барои баланд бардоштани некуаҳволии мардум, ҳифзи арзишҳои миллӣ, забон, фарҳанг, либоси миллӣ, пешгирии зиёдаравӣ, худнамоӣ, ҷудоиандозӣ, хурофоту таассуб ва роҳсипор намудани мардум ба корҳои ободонӣ, хайру эҳсонкорӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагонии шаҳварндони кишвар саҳми беандоза дошта, риояи меъёрҳои он масъулияти тамоми сокинони ба шумор меравад.
Ҷабборзода И.Р., н.и.т., дотсент, декани факултети таърих ва ҳуқуқи ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров