​Зиндаву ҷовид монд ҳар кӣ накӯном зист...

Санаи 21-уми июни соли равон дар синни 72 солагӣ дили яке аз маорифчиёни асил, забоншинос, тарҷумон, номзади илмҳои филологӣ, дотсент, Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷалолов аз тапидан боз монд. Реҳлати ин марди шариф ва донишманди асил барои ҷомеаи меҳнатии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров талафоти бузург аст.

Ҷалолов Саидмухтор Ҷалолович 21-уми декабри соли 1952 дар шаҳри Ленинобод (ҳозира Хуҷанд) ба дунё омадааст. Ў соли 1974 факултети забонҳои хориҷии ДДОЛ ба номи С.М.Киров (ҳозира МДТ «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров»)-ро хатм намудааст.

Номбурда фаъолияти меҳнатиашро соли 1974 ҳамчун омўзгори мактаби миёнаи №8-и ноҳияи Мастоҳ оғоз намуда, пас аз як соли фаъолияти пурсамар ў солҳои 1975-1984 ба ҳайси муал¬лими кафедраи назария ва методикаи таълими забони англисии факултети забонҳои хориҷӣ ба фаъолияти илмӣ-омўзгорӣ машғул шудааст.

Ҷалолов Саидмухтор Ҷалолович солҳои 1978-1980 ба ҳайси муҳаққик-коромўз ва солҳои 1981-1984 ҳамчун аспиранти шуъбаи ленинградии Пажуҳишгоҳи забоншиносии АИ ИҶШС ба андўхтани илму дониш шуғл варзидааст. Соли 1986 рисолаи номзадиашро дифоъ намуда, сипас дар вазифаҳои гуногуни пурмасъулият кору фаъолият намудааст. Вай солҳои 1988-1989 ҳамчун мудири кафедраи грамматика ва таърихи забони англисӣ, солҳои 1992-1995 мудири кафедраи филологияи англисии №2, солҳои 1995-1996 ноибректор оид ба робитаҳои байналхалқӣ, солҳои 2003-2007 декани факултети забонҳои хориҷии донишгоҳ, солҳои 2007-2014 сардори раёсати маорифи вилояти Суғд ва аз соли 2014 то соли 2016 дар вазифаи 2014 сардори раёсати маори¬фи шаҳри Хуҷанд сарбаландона иҷрои вазифа намудааст.

Шодравон Ҷалолов Саидмухтор Ҷалолович барои афзудани дониш ва малакаи хеш дар якчанд муассисаҳои таълимии олии кишварҳои дунё, аз қабили соли 1993 дар Донишгоҳи Дон Хопкинси шаҳри Вашингтони ИМА, соли 1994 дар Донишгоҳи Не¬браскаи шаҳри Линколни ИМА, соли 2000 дар коллеҷи Га¬лилеяи Исроил аз такмили ихтисос гузаштааст.

Номбурда муаллифи 30 мақолаи илмӣ роҷеъ ба муҳимтарин масъалаҳои за¬бони англисӣ, мебошад.

Аз номи ҷомеаи меҳнатии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ба аҳли пайвандон ва дӯстону ҳамкорон сабри ҷамил мехоҳем.

Ёди устод гиромӣ ва макони охираташон Фирдавс бошад!

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ