Забондонӣ талаби айём

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯйи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба аъзои Маҷлиси Олии кишвар нигаронида шудааст, вале он ҳар як шаҳрванди Тоҷикистонро бетараф нагузошт, зеро дар он фаъолияти давлати соҳибистиқлоли мо дар дохил ва муносибатҳои байналхалқӣ мавриди таҳлили амиқ қарор гирифт. Аз як ҷониб, комёбиҳои як соли сипаришуда, ки дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ бо далелҳо собит гардиданд, мардуми меҳнатқарини кишварро руҳбаланд кард. Хусусан ба андозаи 30% зиёд шудани нафақаи калонсолон ва 40% афзудани маоши соҳаҳои буҷетӣ, аз ҷумла, олимону омӯзгорон нишони тинҷиву осоиштагӣ ва таҳкими пояҳои давлатдории тоҷикон дар вазъи нооромии бемисл ва даргириҳои фоҷиаовар дар миқёси ҷаҳон мебошад.

Бори дигар воқеан сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамаи рукнҳои давлатдории миллӣ собит гардид. Барҳақ, ба ҷаҳониён аён гашт, ки Тоҷикистон кишвари амн аст, ҳар як сол онро ба зинаҳои баландтари комёбиҳо мушарраф мегардонад.

Аз Паёми имсола дар қатори дастовардҳо корҳои дарпешистода низ мушаххасан вазифагузорӣ шуданд. Намояндагони соҳаҳои хоҷагии халқ, касбу кори гуногун аз сардор то коргари одӣ вазифаҳои худро тибқи боз ҳам беҳтар кардани натиҷаҳои фаъолияти касбии худ идрок намуданд. Аз ҷумла,дар Паём таъкид гардид, ки омӯхтан ва дар фаъолияти касбии худ ба корбурда тавонистани камаш ду забони хориҷӣ, бахусус забонҳои маъруфи англисию русӣ талаби айём аст. Дар шароити ҷаҳонишавӣ он аз муҳимтарин омили дар сатҳи зарурӣ аз бар кардани илм ва касбу пешаҳои умумибашарӣ маҳсуб меёбад.

Пешвои миллат дар бораи зарурати рушди забонҳои давлатӣ, русӣ ва англисӣ ва такмили таълими онҳо аз ибтидои даҳсолаҳои аввали асри ХХI вазифагузорӣ мекунанд. Натиҷаҳои чунин ташаббусҳост, ки ҳанӯз дар соли 2003 Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи такмили таълими забонҳои русӣ ва англисӣ дар Тоҷикистон барои солҳои 2004-2014”, №508 аз 02.12.2003 ба тасвиб расида буд ва он солҳои 2015-2020 тамдид гардид.

Оид ба забони тоҷикӣ низ Қарори Ҳукумати Ҷумҳуррии Тоҷикистон №335 аз 30.06.2012 барои солҳои 2012-2016 барномаи давлатӣ қабул шуда буд. Минбаъд “Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳли 2020-2030” бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №647 аз 28.11.2020 ва “Барномаидавлатии такмили таълими омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” – Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №438 аз 30.08.2019 ба тасвиб расид.

Гузориши масъалаҳоро дар бобати такмили таълим ва омӯзиши забонҳо, бахусус русӣ ва англисӣ бояд мазмунан ва аз тариқи талабот марҳалаи нав шуморид. Ҳатто таъкид гардид, ки минбаъд ба мақомоти баланди давлатӣ чун касоне пешниҳод мешаванд, ки забонҳои хориҷиро ба дараҷаи сатҳи корӣ медонанд.

Мо дар яке аз мақолаҳои худ иброз доштем, ки асоси методологии самаранокии таълими забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла, русию англисӣ низ дар суханронии Сарвари давлат ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2019 баён гашта буд. Чунончи, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар заминаи қонуну қоидаҳо ва меъёрҳои забони адабии тоҷик сурат гирад, яъне аввал забони модарии худро ба дараҷаи олӣ бояд донист ва сипас, дар қиёс бо дастурҳои он дар фарогирии забонҳои хориҷӣ иқдом намуд”.

Ҳамин тариқа, дар Паёми имсола дар қатори бисёр масъалаҳои вусъати соҳаҳои дигар такмили таълими забонҳо, аз ҷумла, забонҳои русию англисӣ аз вазифаҳои муҳимми стратегӣ ба шумор меравад, ки барои иҷрои онҳо бояд камари ҳиммат бандем.

Воҳидова Н.А. –н.и.ф., муаллими калон, и.в. мудири кафедраи забоншиносӣ ва типологияи муқоисавӣ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ