Тантанаи бахту саодат!
Неъмати бебаҳои илоҳӣ – Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Токистон ба 32 солагии таърихӣ расид. ГарчӣрасиданбаИстиқлолбоамритақдирсанаи 9сентябри соли 1991 – ум хело осон ба даст омада бошад ҳам, ҳифзу таҳкими пойдории Истиқлоли давлатӣ бо сабаби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, чашми алои душманониғассоб, касодии иқтисод ва омилҳои дигари давраи аввал бо мушкилӣ, заҳмату талошҳо, истодагарӣ, матонату садоқат, ақлу хирад, сиёсати оқилона ва ҳоказои роҳбарияти олии кишвар имконпазир гардид. Дар ин давраҳои ҳассоси таърихӣ таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ, таъмини заминаи моддӣ – техникии он, кадрҳои афсарӣ қариб, ки ғайриимкон буд. Вале, шукронаи даврони Истиқлоли давлатӣ мекунем, ки ҳамаи мушкиливу норасоиҳо паси сар шудаанду алҳол мо 30 – солагии Қувваҳои Мусаллаҳ – ҳомиёни боэътимоди кишварро тантанавор ҷашн мегирем.
Хеле рамзист, ки таҷлили ҷашни солгарди Истиқлоли давлатӣ ҳамҷоя бо 30 солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намоишу паради ҳарбиёну захирачиён ташкил ва гузаронида шуд. Дар ин ҷашнгирӣ ҳувайдо шуд, ки роҳбарияти олии мамлакат ва мардуми мамлакат организми ягонааанд. Мардуми кишвар, яъне ҳамаи қишрҳои ҷомеа, аз калонсолон то ҷавонону хурдсолон якдилона сиёсати хирадмандонаву дурандешонаи Ҳукумати мамлакатро таҳти сарварии абармарди бемисли таърихӣ – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷонибдорӣ менамоянд ва баҳри заҳмату талошҳои расидан баҳадафҳои стратегӣ пайваста омодаанд.
Қудрату тавоноии ҳайати Қувваҳои Мусаллаҳ дар машқҳои дастаҷамъонаи кишварҳои узви Созмони аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъона, Созмони ҳамкориҳоиШанхай ва ғайра сарбаландона намоиш дода шуданд. Собит гардидааст, ки Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ҳомии боэътимоди Истиқлоли давлатӣ асту аз ваҳдату якдилӣ, заҳматқаринии ҷомеаи тамаддунсозу фарҳангсолори Тоҷикистони азизамон маншаъ мегирад.
Метавон бо итминони комил умед намуд, ки Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо якдилии мардуму роҳбарияти кишварро ваҳдати миллии ҷомеа, бозуи тавонои Қувваҳои Мусаллаҳ абадан бегазанду пойдор хоҳад буд.
Ҷовидон бодо Истиқлоли Тоҷикистон!
Шаъну шараф ба Пешвои тоҷикони ҷаҳон!
Собиров М.С.-дотсенти кафедраи экология ва ҳифзи муҳити табиати факултети геоэкология ва туризми МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”