​Саҳми Пешвои миллат дар баланд бардоштани мақоми занон дар ҷомеа

Тайи солҳои Истиқлоли давлатӣ таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақоми занону бонувони кишвар дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии мамлакат бамаротиб боло рафт.

Ин аст, ки чораҳои саривақтии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба масъалаи мақом ва ҷойгоҳи зан дар раванди сиёсии кишвар марҳила ба марҳила рушд ва густариш ёфта истодаанд.

Маврид ба зикр аст, ки аз солҳои аввали соҳибистиқлолии мамлакат занону бонувон барои ободию гулгулшукуфии кишвар бо кордонию маҳорати баланд ва маърифати сиёсӣ саҳми беандозаи худро мегузоранд.

Аз ин рӯ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо нисбат ба занону бонувон ва фаъолияти онҳо дар ҳамаи соҳаҳо ибрози назар намуда, ба ташаббус, масъулият, кордонӣ ва саҳми онҳо дар рушди ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистон баҳои баланд додаанд.

Махсусан, Пешвои муаззами миллат дар паёмҳои ҳарсолаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми занону бонувонро таъкид месозанд.

Дар паёми навбатӣ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 23 декабри соли 2022 дар радифи ҳамаи самтҳо ба нақшу мақоми занону бонувон таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, қайд карданд, ки «солҳои соҳибистиқлолӣ Ҳукумати мамлакат бо мақсади дастгирии занону бонувон ва баланд бардоштани мавқеи онҳо дар ҷомеа бисёр тадбирҳои судмандро амалӣ намуд».

Натиҷаи чунин тадбирҳои судманд аст, ки занону бонувон имрӯз на танҳо дар соҳаҳои иҷтимоӣ, балки соҳаҳои дигари хоҷагии халқи мамлакат, ба монанди нақлиёт, энергетика, алоқа, сохтмону меъморӣ, кӯҳкорӣ, бонкдорӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва сафҳои Артиши миллӣ софдилонаю содиқона хизмат намуда истодаанд.

Мақоми занону бонувон дар идоракунии давлатӣ таҳким ёфта, «ҳоло аз шумораи умумии хизматчиёни давлатӣ 25 фоиз, аз ҷумла кадрҳои роҳбарикунанда қариб 20 фоизро ташкил медиҳанд».

Имрӯз ба таъкиди Сарвари давлат иштироки занону бонувон дарсоҳаи маориф-73, тандурустӣ-71, фарҳанг-47, бонкдорӣ-39, алоқа-25 ва хизматрасонии иттилоотӣ-40 фоизро ташкил медиҳад. Омори мазкур баръало нишон медиҳад, кибидуни ширкати фаъолонаи занон рушди бемайлони ин самтҳоро таъмин кардан номумкин аст.

Бо таваҷҷуҳ ба иштироки фаъолонаи занону бонувон дар соҳаи соҳибкорӣ Роҳбари давлат тазаккур доданд, ки «таъсиси грантҳои президентӣ ба густариши фаъолияти соҳибкории занону бонувон мусоидат намуд ва онҳо дар баробари беҳтар сохтани шароити оилавии худ ҳоло ба рушди иқтисоди кишвар низ таъсири назаррас расонида истодаанд».

Вобаста ба ин дар паёми навбатӣ таъкид шудааст, ки барои амалисозии лоиҳаҳои гуногун, ки ба рушди бахшҳои алоҳидаи иқтисодиёти кишвар таъсири мусбат мерасонанд, «соли 2022 ба зиёда аз 600 ҳазор занону бонувон аз ҷониби муассисаҳои бонкӣ ба маблағи беш аз 3 миллиарду 400 миллион сомонӣ қарз дода шудааст, ки нисбат ба соли 2018-ум 2,4 баробар зиёд мебошад. Умуман, дар панҷ соли охир маблағи қарзи ба занону бонувон пешниҳодшуда 12,1 миллиард сомониро ташкил кардааст».

Чунонки маълум аст, ки нақши занону бонувону модарон дар тарбияи кӯдакон ва насли наврасу ҷавон бениҳоят бузург мебошад. Ҳамзамон, барои он ки онҳо насли ояндаро ба таври самаранок тарбия карда тавонанд,қабл аз ҳама худ бояд босаводу бомаърифат бошанд. Ба ин хотир, Ҳукумати мамлакат дар фарогирии занону бонувон бо таълим ва соҳибкасб намудани онҳо пайваста чораҳои зарурӣ меандешад.

Дар иртибот бо ин, дар паёми навбатӣ тазаккур дода шуд, ки «дар 21 соли охир беш аз 504 ҳазор духтарону бонувон муассисаҳои ҳамаи зинаҳои таҳсилоти касбиро хатм карда, соҳибкасб шудаанд. Аз ин ҳисоб 239 ҳазор нафари онҳо соҳиби маълумоти олӣ гардида, ҳоло боз 100 ҳазор нафар духтарон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ таҳсил карда истодаанд».

Пешвои муаззами миллат қайд намуданд, ки ҷалби занону бонувон ба корҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ минбаъд низ густариш хоҳад ёфт, зеро онҳо дар ҷомеа қувваи бузург мебошанд ва давлату ҷомеа дар навбати худ ба неруву ташаббусҳои занон ҳамеша эътимод дорад.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷмуъ махсус таъкид сохтанд, ки «нақши зан модар, ки мавҷуди муқаддас мебошад, ҳамеша арҷ мегузорем, чунки ӯ насли инсонро ба вуҷуд меоварад, тарбия мекунад ва ба камол мерасонад».

Ин қадрдонии баланд боиси ифтихору сарафрозии кулли қишри занону бонувон буда, сармашқи кори онҳо маҳсуб меёбад. Аз ин рӯ, мо бояд ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳое, ки дар паёми навбатӣ дарҷ гардидаанд, кӯшишу ғайрат намуда, беш аз пеш заҳмат кашида, сазовори боварии Пешвои муаззами миллат бошем.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ