Мақому манзалати омӯзгор

23-уми декабри соли ҷорӣ Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ироа гардид. Паём ба Маҷлиси Олӣ барои давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона муҳим арзёбӣ шудааст ва он дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардидааст. Паём ба Маҷлиси Олӣ барои пешрафти давлату миллат саҳми муҳим дошта, бинобар ин масъалаҳои муҳими давлатӣ, маориф ва илм, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, ҷавонон, варзиш, сайёҳӣ ва ғайраҳо дар он аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ибрози назар карданд.

Пешвои муаззами миллат зимни ироаи Паём, аз ҷумла, қайд намуданд, ки бунёди миллат аз маориф оғоз меёбад ва ғамхорӣ нисбат ба маориф сармоягузорӣ барои рушди нерӯи инсонӣ ва ояндаи ободи давлат ва ватан мебошад. Бе маориф ягон соҳа рушд намекунад ва бе маориф ягон қадам пеш рафта наметавонем.

Замони ҳозира, ки дунёи онро фазои электронӣ фаро гирифтааст, барои омӯзгорон ҳам осонӣ ва ҳам мушкилиҳои зиёд эҷод намудааст. Муаллим муҳандиси рӯҳии инсон аст. Тавре ки муҳандис нақша ё созмони ягон кореро ташкил медиҳад, муаллим низ аз рӯзи аввал ба шогирдон адаб меомӯзад ва онҳоро ба ҳаёти солими оянда омода месозад. Муаллимро оинаи рӯзгори халқ мегӯянд. Оинае, ки ба он нигариста камбудиву нуқсонҳоро бартараф мекунанд. Ҳар фарди худшинос, ки имрӯз касби омӯзгориро интихоб намудааст ва ба тарбияи насли наврас машғул аст, бояд ҳуввияти миллӣ ва зиракии сиёсии баланд дошта бошад, ҳамеша манфиати ҷамъиятро аз манфиати шахсиаш боло гузошта тавонад.

Паём ба Маҷлиси Олӣ муносибатҳои ҷамъиятиро дар шакли умумӣ дар бар гирифта, мақсади асосии он масъалаҳои муҳими ҷамъиятии дар он муқарраршуда аз ҷониби мақомотҳои ваколатдори давлатӣ ва шаҳрвандон ҳал карда шаванд ва давлат дар самҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ ҳамеша муваффақ бошад.

Бегматова М.А. омӯзгори кафедраи умумидонишгоҳии фалсафа

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ