Марги соҳибдил ҷаҳонеро далели кулфат аст...

Раёсат ва Кумитаи муттаҳидаи иттифоқи касабаи Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» бо андуҳи гарон хабар медиҳад, санаи 10 августи соли 2022 дили яке аз олимони шинохта, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор, собиқ ректори донишгоҳ, Розиқов Абдувоҳид Абдуқаҳҳорович аз тапидан бозмонд.

Абдувоҳид Розиқов санаи 2-юми августи соли 1942 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Номбурда пас аз хатми мактаби миёна ба Донишкадаи политехникии Тоҷикистон дохил гардида, онро соли 1965 бомувафаққият хатм намудааст. Марҳум солҳои 1965-1967 ба ҳайси ассистенти Донишкадаи политехникии Тоҷикистон, солҳои 1967-1972 муҳандис-муҳаққиқ ва аспиранти Пажӯҳишгоҳи марказии иқтисодиёту математикаи АУ ИҶШС, солҳои 1972-1976 мудири шӯъбаи кумитаи давлатии банақшагирии ҶШС Тоҷикистон, солҳои 1974-1994 мудири шӯъбаи Пажӯҳишгоҳи иқтисодиёти АУ ҶШС Тоҷикистон, солҳои 1994-1995 ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд, солҳои 1995-1997 муассис ва аввалин декани факултаи бизнеси муҳандисӣ ва менеҷменти Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ифои вазифа намудааст. Дар баробари ин, солҳои зиёд ҳамчун мудири кафедраи иқтисодиёт ва менеҷменти истеҳсолии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон фаъолияти илмӣ-омӯзгорӣ бурдааст.

Профессор Абдувоҳид Розиқов бо осори арзишманд ва натиҷаҳои пурсамари илмиаш тавонист, ки ба ҷомеаи илмӣ худро чун олими соҳибназар ошно намояд.

Солҳои 1983-2010 дар таҳияи барномаи комплексии прогресси илму техникаи ҶШС Тоҷикистон фаъолона ширкат варзидааст. Дар ҷараёни омода намудани ин барнома таҳияи қисматҳои ҳифзи табиат, маҷмааи сӯзишворию энергетикӣ ва захираҳои табиӣ ба зиммаи ӯ гузошта шуда буд. Солҳои охир роҳбарии самти нави илмӣ оид ба ислоҳоти низоми инфрасохтори истеҳсолӣ дар шароити бозор, масоили сармоягузории миёнамӯҳлат ва назарияи қабули қарорҳои идоракуниро ба уҳдаи ӯ гузошта буданд, ки аз иҷрои он муваффақона баромадааст. Дар тарбияи шогирдони зиёде дар самтҳои мухталифи риштаи иқтисодиёт саҳм гирифта, ба таълифи чандин асарҳои арзишманди илмӣ низ муваффақ гардидааст.

Устод Абдувоҳид Розиқов дар як муддати муайяни роҳбарӣ обрўву нуфузи донишгоҳро нигоҳ дошта, дар таълиму тарбияи шогирдон саҳми арзанда гузоштааст.

Раёсат ва Кумитаи муттаҳидаи иттифоқи касабаи Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» аз вафоти нобаҳангоми доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор, собиқ ректори донишгоҳ, Абдувоҳид Розиқов сахтандўҳгин буда,ба аҳли оила, наздикони пайвандон ҳамдардӣ баён менамоянд.

Ҷомеаи меҳнатии донишгоҳ ному кори ўро бо сифатҳои хоси инсониву илмӣ ва омўзгорӣ ҳамеша ба некӣ ёд меорад.

Маркази иттилоот ва таҳлили донишгоҳ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ