​Ҷавоне дар роҳи маърифат

Ҷавонон нерӯи фаъол ва захираи ақлонии миллатанд. Барои дастгирӣ ва пешрафти ин нерӯи созанда аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми тадбирҳои судманд роҳандозӣ гардидааст. Сутуданист, ки имрӯз ҷавонони тоҷик бо истифода аз имконоту шароити мусоид ба омӯзиши илму дониш таваҷҷуҳи хос доранду ҷиҳати расидан ба дастовардҳои назаррас талош. Қаҳрамони навбатии бахши “Шогирдони шоиста” Сарфароз Иморуддинов мебошад, ки худро ҳамчун ҷавони донишманд дар миқёси ҷумҳурӣ муаррифӣ намуд.

Сарфароз Иморуддинов ғолиби дукаратаи озмуни ҷумҳуриявии “Фуруғи субҳи доноӣ” мебошад. Номбурда соли 1998 дар ноҳияи Кӯҳистони Масчоҳ ба дунё омада, айёми кудакиро дар деҳаи хушобу ҳавои кӯҳистон гузаронда, дар мактаби деҳа таҳсили илммекунад. Ӯ соли 2016 бо баҳои аъло мактабро тамом карда, ба Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, ба факултети филологияи тоҷик дохил мешавад. Сарфароз дар даврони донишҷӯӣ ҳамчун донишҷӯи фаъол, хушзавқ, соҳибистеъдод ва фурӯтан дар миёни ҳамкурсон ва устодон низ шинохта шуд. Қаҳарамони навбатии мо борҳо дар озмунҳои гуногуни Камолхонӣ, Шоҳномахонӣ, Ҳофизхонӣ иштирок карда, сазовориҷойи авввал гардидааст.

Ҳодисаи нодире, ки дар ҳаёти Сарфароз рух дод, ғолибияти номбурда дар озмуни ҷумҳуриявии“Фуруғи субҳи доноӣ” дар солҳои 2019-2020 ва ишғоли мақоми аввал дар ин озмун буд, ки бо мукофотҳоипулӣ ва Дипломи Пешвои миллат сарфароз гардонида шуд.

Дастовардҳои Сарфароз кам нестанд. Қаҳрамони мо чанде пешкитоби аввалини худро бо номи “Хати сабз” интишор намуд. Ӯ ҳамчун мураттиби китоб шоҳбайтҳои Фонии Кашмириро ҷамъоварӣ намуда, онро ба хатти кириллӣ баргардон кардааст, ки воқеан боиси ситоиш аст, ки як ҷавоне ба чунин кори душвориилмию адабӣ муваффақ гаштааст.

Сарфароз Иморуддинов айни замон аз рӯи ихтисоси худ дар шуъбаи магистратураи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров таҳсили илм мекунад. Ҳамчунин дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар ш. Хуҷанд ба ҳайси омӯзгори забон ва адабиёти тоҷикдарс медиҳад. Омӯзгорон ва устодонаш бовар доранд, ки Сарфароз дар ҷодаи илм ва адабиёт муваффақ гашта, яке аз муҳаққиқони забардасти илми адабиётшиносии кишвар хоҳад шуд. Мо низ барои ин ҷавони серталаб ва донишманду пуркор фатҳи ҷодаҳои баланди илмро таманно мекунем.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ