​Дониш талабу бузург омӯз...

Ин навбат мо дар бахши “Шогирдони шоиста” дар бораи донишҷӯи соли сеюми факултети филологияи рус Тухтарова Назира, ки мисраъҳои боло шиори зиндагиаш мебошад, нақл мекунем.

Қаҳрамони навбатии мо ғолиби як қатор озмуну олимпиадаҳои сатҳи вилоятӣ ва ҷумҳуриявист. Аз ҷумла, ғолиби озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ...”, олимпиадаи ҷумҳуриявӣ аз фанни забони русӣ, олимпиадаҳои минтақавӣ аз фанҳои тахассусӣ...

Бино ба маълумоти Назира, шуғли дӯстдоштаи ӯ мутолиаи китоб аст. Далели ин нуктаро мо дар ғолибияти ӯ дар озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ...” шоҳид мешавем. Зеро маҳз муҳаббат ба мутолиа сарчашмаи муваффақиятҳои ин донишҷӯи пешқадами донишгоҳ маҳсуб меёбад.

Замоне, ки Назира Тухтарова дар курси дуюм таҳсил дошт, дар озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ...” аз рӯи номинатсияи «Хондан ва аз ёд намудани осори адабиёти ҷаҳон» иштирок намуда, ғолиби даври шаҳрии озмун гардид. Ӯ барои иштирок дар ин озмун 70 китоб мутолиа намуда буд. Ин муваффақият ба Назира илҳом бахшид ва ӯро такон дод, ки бештар мутолиа намуда, дар даврҳои болотари озмун сазовори мақоми ифтихорӣ гардад ва ҳамин тавр ҳам шуд.

Бо нишон додани маҳорати воло дар соли баъдӣ ба Назира шонс пайдо гардид, ки ҷиҳати иштирок дар даври ҷумҳуриявии озмун роҳхат пайдо кунад. Ин навбат ӯ ҷиҳати иштирок дар озмун 90 асар ва 1000 мисраъ шеър (бо забони русӣ) аз худ намуд. Натиҷаи меҳнату талош ва заҳмати Назира ин навбат ишғоли мақоми ифтихорӣ ва сазовор гардидан ба Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, туҳфаҳои хотиравӣ ва мукофотҳои пулӣ гардид.

Худи Назира мегӯяд, ки ба адабиёти Аврупо таваҷҷуҳи хос дорад вааз осори назмӣ бисёртар ашъори адибони русро аз худ мекунад.

Даҳҳо ифтихорномаву диплом ва туҳфаҳои Назира Тухтарова бозгӯи онанд, ки ӯ хеле серҳаракат ва воқеан ҳам шогирди шоистаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров аст.

Фаъолияти ӯ дар маркази забономӯзӣ ба ҳайси омӯзгори фанни русӣ ва роҳбари маҳфили “Шоҳмот” нишони ин гуфтаҳост. Гузашта аз ин, Назира ғолиби даврҳои гуногуни мусобиқаҳои варзишӣ оид ба«Шоҳмот» аст.

Қаҳрамони мо ба наттоқӣ низ шавқ дорад. Ҳамин буд, ки дар телевизиони вилояти Суғд ҳамчун наттоқи “Ахбор” бо забони русӣ фаъолият дошт.

Дар маҷмуъ, Назира Тухтарова ҳамеша дар такопӯ ва ҷустуҷӯст. Ҳамеша кӯшиш дорад, ки дониши худро таҳким бахшида, лаёқату истеъдодашро баланд бардорад.

Донишҷӯёне чун Назира аз шогирдони шоистаи донишгоҳанд, ки бо дастоварду муваффақиятҳои нав ба нав ифтихори ҷомеаи меҳнатиро афзун мегардонанд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ