Паём – роҳнамои мавқеи зан дар ҷомеа

Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар, ки 21 декабри соли 2021 ироа гардид, баёнгари рушди босуботи тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар ва роҳнамои хирадмандонае ба самти музаффариятҳои навин мебошад. Пешвои миллат дар Паёми худ тамоми самтҳои ҷомеаро таҳлил намуда, аз ҷумла оид ба мақоми зан дар ҷомеа таъкидҳои саривақтӣ ва нуктасанҷона намуданд. Сарвари давлат қайд карданд, ки: «Мо минбаъд низ мақоми занонро дар ҷомеа баланд бардошта, мавқеи онҳоро дар татбиқи сиёсати иҷтимоии давлат дастгирӣ менамоем». Тамоми мардуми шарафманди тоҷик шоҳиданд, ки дар даврони Истиқлолияти давлатӣ бо иқдомоти неки Пешвои миллат мавқеи зан зина ба зина боло рафта, дар аксари соҳаҳо таҳким ёфт. Тавре, ки Президенти кишвар таъкид доштанд, дар ин давра дар самти ҳуқуқу озодиҳои зан як қатор стратегияву барномаҳои давлатӣ амалӣ гардиданд.

Боиси тазаккур аст, ки дар Паёми хеш Пешвои муаззами миллат ба масъалаи баланд бардоштани музди меҳнати маорифчиён ва баланд бардоштани мақоми иҷтимоии занон дар ҷомеа диққати махсус дод. Ба хамагон маълум аст, ки зан дар оилаи тоҷик ҳамеша нақши асоси дошт ва дорад. Зеро иффату зебои, фурутаниву маърифатнокӣ хосси зан буда, ба зиндагии мард ва аҳли хонадон таровату покизагӣ мебахшад. Ҳамин аст, ки аз оғози таърих то имрӯз мардуми мо ба маърифатнокии зан аҳамияти хосса дода, кушидааст, ки занон дар ҷомеа пешоҳанг бошанд. Дар зиндаги пешоханг будани зан ва маърифатнок буданаш имкон медихад, ки сатҳи маънавии оила баланд шуда, кудакон ва дигар аъзои оила маърифатнок тарбият ёбанд. Ин талабот асоси фарҳангӣ оиладориро ташкил медиҳад. Нақши зан-модар махсусан дар тарбия, омӯхтани забон, таъриху фарханг, донишҳои муосир ва умуман камолоти маънавию ахлоқии фарзанд барҷаста мебошад. Умед аст, ки дар амали намудани паёму конунҳои мазкур духтарон ва бонувони мо ҳамчун шахсиятҳои арзандаи халку Ватан амал хоҳанд намуд.

Қӯзиева Н.Ҳ.-муаллимаи кафедраи умумидонишгоҳии сиёсатшиносӣ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ