​Сада- муаррифгари шоистаи халқи тоҷик

Ҷашни Сада-иди қадимаи халқи тоҷик ва мардуми шарқ. Ҷашнвораву идҳо, чун суннати мардуми, барои рангин гардонидан ва ғановат бахшидани зиндагии миллатҳо хизмат мекунанд. Идҳои халқи тоҷик низ дар давоми таърих сайқал ёфта, шаклан ва мазмунан ғанӣ гардида, вобаста ба шароити замон ва сиёсати вақт оҳангу маъниҳои нав пайдо намудаанд. Дар ҳақиқат, гузаштагон ҷашнҳои Сада, Наврӯз, Тиргон ва Меҳргонро «Ҷашнҳои чоргона» номидаанд, ки хусусиятҳои фарқкунанда доранд. Зикр кардан бамаврид аст, ки тавассути сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон ҷашни Наврӯз мақоми байналмилалӣ гирифт.

Баъдан, ҷашн гирифтани Меҳргон ва Сада низ роиҷ гардид. Мувофики тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» аз соли 2018 ҳар сол 30 январ дар ҷумҳурӣ иди Сада таҷлил мегардад.Дар ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров бахшида ба инҳои мардумӣ ҳар сол конфронси илмӣ баргузор мегардад ва мазмун ва моҳияти ҷашнҳо мавриди муҳокима мегарданд. Сада ба монанди Наврӯз ва Меҳргон, иди қадима аст, иброз намуд корманди Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, номзади илмҳои таърих Мумина Шовалиева ва афзуд: - “Ин маросими зироаткорон дар «Авасто», асарҳои Абӯрайҳони Берунӣ (973-1048), «Шоҳнома»-и безаволи Абулкосим Фирдавси, «Сиёсатнома»-и Низом-ул-мулк, «Наврӯзнома»-и шоир ва файласуф Умари Хайём ва дигарон зикр шудааст”.

Мардумшиноси машхури рус Н.А.Кисляков навиштааст, идҳои Наврӯз, Тиргон, Меҳргон ва Сада аз бузургтарин идҳои Эрони қадим ба шумор рафта, бо расму русуми мураккаб гузаронида мешуданд. Иди Сада аз рӯи гуфтаи Муҳаммад Наршахӣ, Абулқосим Фирдавсӣ, Абӯрайҳони Берунӣ ва Байҳақӣ сад рӯз пеш аз Наврӯз ҷашн гирифта мешуд.Номзади илмҳои таърих Зиннатмо Юсуфбекова мегӯяд, ки Садаро сад шабонарӯз пеш аз Наврӯз ҷашн мегирифтанд, ки он мутобики солшумории нав ба 30-31-уми январ рост меомад. Аммо точикони Вахё ва дигар маҳаллаҳои ин минтака онро таҳти номи Ҳут мутобиқи солшумории нав, 28 феврал ҷашн мегиранд ва он нишо наҳои Садаи қадимро нигоҳ доштааст.

Мувофики навиштаҳои мардумшинос М. Раҳимов, омодагӣ ба ҷашни Ҳут пешакӣ сар шуда, ҳанӯз фасли тирамоҳ соҳибхоназанҳо барои омода сохтани таоми маросимӣ ба доҳили «руғанчима»-(кӯза барои нигоҳдории равған)равғани зард гузошта, болояшро бо хамир рӯйпӯш карда, бо болои хамир бо лойандова мекарданд. Кўзаҳоро то фарорасии ин нигоҳ медоштанд ва дар рўзи иди Ҳут ба шавҳаронашон медоданд.

Мардҳо кўзаро ба аловхона (ҷои баргузории иду маъракаҳо ва ҷамъомади ҳаррўзаи мардҳо, ки масъалаҳои рўзро муҳокима мекарданд) мебурданд. Дар рўзи фарорасии Ҳут ҳар хонавода то 50-100 дона чаппотӣ (нони маросимӣ ҳисобида мешуд) омода карда, онро ба аловхона равон мекард. Баъзе аз сокинони дигари деҳа ҳамроҳашон шир, ҷурҒот, намак, инчунин, дегу табақу коса ва пиёлаву қошуқ мегирифтанд. Мардҳо дар аловхона таоми маросимии “руҒанҷўшӣ” омада карда, дар зарфҳои ширу ҷурғотдошта нон реза карда, аз болояш равғани зарди доғ шуда мерехтанд ва якҷоя та новул мекарданд. Ҳамин гуна таомро дар аловхона се рӯз пайи ҳам омода месохтанд.

Ба ғайр аз ин, ҳар хонадон ба қадри тавон таоми дигар низ пухта, онро ба аловхона равон мекард. Сарватмандон гӯсфанд ё буз забҳ карда, он ро яклухт пухта, ба ин макон меоварданд.

Одатан чунин рӯзҳо дар аловхона хӯроки зиёд ҷамъ мешуд ва онро тақсим мекар данд. Дар омода ва таксимоти таоми идона мардони калон сол иштирок мекарданд, зеро занҳо идро дар хонаҳояшон истиқбол мегирифтанд. Дар давоми се рӯзи ҷашн гирии иди Ҳут дар аловхонаҳо аз ҳаррӯза дида зиёдтар гул хан меафрӯхтанд. Дар гирду атрофи он барои ҷӯшонидани чой чойҷӯшҳои калони мисин ва чӯянӣ мегузоштанд. Ду-се мард масъули чойкашӣ мешуданд ва ин масъулиятро тамоми рӯз ба дӯш мегирифтанд. Сипас, дар атрофи гулхан хурсандиву шӯхӣ, сурудхонй, мусиқинавозию рақсу бозӣ карда, масхарабозҳо бо рақсҳои ҳазломез саҳначаҳо намоиш медоданд. Хуллас, маросиме, ки дар иди Ҳут дида мешавад, ба иди Сада монанд аст.

Сурудҳои ба ҷашни Хут бахшида, ки иди зироаткорон аст, одамонро аз наздикшавии фасли баҳор ва айёми омоданамудани асбоби деҳқонӣ ба киштукор огоҳ менамояд. Вале баъзан дар моҳи феврал, хусусан дар охири Ҳут, деҳқононро сардиҳои зиёди ғайричашм дошт интизор аст. Бо мақсади он ки табиат ба холи деҳқон раҳм кунад ва сардиҳо тезтар ба анҷом расанд, мардум боз дар аловхона ҷамъ шуда, дуои хайр хонда, чорвоеро забҳ мекарданд. Дар равғане, ки ҳанӯз фасли тирамоҳ дар «руғанчима» гузошта, барои Ҳут нигоҳ медоштанд, таоми ширруған омода карда, онро бо чаппотӣ истеъмол мекарданд.

Аз ин ҳама маълум мешавад, ки Сада иди то исломи аст, зеро дар он давра чорабиниву иду ҷашнҳо дар аловхона бо пухта ни намудҳои гуногуни таомҳо, сурудхониву рақсу бозӣ ва ҳазлу шӯхиҳо баргузор мешуд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Точикистон мухтарам Эмомали Раҳмон дар навиштаҳояшон ишораи ҷолибе доранд, ки чунин аст: «Дар миёни қувваҳои сершумори бадӣ дар дашту ҷангалҳои Осиёи Марказӣ, ки ҷони инсонро дар азоб ва таҳлука меандохт, бахусус хушкӣ ва торикӣ бисёр зиёновар буданд. Онҳо дарёфта буданд, ки бар зидди неруҳои номбаршудаи бадӣ, озар ё оташ ва раъду барқ муассир буданд. Бар зидди торики бошад, хуршед чун унсури тавоно муқад дас дониста мешуд. Аз ин рӯ, хуршед дар миёни нажоди қавмҳои зиёди олами бостон ситоиш ва парастиш шудааст». Дар фарҳанги суннатии ниёкони мо муборизаи равшанӣ ва торикӣ накши калиди дошта, ба ҷашни Сада низ алоқа манд мебошад. Дар ин давра сармо гирифта, баъдан ҳаво тадричан гарм мешавад. Хулоса, ҷашни сада-иди қадимаи тоҷикон буда, он муаррифгари шоистаи халқи тоҷик ва таҷассумгарди ҳаёти маънавии мардум мебошанд.

Эркаев Сафар Абдулхйрович, дотсенти кафедраи таърихи Ватан ва археологияи ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ