Ҳар сатре, ки ба кас руҳ мебахшад

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаи 21.12. 2021сол баргузор гардид, бо таваҷҷуҳи зиёд гӯш намудам. Ҳар ҷумлае, ки аз пеши назарам гузашт, бо далелу санадҳояш барои дубора мавриди андеша қарор додани он гӯё маҷбурам мекард. Зеро Пешвои миллат масъалаҳои ҳаётан муҳимро таъкидан қайд намуданд, ки ҳама нигарони аз забони Сарвари кишвар шунидани онҳо буданд.

Аз Паём маълум гардид, ки“кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушд ворид гардида, мардуми шарифи Тоҷикистон ба сӯи ояндаи ободу осуда бо қадамҳои устувор меравад. Мо тӯли 30-сол ба шарофати заҳмати софдилонаи халқамон дар роҳи рушди сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвар ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидем”.

Дар Паёми Президент масоиле нест, ки қобили таваҷҷуҳ набошад. Паём ин дафъа ҳам масъалаҳоеро дар бар гирифтааст,ки барои баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум мусоидат менамоянд, аз ҷумла, эълон гардидани солҳои 2022-2026 “Солҳои рушди саноат дар Тоҷикистон”, коркарди маъдан, растаниҳои шифобахш, ривоҷу равнақ додани соҳаи пиллапарварӣ таъкидан қайд гардиданд.

Мо, ки имрӯз масъулини таълиму тарбияи донишҷӯёну насли ҷавон ҳастем, аз он шоду мамнунем, ки дастгирии соҳаи маориф ҳамеша дар мадди аввали сиёсати давлат ва Ҳукумати мамлакат қарор дорад. Маҳз ба ҳамин сабаб, дар даврони истиқлолият аз 42000 нафар донишҷӯёни дар хориҷи кишвар, ки баҳри баланд бардоштанисатҳи маҳорати касбии худ қарор доранд, 8000 нафар духтаронро ташкил медиҳанд. Боиси ифтихор аст, ки сафи наврасону ҷавонони болаёқат, ки дар соҳаҳои фарҳангу варзиш ба комёбиҳои назаррас ноил гаштаанд, пайваста меафзояд. Ҷавонони соҳибистеъдод дар кишварҳои Италияю Туркия, Руссияву Олмон ва дигар давлатҳо санъати волои халқи тоҷикро муаррифӣ кардаанд. Тоҷикистонро “давлати ҷавонон” ном бурдани Сарвари давлат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ифодагари он аст, ки ба қувваю иродаи ҷавонони кишвар итминони комил дорад ва хоҳони он аст, ки насли наврасу ҷавони кишвар ин рисолати худро сарбаландона иҷро намуда, аз пайи омӯзишу тадқиқ бошанд. Мо омӯзгорон бояд дар замири ҷавонон ҳисси баланди миллӣ, эҳсоси худшиносиву ватандӯстӣ, ахлоқи ҳамида, сабру таҳаммул, омӯзиши илму дониш ва касбу ҳунари муосир, ҷиддияту меҳнатдӯстӣ ва эҳтироми волоияти қонунро ташаккул диҳем.

Ризоева Рухсора Бурҳоновна - факултети таҳсилоти ибтидоӣ вапедагогикаи махсус

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ