Паём - дастурамал барои ояндаи миллат

Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид, таҳлиле мебошад, оид ба татбиқи сиёсати дохилию хориҷии кишвар дар давоми 30 соли соҳибистиқлолӣ.

Ҳамзамон, Паём барои ҳар як фарди мамлакат ҳамчун дастурамали корӣ барои як соли оянда ва барномаи дурбинона баҳри рушди тамоми соҳаҳои ҳаётан муҳими мамлакат мебошад.

Президенти кишвар дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олӣ чунин қайд намуданд: “Ҳукумати мамлакат ҳадафҳои стратегии миллӣ, яъне таъмин намудани истиқлолияти энергетикӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва табдил додани мамлакат ба кишвари транзитӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат, саноатикунонии босуръати мамлакат ва васеъ намудани шуғли пурмаҳсулро тадриҷан амалӣ карда истодааст” ва эълон шудани соли 2022-2026 “Солҳои рушди саноат” боз моро водор мекунад, ки баҳри амалишавии ин стратегияҳо саҳмгузор бошем.

Бақои миллат, пешравии давлат аз роҳбари миллатдӯст, ваҳдатсоз, ташкилотчӣ, фарҳангӣ, маорифпарвар, ислоҳотчӣ, сиёсатмадори муваффақ, илмдӯст, олимпарвар вобаста аст. Боиси хушбахтии халқи бузурги тоҷик аст, ки ӯ чунин роҳбарро дар шахсияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайдо кардааст, ки ин нуктаҳоро мо дар ташаббусҳои нав ба нави Сарвари давлат мебинем.

Дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: «Мо то имрӯз барои пешрафти соҳаҳои илму маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, фарҳанг, татбиқи сиёсати ҷавонон, занон ва оила ва рушди варзиш корҳои зиёдеро ба анҷом расонидем. Дар марҳилаи кунуни пешрафти Тоҷикистон ба соҳаи илму маориф афзалияти аввалиндараҷа дода мешавад, зеро онҳо дар таҳкими пояҳои давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёди дунявӣ нақши калидӣ мебозанд.» Инчунин таъкид карда шудааст, ки назорати азхудкунии донишҳои замонавиро пурзӯр гардонида, наврасону ҷавононро ба мутоилаи китобҳои бадеиву илмӣ ташвиқ намоянд, қобилияти эҷодии онҳоро тақвият бахшанд ва ба таълими фанҳои дақиқ, риёзӣ, англисӣ, русӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд. Аз ҳамин лиҳоз, илова намуданд, ки айни замон ҳар нафаре, ки ташнаи илму дониш мебошад, баҳри аз худ намудани фанҳои мазкур камари ҳиммат бандад.

Дар тӯли фаъолияти созандаи худ Пешвои миллат дастгирии илм ва маорифро яке аз самтҳои афзалиятноки стратегияи рушди миллӣ эътироф намудаанд. Нисбати ин ду ҷабҳаи ҷудонашаванда, ки яке дигарашро мукаммал мекунад ба таври мунтазам дар Паёмҳои ҳарсола ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вохӯриҳои зиёдашон бо зиёиёни кишвар, ҳисоботҳои ҷамъбастии солона, тамоми баромадҳову нишастҳои матбуотӣ ва тавассути тамоми воситаҳои ахбори омма ироа доштанд, таваҷчуҳи махсус зоҳир карда мешавад.

Ҳамагон хуб дар хотир дорем, ки солҳои 90-уми асри гузашта бо сабаби ҷанги шаҳрвандӣ дар кишварамон як давраи мушкилот ва карахтӣ нисбати илму маориф, тандурустӣ ва фарҳанг дида мешуд.

Дар ҳамон солҳо аксарияти боғчаҳо, муассисаҳои томактабӣ, мактабҳо, беморхонаҳо як қатор муассисаҳои давлатии хурду калон, корхонаҳо саноатӣ, ва ҳатто донишгоҳу донишкадаҳо қариб, ки дар зинаи аз байн рафтан қарор доштанд ва ё пурра дари худро ба рӯи эҳтиёҷмандон баста буданд.

Танҳо ба шарофати дастгирии Пешвои муаззаму хирадманд ин муассисаҳои илмию-иҷтимоӣ, ки дар он беҳтарин фарзандони миллат барои бурду бохти миллат ва давлат ҷоннисорӣ карда, қаҳрамонӣ нишон доданд, бо дигар кардани сохтор барои тарбия намудани мутахассисони баландпояи барои пешравии ояндаи миллат зарур, пурра нигоҳ дошта шуд, ки аксарияти онҳо айни замон аз ҳисоби буҷаи давлат то ба имрӯз дар сатҳи баланд маблағгузорӣ карда мешаванд. Барои тасдиқи гуфтаҳои боло ҳамин басанда мебошад, ки агар дар 70 соли даврони Шӯравӣ дар Тоҷикистон теъдоди муассисаҳои таълимӣ, донишгоҳу донишкада кам буданд, айни замон шумораи онҳо аз зиёд шудааст, ки ин маҳсули меҳнати шабонарӯзии Пешвои хирадманд, сарсупорида ва оқилу доно мебошад. Таъкид намуданд, ки дар оянда мо бояд мақоми муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро на аз рӯйи шумораи хатмкардагон, балки вобаста ба шумораи хатмкардаҳои бо кор таъминшуда ва дастовардҳоии илмии дар истеҳсолот татбиқ гардида муайян намоем.

Барои баланд бардоштани рӯҳияи миллии аҳолии Тоҷикистони азиз ва худшиносии миллӣ Пешвои муаззами миллат дар Паёми навбатӣ иброз намуданд, ки мо кӣ будани аҷдоди гузаштагони худро бояд донем, ба онҳо арҷ гузорем ва бо насли ориёӣ, яъне ориёнтабор будани худ ифтихор кунем. Дар робита ба ин, бо мақсади омӯзиши амиқи таърихи пурифтихори халқи тоҷик шоҳасари Бобоҷон Ғафуров китоби «Тоҷикон»-аз ҳисоби Фонди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чоп гардида, ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ аз номи Роҳбари давлат ба ҳар як оилаи кишвар туҳфа гардид, ки ин боз як ташаббуси хайрхоҳонаи Сарвари давлат буд.

Ҳамчунин иброз намуданд, ки бо пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Точикистон дар конфронси генералии ЮНЕСКО “ФАЛАК” ҷаҳонӣ гардид.

Дар Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нуқтаҳои муҳим оид ба нақши занону бонувон дар тамоми соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ мавриди баррасӣ қарор гирифта, арзу эҳтирому самимият ва миннтадорӣ ба кулли занону бонувони Тоҷикистон барои ташаббусҳои созанда, дар бунёду ободкориҳо, гулгулшукуфоии кишвари азизамон аз ҷониби Пешвои азизи миллат хуб арзёбӣ гардид, ки ин боиси ифтихори мо занон аст.

Ҳамаи ин дастгириҳои беғаразона Пешвои муаззами миллатпарвар, сарсупоридаи миллат аз он дарак медиҳанд, ки дар навбати аввал ҳамагон- мо бояд ба қадри заҳматҳои Пешвои муазззами миллатдӯст, ваҳдатсоз, ташкилотчӣ, фарҳангӣ, маорифпарвар, ислоҳотчӣ, сиёсатмадори муваффақ, илмдӯст, олимпарвар, ки дасти пиру ҷавонро мегирад, сари ятимону бекасонро сила мекунад, расем. Аз ҳар як нафари мо талаб карда мешавад, ки мо бояд ба қадри дастовардҳои Истиқлолияти давлати Тоҷикистони азиз расем ва онҳоро чун гаҳвараки чашм муҳофизат намоем, зиракии сиёсиро аз даст надиҳем.

Тоҳирова М.Ғ.- сармуаллимаи кафедраи назария ва методикаи таълими забони модарӣ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ