Паём – эътимодбахши фардои нек

Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи ғояхои баландпояи пурмазмун асос ёфта, қисми чудонашавандаи сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар ба ҳисоб рафта, ҷомеаро ба кору фаъолияти пурмаҳсулу самарабахш даъвату ҳидоят менамояд. Имрўз тамоми ҷабхахои ҳаётан мухими ҷомеа дар зери таъсуроти роҳнамоикунандаи Паём қарор дошта, раванду равиш ва амалисозии он дар ҷараён ва ривоҷу равнақ мебошад. Паём ҳуҷҷати асосии Стратегии-тамоми ҷабҳаҳои ҷомеаро дарбар гирифта, вазифаҳо ва амалиётҳои дар пешистодаро равону бо пуррагӣ мурратаб сохта истодааст.

Дар Паём пеш аз хама дар бораи дастовардаҳое, ки дар доираи 30 соли истиқлолият аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ба ҳар як масъалаҳои ҳаёти мардум таваҷҷўҳи махсус дода шуда дар масъалаи соҳаи иҷтимоӣ барои баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, хосатан нафақахўрону маъюбон аҳамияти хоса дода шуда нафақаи онҳо ба панҷоҳ фоиз баланд бардошта шуд. Зеро ки ин шахсон ҳамеша дар мадди назари Сарвари муаззами миллат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳастанд, ки ин ғамхории Президенти кишвар ба тамоми мардуми тоҷик ба шумор меравад.

Гуфтан ҷоиз аст, ки дар шароити кунун паём ҳидоятгари бевоситаи ҷомеа ба шумор меравад, зеро он мўҳтавои асосии сиёсати дохиливу хориҷии кишварро пурра дар бар мегирад.

Дар баробари ба ҳадафҳои стратегӣ расидан Тоҷикистон яке аз мамлакатҳои тараққикардаистода ба шумор рафта, чуноне, ки дар Паём Сарвари давлат қайд карданд, барои таъмини босуботи истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши нерўи барқ, аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани Тоҷикистон, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолии мамлакат ба ғизои хушсифатро амалӣ гардонида истодааст.

Бо мақсади вусъат бахшидан ба ҳалли масъалаҳои зикршуда ва бо дарназардошти зарурати инкишофи соҳаи саноатикунонии мамлакат пешниҳод карда шуд, ки солҳои 2022-2026 «Солҳои рушди саноат» эълон карда шаванд.

Дар Паём махсусан ба соҳаи маориф таваҷҷўҳи хоса зоҳир карда шуд ва аз тарафи Сарвари мамлакат дастур дода шуд, ки аз 1 июли соли 2022 маоши кормандони соҳаи маориф, стипендияи донишчўён 20% баланд бардошта шавад.

Инчунин дар Паём Пешвои миллат мақоми Зан-Модарро махсусан қайд карданд, ки ки зан – модар мавҷуди муқаддас мебошад ва ҳамаи сиёсатмадорону донишмандон ва бузургони олам, аз ҷумла Пайғамбари ислом аз домани поки модар ба дунё омадаанд ва бо шири ҷонбахши ӯ бузург шудаанд.

Паём инчунин соҳаҳои дигари хоҷагии халқро дар бар гирифта, тамоми ҷабҳаҳои сиёсати дохиливу хоричии кишварро дар ояндаи наздик муайян кард.

Абдуллоева А.Р. – устоди ДДХ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ