Паём –раҳнамои маънавият

Мо ҷавонон аз ироаи Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба худ ғизои маънавӣ бардоштем. Паёми имсола идомаи Паёмҳои пешина буда, бо мазмуну мундариҷа ва эътимоднокиаш қобили таваҷҷӯҳ буд. Чунон , ки Ҷаноби Олӣ Президенти кишварамон қайд намуданд,азму талошҳои Сарвари мамлакат ҷиҳатибаланд бардоштани сатҳи зиндагиимардум ва муҳайё сохтани шароити зиндагии шоиста барои ҳар як сокини кишвар равон карда шудааст. Тасдиқи ин нуктаҳоро мо дарзиёдшавии музди меҳнати кормандони соҳаҳои буҷетӣдида метавонем. Бояд гуфт, ки то имрӯз мардум ғамхориҳоидавлатродоир ба беҳтар намуданишароити иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ба таври назаррас эҳсос мекунанд. Ғайр аз онтаъсиси як қатор корхонаву коргоҳҳо барои рушди иқтисоди кишвар мусоидат намуд.Тавассути воридоти техникаву технологияҳои муосир солҳои охир зиёда аз ҳазорҳо коргоҳҳо таъсис дода шуданд,ки ҳазорҳо нафарро бо ҷои кор таъмин намуданд.

Бояд қайд намоям, ки маро ҳамчун зан муносибати махсус ва эҳтиромихосаиСарвари кишвар нисбати занонруҳбаланд месозад, зеро имрӯзҳо нақши занон дар мақоми роҳбариву таҳкими давлатдорӣ хеле назаррас аст. Баробари чароғи фурӯзони оила, тарбиятгар будан, зан инчунин нерӯи созандаи ҷомеа ва ҳимоятгари идомабахши беҳтарин анъанаҳои миллӣ мебошад. Лекин бо вуҷуди ин ҳама дастгириҳои давлат , оид ба ҳуқуқуманфиатҳои занон проблемаҳои ҳалталаб хеле зиёданд ва хуб аст, ки Сарвари кишвар ба он диққати беандоза медиҳанд.

Президенти кишвар дар Паёми худ ғамхории зиёд ба ҷавонон намуда иброз доштанд, ки“Ман ба ҷавонон ҳамчун падар, ҳамчун дӯст таъкид мекунам, ки ба илм, ҳунар, дониш, касб ва омӯхтани забонҳои хориҷӣ рӯ оваред”. Маҳз ҳамин нуқтаҳоро ба инобат гирифта, мо, устодон, тамоми саъю кӯшиши худро барои тарбияи ҷавонони бонангу номус, дар пайи таҳсилбуда, сарф карда, онҳородар рӯҳияи созандагӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои милливу умумибашарӣ тарбия намуда, барои азхудкунонии техникаву технологияҳои муосирсаъй намуда истодаем.

Паёми Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро асос ва роҳнамои фаъолияти худ қарор дода, аҳли ҷомеаи соҳаи маориф кӯшишу ғайрати худро баҳри дар амал татбиқ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф” ва дигар санадҳои барои пешравии иқтисодиёти кишвар муҳим, дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон равона кардааст. Чунки маҳз мутахассисони қавиирода, хештаншинос, худшинос ва аз маданияти халқи худ бохабар метавонанд дар пешравии ояндаи кишвар саҳмгузор бошанд.

Собирова Н.С. - муовини декан оид ба тарбияи факултети психология ва таҳсилоти томактабӣ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ