Паёми Пешво - раҳнамои мост

Таасурот. Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки санаи 21- уми декабр баргузор гардид тавассути ҳамаи шабакаҳои телевизионӣ мустақиман пахш карда шуд.

Дар ҷаҳони пуртуфони муосир таҳкими худшиносии миллӣ ва зиракии сиёсӣ ҳамчун маҳаки асосии пойдории давлату миллат, иттиҳоду ягонагии халқ амри басо зарурӣ ба шумор меравад. Зеро раванди босуръати ҷаҳонишавӣ, бархӯрди тамаддунҳо, манфиатҷӯйии қудратҳо, муборизаҳои идеологӣ ва тавсеаи фаъолияти гурӯҳҳои радикалӣ дар сурати ғафлат метавонанд суботи ҷомеаро халалдор созанд.

Хушбахтона, миллати сарбаланди тоҷик дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти худшиносӣ, ҳифзи неъматҳои Истиқлоли давлатӣ, арзишҳои сулҳу ваҳдати миллӣ қадамҳои санҷидаву устувор гузоштааст

Мо зиёиён аз ироаи паёми навбатии Пешвои миллат ба худ ғизои маънавӣ бардоштем. Дар паёмашон вобаста ба масъалаҳои муҳими иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ сухан ронданд.

Дар суханронии Пешвои муаззами миллат нақши бузурги занон дар эъмори ҷомеаи демокративу дунявӣ ва рушди иқтисоди миллии кишвар фаъол арзёбӣ гардид. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намуданд, ки имрӯз соҳаеро наметавон ёфт, ки занону бонувони тоҷик дар он фаъолияти пурсамар надошта бошанд.

Хушбахт аз онем, ки дар ин паёмашон низ ғамхории зиёд ба занон намуда иброз доштанд, ки “ То соли 2030бояд шароит фароҳам оварда шавад, шумораи бонувони корманд дар мақомоти давлатӣ ба 30 % расида бонувони роҳбар на кам аз 25%-ро ташкил диҳанд .” Тавре, ки дар паёмашон Пешвои муаззами миллат иброз намуданд “Ҳоло 68%-и кормандони соҳаи тандурустӣ, беш аз 73%-и корманди соҳаи маориф ,27%-и кормандони илм ва зиёда аз 23%-и кормандони соҳаи кишоварзиро занону бонувон ташкил медиҳанд”.

Дар суханронии Пешвои муаззами миллат нақши бузурги занон дар эъмори ҷомеаи демокративу дунявӣ ва рушди иқтисоди миллии кишвар фаъол арзёбӣ гардид. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намуданд, ки имрӯз соҳаеро наметавон ёфт, ки занону бонувони тоҷик дар он фаъолияти пурсамар надошта бошанд.

Мо зиёиён ва заноназ ғамхориву дастгириҳои навбатии Пешвои муаззами миллат миннатдорем ва минбаъд низ кӯшиш мекунем, ки дар рушду нумӯи Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми бевоситаи худро мегузорем.

Хошимова Шафоат Файзуллоевна дотсенти кафедраи методикаи таълими таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳи Давлатии Хуҷанд баномиакадемик Бобоҷон Ғафуров

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ