Паём – раҳнамо барои ояндаи миллат

Сарвари давлат чун анъана дар Паёми худ натиҷаи соли гузаштаро ҷамъбаст намуда, самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии кишварро барои соли оянда муайян намуданд, ки ин албатта ҳамчун раҳнамо барои пешрафти минбаъдаи кишвар мусоидат менамояд. Баланд бардоштани шароити зисти мардум, ки яке аз самтҳои стратегияҳои давлат ба ҳисоб меравад, дар Паёми имсола низ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар мувофиқа ба он аз 1 июли соли 2022 музди меҳнати кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, муассисаҳои маориф, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ, инчунин, стипендияи донишҷӯён ва дигар намудҳои стипендия 20 фоиз зиёд карда шуд, ки ин низ як самти ғамхории Ҳукумати кишвар буда, ин нуктаҳо дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид.

Ҳамчунин, дар Паём зикр гардид, ки аз 1 январи соли 2022 музди меҳнати амалкунандаи хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 25 фоиз ва дигар кормандони ин мақомот 20 фоиз, андозаи нафақаи амалкунандаи нафақагирони ятими кулл ва нимятимон бинобар маҳрум шудан аз саробон ба андозаи 25 фоиз аз андозаи ҳадди ақалли нафақаи аз рӯи синну сол муқарраргардида зиёд карда шавад.

Самтҳои асосие, ки дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои давраҳои оянда муайян намуданд, оид ба пешбурди манфиатбори сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд, ки ин барои таъмини шароити хуби мардум мусоидат менамояд.

Ин вазифагузориҳо ва ғамхориҳо мо- ҷавононро вазифадор мекунад, ки минбаъд тамоми саъю кӯшиши худро барои амалисозии он раҳнамун созем.

Ахмедҷонова М.А. - муаллимаи кафедраи назария ва методикаи таълими забони модарӣ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ