​Паём - раҳнамои мо

Асосгузори сулҳ ва ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2022-ро «Соли рушди саноат» эълон намуданд. Вобаста ба ин Вазорати молия, Вазорати маориф ва илм, Академияи миллии илмҳо ва вазорату кумитаҳое, ки дар сохторашон муассисаҳои таълимӣ доранд, вазифадор карда шуданд, ки якҷоя бо роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дар мавриди амалӣ намудани қарори зикршуда ба саҳлангорӣ роҳ надиҳанд. Супориш дода шуд, ки ҷиҳати таҷҳизонидани кабинетҳои фанҳои риёзиву дақиқ ва табиӣ тадбирҳои фаврӣ андешида, аз натиҷаи корҳо ба Ҳукумати мамлакат гузориш диҳанд. Илова бар ин, Пешвои миллаи махсус таъкид намуданд, ки ба хотири боз ҳам бештар ба омӯзиши илмҳои риёзиву дақиқ ва табии ҷалб намудани наврасону ҷавонон, олимону муҳаққиқон ва устодону омӯзгорон озмуни ҷумҳуриявӣ зери унвони «Илм – фурӯғи маърифат» дар сатҳи баланд гузаронида шавад.

Мазмун ва мундариҷаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021 бори дигар шаҳодати сиёсати халқпарварона ва инсонмеҳварона Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Таҳлили Паёми имсола нишон медиҳад, ки дар маркази сиёсати Пешвои муаззами миллат маҳз беҳбуди вазъияти зиндагии мардум, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, таъмини рушди бардавоми иқтисодию иҷтимоии кишвар, эҳёву тақвияти фарҳангу арзишҳои миллӣ, ҳифзи манфиатҳои миллӣ, таъмини суботу амнияти мамлакат, устуворсозии ҷойгоҳи кишвар дар саҳнаи байналмилалӣ ва ғайра қарор гирифтаанд.

Ҳамин тариқ, Паёми навбатии соли 2021 бори дигар собит сохт, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол бо роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳ ва ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон боз як марҳилаи таърихии давлатдориро сипарӣ намуд. Аз баромади Сарвари мамлакат чунин хулоса баровардан мумкин аст, ки ҳар як сухани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, моҳият, мазмун ва мундариҷаи асосии Паёми мазкур ин инъикоси ҳаёти воқеии халқи тоҷик буда, дар он қадриятҳои истиқлолу озодӣ ва соҳибватаниву соҳибдавлатӣ тараннум гардидаанд.

Омузгорони кафедраи забони муосири рус ва забоншиносии умумӣ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ