Аҳамияти таърихии иҷлосияи тақдирсози ХУ1 Шўрои олии Ҷумҳуии Тоҷикистон

Дар ин раванд аҳамияти омўзиши таърихи Иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонниҳоят дараҷа калон ва пуршараф мебошад. Иҷлосияи XVI ҳукумати сифатан наверо рўйи кор овард. Ҳукумате, ки таъсис ёфт, ҳукумати ҳақиқатан миллӣ, мардумӣ ва демократӣ аст. Бо вуҷуди душвориҳо ва мухолифатҳои бешумор ин ҳукумат миллати тоҷикро аз муқовимати сиёсӣ ва ҷанг расонид. Сулҳ овард, сулҳе, ки кишварро обод кард, халқро сарбаланд сохт. Сулҳе, ки онро тамоми ҷаҳон дид ва мавриди омўзишу қобили ибрат донист. Иҷлосияи XVI Шўрои Олӣ роҳро барои сохтмони давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣкушод

Ҳамагӣ чанд моҳ пас кулли ҳамватанон ҷашни бузурги миллат, 29-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки тақдирсоз ном гирифтааст, тантана хоҳем кард. Беҳуда тақдирсоз намегӯянд. Зеро, он дар ҳақиқат ҳам пеши роҳи нобудшавии халқу миллатро гирифта, сохторҳои фалаҷгардидаи ҳокимияти давлатиро аз нав эҳё кард. Раванди ислоҳоти конститутсиониро оғоз намуда, ба ваҳдати воқеии миллӣ асос гузошт. Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистонро чун яке аз рамзҳои асосии давлат тасдиқ намуд.

Дар Паёми худ Асосгузори сулҳу ваҳдат – Пешвори миллат, ПрезидентиҶумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 апрели соли 2012 таъкид месозанд: «Иҷлосияи таърихии Шўрои Олӣ барои барқарорсозии сохти конститутсионии кишвар ва эъмори давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявии Тоҷикистон оғози устувор бахшид ва заминаи нахустини ҳамдигарфаҳмиву ризоияти миллӣ ва сулҳи тоҷиконро фароҳам овард». Хулосаи мазкур дар Паёмҳои солҳои 2000-2021 ҳам алоҳида мазмунан қайд карда шудааст.

Иҷлосияи тақдирсоз (даъвати дувоздаҳум), ки бо мақсади барқарор намудани пояҳои давлатдорӣ моҳи ноябри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд, Қасри таърихии Арбоб даъват шуда буд, баъди баҳсу мунозираҳо роҳи оштӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ояндаи некро кушод. Дар Иҷлосия роҳбарияти нави сиёсии мамлакат дар симои фарзанди фарзонаи миллат Эмомалӣ Раҳмон интихоб шуд. Зимни нахустбаромади худ Сарвари тозаинтихоби кишвар гуфта буданд: «Ман кори худро аз сулҳ сар хоҳам кард. Ман тарафдори давлати демократии ҳуқуқбунёд мебошам. Мо бояд ҳама ёру бародар бошем, то ки вазъро ором намоем. Ҳарчӣ аз дастам меояд, дар ин роҳ талош хоҳам кард». Чун ба ин суханони Сарвари давлат аз мавқеи имрўз ва раванди воқеаву рӯйдодҳои зиндагӣ назар меафканем. бо ифтихор таъкид менамоем, ки суханронӣ ва фаъолияти амалии Президенти кишвар дар ин Иҷлосия ба қалби мардум роҳ ёфта, меҳру муҳаббат, боварӣ ва самимияти бошандагони мамлакатро ба ин сарвари онвақта ҷавону дурбин бештар намуд.

Минбаъд намояндагони халқ ва ҳам роҳбарони сохторҳои тозаинтихоб таҳти роҳбарии он кас барномаи мукаммали раҳоӣ аз буҳрони сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва маънавӣ баровардани кишварро таҳия сохтанд. Ин иқдоми бузург таҳкурсии эҳёи миллиро фароҳам овард. Аз таърих ба мо маълум аст, ки барои ба даст овардани сулҳу оштӣ ҷонибҳои мухолиф ҳар гуна гузаштҳо мекунанд. Вале, дар Иҷлосияи таърихӣ сухан дар бораи масъалаи ҷиддӣ нигоҳдошти якпорчагии Тоҷикистон мерафт. Ин аст, ки масъалаи мазкур меҳвари кори Иҷлосияи XVI таърихию тақдирсоз буд. Маҳз дар чунин вазъият қувваҳои солим ва иштирокчиёни Иҷлосия тавонистанд муттаҳид гардида, манфиатҳои маҳдуди қавмӣ, маҳаллӣ, минтақавиро танг карда, бар зидди тамоюлҳои зиддимиллӣ мавқеи устуворро ишғол ва эҳёи давлати миллиро аз рисолати муҳими Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ шуморанд. Вакилони Иҷлосия ҳамзамон як қатор қонуну қарорҳое қабул карданд, ки онҳо асоси ба даст овардани ризоияти миллӣ ва ба ҳам омадани қувваҳои солими ҷомеа гардиданд. Аз ҷумла, Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гурезаҳо», «Дар бораи аз ҷавобгарии ҷиноӣ, интизомӣ ва маъмурӣ озод кардани шахсоне, ки дар давраи аз 27 март то 25 ноябри соли 1992 дар минтақаҳои дигар ҷиноят ва амалҳои ғайриқонунӣ содир карда буданд» қабул гардиданд, ки ҳамчун иқдомҳои роҳбарияти навинтихоби ҷумҳурӣ барои расидан ба оштии миллӣ буд. Ин амалҳо бешак сулҳи деринтизори тоҷиконро тезонд.

Сарвари давлат дар асари худ «Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат» (Душанбе: Ирфон, 2002, ҷилди 4, саҳ.99) оиди оштии миллӣ ва таъмини сулҳу субот фармудаанд: «Ман аз рӯзҳои аввали фаъолиятам ҳамчун сардори давлат моҳи ноябри соли 1992 дар ҷараёни Иҷлосияи таърихии Парлумони мамлакат изҳор карда будам, ки созгории миллӣ роҳи ягонаги Тоҷикистон аст ва танҳо сулҳ ғояи умумимиллӣ мегардад, ки халқи моро муттаҳид сохта метавонад». Бояд ёдовар шуд, ки қарорҳои Иҷлосия барои пешрафти кишвар дар самти сиёсати хориҷӣ низ аҳамияти хосса доштанд. Иҷлосия роҳҳои ҳамкории судмандро бо мамлакатҳои ҷаҳон ва ташкилотҳои бонуфузи байналмиллалӣ кушод. Ба он мусоидат кард, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ Тоҷикистонро ба ҳайси қисмати ҷудоинопазири хеш эътироф кунад ва дар раванди пешгирии ҷанги шаҳрвандӣ, раҳоӣ аз буҳрони амиқи иқтисодию иҷтимоӣ, сиёсию маънавӣ самаранок ҳамкорӣ кунад.

Аҳли ҷамоатчигии ҷаҳон дар рӯзҳои баргузории Иҷлосия ба раванди воқеаҳои дар ҷумҳурӣ руҳдиҳанда бо таваҷҷӯҳи калон нигоҳ мекард. Дар барқияи Муншии умумии вақти СММ Бутрос Ғолӣ ба унвони Иҷлосия чунин зикр шуда буд: «Мамлакатҳои аъзои СММ бо диққати том ба кори Шумо менигаранд. Дар доираҳои асосӣ чунин мешуморанд, ки маҳз Шумо масъулияти таърихиатонро дарк карда, ба пош хӯрдани Тоҷикистон, ки узви комилҳуқуқи СММ мебошад, роҳ намедиҳед ва минбаъд низ ба Оинномаи СММ ғояҳои озодӣ, сулҳ ва адолат содиқ мемонед. Муншии умумии СММ аз аъзои Шўрои Амният омодаанд ба шумо ёрӣ расонанд ва Тоҷикистонро дастгирӣ кунанд. Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ барои худ ба сўи демократия, озодӣ ва адолат ва ноил шудан ба дастовардхои илму фарҳангӣ олам роҳ кушод». Он шабу рӯзҳо масъалаи муҳим ҳам дар сиёсати дохилию ҳам хориҷии кишвар ба ҷои муқими худ баргардонидани гурезаҳою муҳоҷирони иҷборӣ, барқарор намудани манзилу маскани харобгардидаи онҳо ва фурӯ нишондани оташи ҷанги бародаркуш буд. Дар ҳалли ин масъала роҳбари навинтихоби ҷумҳурӣ аз ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ташкилотҳои бонуфузи байналмиллалӣ даъват ба амал овард. Дар натиҷа оғоз аз соли 1993 раванди бозгашти шаҳрвандон ба ҷойҳои зисти доимиашон, алалхусус, аз Афғонистон шурӯъ шуда, он давоми ду сол идома ёфт. То ба ҳанӯз дар гӯшҳоямон овози ширадори ровии беҳамто Абдурашид Хӯҷамқулов садо медиҳад, ки аз субҳ дар барномаи радиои ҷумҳурӣ «Хоки Ватан» замзама мекард:

Хоки Ватан аз тахти Сулаймон беҳтар,

Хори Ватан аз лолаву райҳон беҳтар.

Дар натиҷаи андешидани чораҳо ва кӯшишу заҳматҳои пайгиронаи Сарвари давлат қариб тамоми 1 млн. гурезаҳо ба Ватан баргаштанд. Роҳи душвори расидан ба сулҳу оштиро сарвари давлатамон, Асосгузори сулҳу ваҳдат – Пешвори миллат, ПрезидентиҶумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар, маҷлиси тантанавӣ бахшида ба 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин ёдовар шуда буданд:

«Вазъият аз он сабаб печидаву мураккаб буд, ки сохторҳои асосии ҳокимияти давлатӣ пурра фалаҷ гардида буданд. Бо вуҷуди ҳамаи ин шўълаи умед дар дилам лаҳзае хомӯш намешуд. Ман ба раҳми Парвардигор, ба хиради азаливу иродаи халқам бовар доштам. Ва ҳамеша ба нерӯи солим ва руҳи сулҳхоҳонаи тоҷик такя менамудам. Имрӯз аз ин минбари баланд бо сарфарозӣ ба мардуми Тоҷикистон изҳор менамоям, ки мо ҳама якҷо аз имтиҳони сангини таърих бо матонату сарбаландӣ гузаштем...»

Чун имрўз он ҳама давраҳои вазнин паси сар шуданду ба ҳукми таърих даромаданд, бо ифтихор метавон гуфт, ки халқи тоҷик таҳти сарварии фарзанди бузургаш, пешвои тоҷикони ҷаҳон, Асосгузори сулҳу ваҳдат – Пешвори миллат, ПрезидентиҶумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи созандагию бунёдкорӣ қарор дорад. Дар татбиқи нақшаҳои муайяннамудаи Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қадамҳои устувор баҳри пешрафту тараққиёти Тоҷикистони азиз мегузорем. Дар ҷумҳурӣ раванди бунёдкорӣ эҳё гардида, сохтмонҳои азими аср роҳҳои мошингарди Кӯлоб- Хоруғ-Қулма- Қароқурум, Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ, нақбҳои «Шар-Шар», «Истиқлол», «Шаҳристон», "Чормағзак», нерӯгоҳҳои барқии обии «Сангтӯда-1», «Сангтӯда-2», хатҳои баландшиддати интиқоли нерӯи барқи «Ҷануб Шимол», «Хатлон Лолазор», «Лолазор Сангтӯда-1,2», «Роғун» , барқарор сохтани садҳо пулҳо, бунёди садҳо муассисаҳои таълимиву фарҳангӣ ва иҷтимоӣ, корам сохтани заминҳои нав далели бунёдкорию созандагии халқи тоҷик ва Ҳукумати Тоҷикистон аст, ки аз Иҷлосияи тақдирсози миллат сарчашма мегирад. Хусусан, ба кор даромадани хатти 500 киловолтаи «Ҷануб - Шимол» ва дар пойгоҳи асосии он насб гардидани трансформатори дуюм ғамхории бузурги Ҳукумати Ҷумҳурӣ барои сокинони вилояти Суғд дар мавсими тобистону зимистон маҳсуб мешавад.

Воқеан ҳам, тантанаҳои ба истифода додани нақби «Шаҳристон» бо иштироки Сарвари давлат ва намояндагони тамоми манотиқи кишвар ба иди ҳақиқии умумихалқӣ табдил ёфта, бори дигар собит сохт, ки мардуми кишвар аз сиёсати пешгирифтаи роҳбари давлату Ҳукумати Ҷумҳурӣ қаноатманд ва ҳамдилу ҳаммаром бо Сарвари давлат аст. Ин намуд мисолҳоро бешумор овардан мумкин, масалан, 18 октябри соли 2015 ба истифода додани роҳи мошингарди Айнӣ – Панҷакент ва дигар иншоотҳо дар вилояти Суғд ( октябри с.2021) бо иштироки Президенти кишвар ва намояндагони тамоми манотиқи кишвар дар рўзҳои иди «Меҳргон»ба иди ҳақиқии умумхалқӣ табдил ёфта ва он тантанаи сиёсатипешгирифтаи Сарвари давлат аст, ки аз он мардуми кишвар баҳраманд аст.

Боиси ифтихор аст, ки ба шарофати Иҷлосияи тақдирсози миллат мартабаю манзалати Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ рӯз аз рӯз боло меравад. Давлати Тоҷикистон дар қатори 263 давлатҳои ҷаҳон вуҷуд дорад, дар қатори 194 давлати аъзои СММ аъзои комилҳуқуқии СММ мебошад ва онҳо тиром кардааст, ба зиёда аз 179 давлатҳои ҷаҳон шартномаҳои дутарафа ва бисёртарафа дорад, Тоҷикистон узви беш аз 80 созмони бонуфузи байналхалқӣ ва минтақавӣ буда, дар ҳалли масъалаҳои глобалии ҷаҳон саҳми сазовор мегузорад. Дохил карда шудани ба рўйхати ташкилоти байналмилалии ЮНЕСКОи СММ ёдгориҳои қадимаи халқи тоҷик - Саразм, Хулбук, Боғи Помир, Шашмақом, Наврўз, Оши Палов ва ғайра. Далели равшани ин гуфтаҳо аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфта шудани пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Сарвари давлати тоҷикон Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон оид ба «Соли оби тоза» эълон намудани соли 2003 ва минбаъд «Даҳсолаи амалиёти «Об барои ҳаёт» солҳои 2005-2015», «Соли 2013 - соли дипломатияи Об», «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор солҳои 2018-2028» аст. Ҷумҳурии соҳибистиқлоли мо аъзои фаъоли иттиҳодҳои ҳамгароии минтақавию байналмиллалӣ Иттиҳоди давлатҳои Муштаракулманофеъ, Созмонҳои Ҳамкории Шанхай, Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ, Ҳамкории иқтисодии АвруОсиё, Ҳамкории иқтисодӣ ва Конфронси Исломӣ буда, ҳамарӯза кӯшиш ба он дорад, ки бо тақвияти ҳамкориҳо ҳар пешомади иқтисодиву сиёсиро ҳаддалимкон ҳаллу фасл намояд. Дар як вақт барои рафъи хавфи ҷаҳони имрӯз ба монанди терроризми ҷаҳонӣ, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, қочоқи маводи мухаддир саҳми арзанда мегузорад.

Дар марҳилаи кунуни ҳизбу гурӯҳҳои гуногуни сиёсӣ - ҷамъиятӣ ба хубӣ маърифат карданд, ки сулҳу истиқлолият ва ваҳдати миллӣ бузургтарин дастовард буда, манфиатҳои шахсӣ, ҳизбӣ, гурӯҳӣ, маҳаллӣ дар баробари ин се неъмати бузург арзише надоранд. Балки онҳо омили парокандагӣ ва бадбахтиҳоанд. Таъмини осудаҳоли дар кишвар, пешрафт дар тамоми соҳаҳо, таҳкими истиқлолияту ваҳдати миллӣ, болоравии обрӯву эътибори мамлакат дар сатҳи байналхалқӣ қабл аз ҳама ба қонуният ва арҷгузорӣ ба қонун алоқаманд аст. Мебояд, ки тамоми созмонҳои давлативу ғайридавлатӣ, аҳзоби сиёсӣ ва ҷамъиятӣ, иттиҳодияҳои динӣ, ҳатто ҳар як шаҳрванд танҳо дар чаҳорчӯбаи қонунҳои амалкунанда кору зиндагӣ дошта бошад. Моро зарур аст, ки худшинос ва аз таъриху фарҳанги бою рангини ниёгон огоҳ бошем. Ба таҳаввулоти ҷаҳони имрӯз дуруст сарфаҳм рафта, ояндаи худро бо ақлу заковати баланд андешем. Баҳри амалӣ гаштани сиёсати ватандӯстонаву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Сарвари давлати тоҷикон Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон саҳми худро гузорем. Танҳо дар ин сурат, моро ояндаи неку дурахшон интизор хоҳад буд.

Ҳақиқатан ҳам омўзиши таърихи Иҷлосияи ХУ1 Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонаҳамияти калони таълимию тарбиявӣ ва илмӣ дорад, чунки дарнатиҷаи омўзиш ба хулоса омадем, киаҳамиятиИҷлосияи тақдирсоз ниҳоятдараҷа бой буда, дар даҳ соли охир садҳо асарҳо офарида шудааст.

Хулоса, аз ин иборат, ки Иҷлосияи ХУ1 Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (16 ноябр – 2 декабри соли 1992) дар шаҳри қадимаи халқи тоҷик, яке аз марказҳои тамаддуни ҷаҳони Хуҷанд, қасри Арбоб баргузор гардида, дар давоми 18 рўз шабу рўзсамаранок кор карда, дар он аз 230 вакилони мардуми 197 нафар иштирок карданд ва 23 масъалаи муҳимизамон дартартиби кори тасдиқ шуда бошад ҳам, зиёда аз 30 масъалаҳои аҳамияти таърихию байналмилалӣ дошта мавриди муҳокима гардида, зиёда аз 90 қарор ва ҳуҷҷатҳо қабул карда шуд. Дар Иҷлосияи тақдирсоз 74 санади ҳуқуқӣ, аз ҷумла 15 қонун, 52 қарор, 6 фармон ва 1 изҳорат қабул кард («СМ»-21.10.2017, № 25.). Тўли солҳои 1991-1992 тақрибан 60 000 нафар фавтида, бисёр шахсон беному нишон гумм шуд, 60 000 нафар ба Афғонистон, 195 000 нафар ба дигар давлатҳо гуреза шуданд, миқдори гурезаҳо ба 1 млн нафар расид, 35 723 хонаҳои истиқоматӣ сўхтаю вайрон гардиданд, 25 000 занҳо бе шавҳар, 53 000 кўдак бе парастор монданд, зарари умуми 10 млрд доллари амрикои буд, Сармуҳаррири рўзномаи «Садои мардум» вакилиШўрои Олии ҶТ Муродиллоҳи Шералӣ 5 майи соли 1992 дар назди бинои Шўрои Олӣ кушта шуд, 24 августи с.1992 Прокурори генералии ҶТ Нурулло Ҳувайдуллоев, 18 октябр санъаткори боистеъдод Кароматуллоҳи Қурбонов ва 11 нафар аъзои гурўҳаш, олимони шонохта, академик Муҳаммад Осимӣ (29 юли с.1996), академик Юсуф Исҳоқӣ ва профессор Минҳоҷ Ғуломов (6 майи с.1996), муовини Сарвазири ҶТ Моёншо Назаршоев (10 марти с.1994), рўзноманигор Муҳиддин Олимпур(12 декабри с.1995) ва даҳҳо дигар шахсиятҳои маъруфи кишвар ба қатл расонида шуданд(«Сухани халқ», 11.10.2017). Дар иҷлосияи ХУ1 Шўрои Олии ҶТ 197 вакил, 70 рўзноманигор, 2200 нафар корманди умури дохила, 200 нақлиёт хизмат намудааст, 116 ҳазор руб дорувор ва сақич(жвачка), 147 қолини бо расми Саидҳўҷа Ўринҳўҷаев, хароҷати сессия 80-90 млн сўм. Ҳар рўз 4 дег (ҳар якаш 60 кг) 240 кг гуруч ош шудааст ва дигар мисолҳоро овардан мумкин.

Дар рафти сессияи тақдирсоз Сарвари давлат Раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тҷикистон вакили мардуми аз вилояти Кўлоб Эмомалӣ Раҳмон, муовинони Раис интиҳоб шуда, Сарвазир, ҷонишинони сарвазир, 21 вазир, 8 раиси кумитаҳо таъйин карда шуд. Яъни истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 сентябри соли 1991 расман эълон карда шуда бошад ҳам, амалӣ гардидади он аз Иҷлосияи ХУ1 шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма мегирад ва он аҳамияти калони таърихию байналхалқӣ ва аз ҷиҳати омўзиши таърихи иҷлосияи тақдирсоз аҳамияти таълимию тарбиявӣ ва илмӣ дорад. Барои бомуваффақият баргузор гардидади Иҷлосияи тақдирсози миллат зиёда аз 500 нафар мардум (вакилани мардуми, раисони шаҳру ноҳияҳо, вилоятҳо, меҳмонони хориҷӣ, рўзноманигорони Ватанию хориҷӣ, арбобони боҳурмати давлатию ҷамъиятӣ, хизматчиёни гуногун, кормандони ташкилотҳои ҳифзи қудратӣ ва дигарон) хизмати софдилона намудаанд ва ғайр аз ин барои муҳофизаи рафти Иҷлосия ҳизматчиёни ҳарбии мамлакатҳои ИДМ ва Россия иштирок карда буданд.

Аз қадим ба мо маълум аст, ки аҳли омўзгорону зиёиён равшангари давру замон, тарғиботчию ташвиқотчиёни ғояҳои инсонпарварию ватандўстӣ, маърифатпарварию маорифпарварӣ, тарзи ҳаёти солим, донишмандию донишандўзӣ ва дар амали ва мустаҳкам намудани равандҳои истиқлолияти давлати ташаббускору ташкилотчӣ, бунёдкору созанда будаанд ва хастанд. Аз ин лиҳоз, дар ин самтҳои асосии фаъолият кормандони соҳаи маориф аҳамияти таърихи умумҷаҳонии Иҷлосияи тақдирсози миллати тоҷик – Иҷлосияи ХУ1 Шўрои Олии Чумҳурии Тоҷикистон дар корҳои таълиму тарбиявӣ, аз он ҷумла дар фаъолияти берун аз синфи барои ободу озидии мамлакати муқаддасамон васеъ истифода боранд. Аз тарафи ва таклифи бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдат – Пешвори миллат, ПрезидентиҶумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳарсолро солҳои аърихӣ эълон намуданашон аҳамияти калони таълимию тарбиявӣ ва илмӣ дорад. Таърих омўзгори оқил аст. Имрўз дар назди мо, муаррихон, вазифаи душвор гузошта шудааст: «Мо таърих ва замони худро чӣ гуна омўзем ва дарк намоем?» Ба ин савол Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон басо хуб ҷавоб додааст!

- «Агар мо таърих ва замони худро ҳамчун лаҳзаҳои гуворо тасаввур карда, танҳо ғами рўзгузаронии худро хоҳем, дар ин маврид ба ягон мақсади хеш нахоҳем расид. Агар мо замони худро ҳамчун давраи барои наслҳои оянда сарнавиштсоз ҳис ва дарк намоем, қувваи мо барои бунёди ҳаёти оянда даҳ чанд мегардад».

Муҳим будани Иҷлосияи таърихии Хуҷандро гувоҳ он аст, ки натанҳо вакилони собиқи Шўрои Олӣ, ветеранҳо ва намояндагони васоити ахбор аз ширкат дар он бо ҳисси қаноатмандӣ ёд меоранду бо ифтихор ҳарф мезананд, инчунин ҳар фарде, ки аз рафти кори чандрўзаи Иҷлосия бохабар буд, то имрўз аз он ёдовар мешавад! Ин Иҷлосия дар роҳи мустаҳкам намудани пояҳои давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд дунявӣ ва ягонаи Тоҷикистон саҳми бузург гузошт. Аз ин рў, хуҷҷатҳои қабулнамудаи ин Иҷлосия ҳеҷгоҳ куҳна намешаванд, баръакс бо мурури замон ва гузашти таърих онҳо ҳамон қадар қадр пайдо мекунанд, сазовори омўзишу баррасӣ, лоиқи тадқиқотҳои илмй оммавӣ мегарданд.

Ҳокимияти давлатӣ дар асоси ҳокимияти қонунгузор - Маҷлиси Олӣ, иҷроия - Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва суд - Ҳокимияти судӣ амалӣ мегардад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сарвари давлат ва ҳокимияти иҷроия, сарфармондеҳи олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Истиқлолияти халқи тоҷик аз Инқилоби сотсиалистии Октябри Кабир (1917) сарчашма мегирад, ки имсол 100-солагиаш қайд карда мешавад.Дар натиҷаи Инқилоби Октябр давлати халқи тоҷик ба номи Тоҷикистон – РАСС Тоҷикистон (1924, аҳолиаш 700 000), РСС Тоҷикистон (1929, аҳолиаш 1 000 000), Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол (1991, аҳолиаш 5,5 млн.), ҳоло бошад 9,7 млн аҳоли дорад .

Дар асоси таҳлили асарҳои дар давраи истиқлолият нашршуда қайд кардан мумкин аст, ки имрўз мо бо қаноатмандӣ гуфта метавонем, ки дар солҳои истиқлолият ташакулли муносибатҳои нави иқтисодӣ ва татбиқи ислоҳоти – дар бунёди соҳаи иқтисодиёт ва рушди ҳамаисоҳахои хоҷагии халқи кишварамон мусоидат намуданд. «Дар таърихи халқи тоҷик Иҷлосияи ХVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва унвони сарнавиштсоз асрҳои аср ёдоварӣ хоҳад шуд, чунки дар ҳаёти кишвар гардиши куллиеро ба вуҷуд овард. Солгарди ҳар воқеаи таърихӣ фурсатест, ки ба гузоштаи хеш назар карда, бурду бохтро таҳти таҳлил қарор бидиҳем».-гфтанд Пешвои миллат. Имрўз бо гузашти айём мо бурду бохт, самараи неки Иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро арзёбӣ намуда, ба хулоса омадем, ки вай дар тамоми равандҳои инкишофи ҷомеа иборат аст.

Эмомалӣ Раҳмон ба ивази саҳми хеле арзишманди худ дар таъмини сулҳи Тоҷикистон, таҳкими амнияти минтақа ва дигар хидматҳои шарофатмандона дар муносибатҳои дўстона ва ҳамкории байни мардумон бо унвони нишонҳои Олии давлатҳо ва созмонҳои гуногуни ҷаҳон сарфароз гардидааст. Ҳамаи ин комёбиҳо натиҷаи дар амал татбиқ намудани роҳи хирадмандонаву оқилона, интихоб кардани вакилони Иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонва сиёсати минбаъдаи давлатдорӣ аст. Дар барои аҳамияти Иҷлосияи ХУ1 Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан ронда Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонқайд карда буданд: «Хурсандибахш аст, ин мақсад дар муддати кўтоҳ то андозае амалӣ гаштва оташи ҷанги хонумонсўз хомўш кардашуд».

Эркаев Сафар Абдулхайрович-дотсенти ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров, иштирокчии Иҷлосияи ХУ1 Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ