Эмомалӣ Раҳмон: Назария. андеша ва пешниҳодҳо дар мубориза бо терроризми байналхалқӣ

Вақте ки ба таърихи мавҷудияти давлати соҳибис­тиқ­лолии Ҷумҳурии Тоҷикистон назар мекунем аз назари ҳимояи амият ва нигаҳдории сулҳу салоҳ дар қаламрави кишвар халқи тоҷик мушкилоти зиёдеро паси сар кардааст. Убури мушкилот ва паси сар кардани садду душвориҳо ба осонӣ ба даст наомадааст ва дар саргаҳи ин ҷоннисориҳо фарзанди шоистаи ин хоку замини аҷдодӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон меистанд, ки шахсияти эшон намунаи олии иродаи қавӣ, далериву нотарсӣ ва заковатмандиву дурбинии сиёсӣ мебошад. Имрӯз ҳини назар кардан аз фосилаи начандон дури таърихӣ ба хубӣ эҳсос мешавад, ки дар кадом вазъи иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва маънавӣ Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ худро чун кишвари мустақил муаррифӣ намуд ва ба қавли баъзе аз коршиносону сиёсатшиносон, хатари аз харитаи сиёсии ҷаҳон зудуда шудани хешро паси сар кард. Имрӯз руҷӯъ ба таърихи даврони ҷанги шаҳрвандӣ моро ҳушдор медиҳад, ки ба имрӯзу фардои худ бо чашми ибрат назар андозем, фаромӯш насозем,ки дар давраи ҷанги шаҳрвандӣ бештар аз 100 ҳазор нафар (1,5% аҳолӣ) ҷони худро аз даст доданд, 100 ҳазор кас бе ному нишон гум шуданд, беш аз 25 ҳазор зани тоҷик беваю 60 ҳазор тифл ятим монда, садҳо манзили истиқоматӣ вайрону валангор гаштанд. Таърих гувоҳ аст,ки маҳз баргузории Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати дувоздаҳум) ва бо қарори Шӯрои Олии Тоҷикистон интихоб шудани фарзонафарзанди миллати тоҷик Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин нобасомониҳо нуқтаи таммат гузошт ва марҳалаи нави зиндагии мардум оғоз гардид. Аз ҳамон лаҳзаи интихоб Пешвои миллат ба масъалаи амнияти кишвар эътибори махсус зоҳир намуда, тамоми қувва ва иродаю имконияти хешро барои таъмини сулҳу амният, баргардондани муҳоҷирин ба Ватан ва шурӯъи музокирот бо мухолифини собиқ равона намуданд. Ин нуктаи назари Раиси Шӯрои Олӣ дар муроҷиатнома ба мардуми шарифи Тоҷикистон аз 12 декабри соли 1992 дар саҳифаҳои заррини таърихи кишвар сабт ёфтааст: «...тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои ободиву пешрафти Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам. Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас агар лозим шавад, ҷон нисор мекунам, чунки ман ба ояндаи неки Ватанам ва ҳаёти хушбахтонаи халқи азияткашидаам бовар дорам…».

Ҳадафи Пешвои миллат оид ба андешидани чораҳои таъхирнопазир ба хотири аз хоки Афғонистон ба ватан баргардонидани гурезагон, баробари барқарор кардани сулҳу салоҳ дар кишвар ва бахшидани зиндагии осуда ба мардум ҳамзамон таъмини амнияти фардои мардуми Тоҷикистон маҳсуб мешуд. Зеро аз назари Сарвари давлат дар хоки Афғонистони ҳамсоя мондани фирориёни тоҷик барои ҷумҳурии мо хатари ҷиддӣ дошт, зеро дар он тарафи сарҳад қувваҳое, низ буданд, ки метавонистанд ин фирориёнро дар оянда ба муқобили давлати Тоҷикистон истифода намоянд. Ин буд, ки ба Ватан баргаштани фиро­риён, пеши роҳи чандин хатарҳои минбаъдаи амнияти кишварро гирифт. Ният ва амали Сарвари давлат дар он рӯзҳо ифодагари дурандешии он кас дар мавриди эҳтиёти кишвар аз қувваҳои аҳримании беруна низ буд,ки бо гузашти замон онҳо бо номи “ тероризми байналмилалӣ” дар қаламрави олам ном бароварданд. Гузашта аз ин воқеаҳои солҳои наваддум як дарси бузурги таърихист,ки донистани ҳақиқати воқеии он даврон имкон медиҳад,ки имрӯз худро аз зиёну зарари қувваҳои аҳриманӣ эҳтиёт намоем.

Бале таърих китобест, ки дар он воқеаҳои рухдодаи олам сабт мешавад ва хушбахт ҳамон миллат аст,ки аз он сабақ мебардорад.Дар ин китоб чи воқеаҳои таърихии пешин ва чи ҳодисаҳои начандон дур арзиш дорад ва мо бояд онро ҳамеша дар мадди назар дошта бошем. Пешвои миллат дар суханронии худ бахшида ба ҷашни Истиқлолияти Тоҷикистон нуктаеро зикр карданд,ки он бояд ба хотири оромии ишвар ва амнияти миллат ҳамеша дар назар мо қарор дошта бошад. Аз ҷумла Сарвари давлат Ҷаноби Олӣ зикр карданд:

“Кишвари мо дар натиҷаи фитнаву дасисаи қувваҳои бадхоҳи дохиливу хориҷӣ ба гирдоби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ гирифтор шуда,хатари аз байн рафтани давлати ҷавони тоҷикон ва парокандагии миллат ба воқеияти талху даҳшатнок табдил ёфта буд.Вале мардуми шарифи Тоҷикистон бо саъю талоши ватандӯстонаву фидокорона ба хотири ҳимояи истиқлолияти давлати ҷавони худ ин имтиҳони сахту сангини таърихро паси сар намуданд.”

Ин гуфтаи Пешвои миллат аз як ҷониб ба мо аз таърихи талхи начандон дури мамлакат хабар диҳад аз ҷониби дигар он ҳушдорест барои ҳамватанон,ки на­бояд мо иштбоҳеро, ки як бор моро сарсону бехону­мон кард такрор намоем. Аз ин гузашта ба воқеаҳои мудҳиши сол­ҳои 90-ум баҳои илмӣ диҳем ва хулосаҳои дуруст барорем.

Дар тӯли фаъолияти роҳбарии худ Пешвои миллат ба масъалаи амнияти миллӣ ва таҳдидҳои қувваҳои аҳриманӣ ба зиндагии осоиштаи мардум эътибори хоса дода,бо пешниҳоду дархостҳои мушаххас ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва мардуми кишвар борҳо муроҷиат кардаанд.Масоили таҳдиду хатарҳои муосир ба амнияти миллӣ ва минтақавӣ ҳамешагӣ мавриди назари Сарвари давлат қарор дорад ва дар кулли суханрониҳои худ дар минбарҳои баландӣ байналмилалӣ аз қабили Созмони милалли муттаҳид, Иттиҳоди давлатҳои мустақил, Созмони аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ , Созмони ҳамкории Шанхай ба мавзӯи мазкур руҷӯъ кардаанд.

Яке аз пешниҳодоти муҳим ва дархости Пешвои миллат дар мавриди амнияти Ватани азизамон ин барқарор намудани тинҷиву оромӣ дар Афғонистони ҳамсоя мебошад,ки сари ин мавзӯъ борҳо руҷӯъ намудаанд. Сарвари давлат ҳини баррасӣ намудани мавзӯи мазкур, ба вазъияти ҳарбиву сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоии кишвари ҳамсоя Афғонистон таваҷҷӯҳ намуда, барқарории сулҳу осоиштагиро дар ин марз аз вазифаҳои аввалиндараҷа ба хотири амнияти минтақа медонанд. Чуноне ки дар Паёми навбати Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ омадааст:” Хатарҳои замони муосир, вазъият дар Ховари Миёна, бахусус, вазъи Афғонистони ҳамсоя моро водор месозанд, ки ба масъалаи таъмини амният диққати аввалиндараҷа диҳем.Бахусус, дар қаламрави Афғонистон пайдо шудани террористони ба ном «Давлати исломӣ», ки баъзе шаҳрвандони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил низ ба он шомиланд, вазъро боз ҳам ноором намуда, боиси ташвиши давлатҳои ҳамсоя гардидааст. Вазъи имрӯзаи сарҳад бо Афғонистон низ моро водор менамояд, ки ба ин масъала таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоем.”

Нуктаҳои мазкур ишорат бар он дорад,ки имрӯз Афғо­нистон маншаи хавфу хатарҳои муосир аз ҷумла экстри­мизм,тероризм ва қочоқи маводи мухаддир гардида­аст,ки он натанҳо ба амнияти ҷумҳурии мо балки тамоми кишварҳои Осиёи Марказӣ таъсири манфӣ мера­сонад. Воқеан таҳлилҳои марказҳои омӯзишӣ ва назари коршиносон дар мавриди афзудани таҳдидҳо дар солҳои охир ба ҳам мувофиқ меояд. Ағлаб бар оннанд,ки солҳои қаблӣ фаъолнокии ҷангиёни Толибон ва “Давлати исломӣ” дар фасли зимистон бинобар баста баста шудани роҳҳои интиқолии Покистон ба Афғонистон каме коҳиш меёфт. Вале муттассифона дар ду соли охир бо вуҷуди муқобилияти якҷояи нерӯҳои байналмилалии зиддитерро­ристӣ ва Артиши миллии Афғонистон ин қувваҳои аҳри­манӣ дар қаламрави Афғонистон доимӣ қарор гирифтаанд. Мусаллам аст, ки дар меҳвари носуботии вазъи сиёсии Афғонистон, зиддиятҳои абарқудратҳои ҷаҳониву минта­қа­вӣ меистад, ки ба иборати маъмули манфиатҳои геопо­ли­тикӣ ва геоиқтисодӣ онро матраҳ менамоем. Боиси зикр аст, ки абарқудратҳоро аз як ҷониб мубориза бар зидди тероризм,экстремизм ва қочоқи маводи мухаддир ба ҳам муттаҳид созад, аз ҷониби дигар манфиатҳои геополитикӣ ва геоиқтисодӣ онҳоро аз ҳам дур меафканад. Ва ин сиёсат аст ва ҳар як нерӯ мақоми худ,ҳадафи худ ва таъсири худро дар Афғонистон ва минтақа дорад: “Вақтҳои охир дар ҷаҳон раванди бартариҷӯӣ, мусаллаҳшавии боши­тоб, пайдоиши нишо­на­ҳои марҳалаи нави “ҷанги сард” боиси нигаронӣ гарди­дааст.” Мусаллам аст,ки мафҳумоти “бартариҷӯӣ”, “мусаллаҳшавии бошитоб”, “ҷанги сард” ин ҳама хоси абарқудратҳо аст ва сард шудани муносибатҳои онҳо таъсири нохуш ба кишварҳое чун Афғонистон мерасонад. Таърихи начандон дури вазъи Ироқу Суриё ва Украина собит кард, ки ин абарқудратҳо барои манфиати хеш аз ҷангу хунрезӣ рӯй наметобанд. Гузашта аз ин Сарвари давлат бо изҳори он, ки дар «Давлати исломӣ», баъзе шаҳрвандони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил шомил мебошанд аз хавфи интиқоли махфиёнаи онҳо ба сарзамини мо нигарон мебошанд.

Боиси зикр аст,ки қочоқи маводи мухаддир ба воситаи сарҳади давлатӣ аз масъалаҳои доғи рӯз маҳсуб мешавад ва он ба амнияти миллии кишвари мо, минтақаи Осиёи Марказӣ таҳдид менамояд. Пешвои миллат дар ин маврид ба факту рақамҳои мавҷуда рӯй меоранд: Тибқи маълумоти расмии Созмони Милали Муттаҳид имсол майдони кишти ин зироатҳо 63 фоиз зиёд шуда, то ба 328 ҳазор гектар расидааст ва дар назар аст, ки истеҳсоли маводи мухаддир нуҳ ҳазор тоннаро дар муодили афюн ташкил хоҳад кард ва кӯшиши интиқоли қисми муайяни ин мавод тавассути кишвари мо низ сурат хоҳад гирифт”. Дар идома натиҷаи интиқоли ғайриқонунии маводи мухаддирро ба Тоҷикистон ин тур ҷамъбаст месозанд: “Аз соли 1994 инҷониб аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомии кишвар беш аз 121 тонна маводи нашъаовар, аз ҷумла зиёда аз 34 тонна героин мусодира карда шудааст, ки ин миқдор мавод метавонист қариб 53 миллион нафарро гирифтори бемории нашъамандӣ ва ҳамин қадар оилаҳоро бадбахт гардонад.” Яъне аз назари Пешвои миллат қочоқи маводи мухаддир дар баробари эҷоди таҳдид ва хавфу хатар ба амнияти мамлакат ба саломатӣ ва зиндагонии шоистаи мардум низ таъсири бад мерасонад. Ба хотири пешгирии ин ҳолатҳои нохушоянд Пешвои миллат ба мақомоти дахлдори Ҷумҳурӣ супоришоти мушаххас доданд.

Дар баробари ин Сарвари давлат бо ибрози ин андешаҳо ишора бар он доранд,ки қочоқи ҳама навъи маводи мухаддир асоси маблағгузории тероризм ба ҳисоб меравад. Маълум аст,ки гурӯҳи экстремистиву терористии ДҲИШ баъди мағлубияташ двр Сурия ва Ироқ маҳз барои дастёб шудан ба сарчашмаи маблағгузорӣ чун маводи мухаддир ба Афғонистон рӯй овард. Яъне ин сарчашма маблағгузории аз ҳисоби қочоқи нафтро сад дар сад метавонад иваз намояд. Ин ҷо рақобат байни “Давлати исломӣ” ва Толибон барои таҳти назорат гирифтани қочоқи маводи мухаддир вазъи Афғонистонро нооромтар ва вазнинтар сохта истодааст. Пешвои миллат дар баробари таҳлили ҳамаҷониба ва баҳогузорӣ ба вазъият, ҳамзамон барои бартараф кардани мушкилот ва проблемаҳои мавҷуда пешниҳоди мушахаси худро баён месозанд: “Мо чунин мешуморем, ки кумак ба эҳёи иқтисодӣ ва рушди иҷтимоии Афғонистон беҳтарин роҳи истиқрори сулҳу субот дар ин кишвар ва таъмини амният дар минтақа мебошад.

Аз ин рӯ, аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват ба амал меорем, ки ҷиҳати дастгирии рушди иҷтимоиву иқти­содӣ ва беҳтарнамудани вазъи амниятии ин киш­вар кумакҳои амалии худро афзоиш диҳанд. Тоҷи­кис­тон кӯшиш менамояд, ки ҳамкории беғаразонаро бо Ҳукумати кишвари ҳамсоя дар ҳамаи ин соҳаҳо тақвият бахшад”.

Ин пешниҳоди Президенти кишвар заминаи воқеӣ дошта,танҳо беҳдошти иқтисодии кишвар, сулҳу суботи доимӣ дар Афғонистон имкон медиҳад баробари осудагӣ дар Осиёи Марказӣ,дар мавриди амалишавии се ҳадафи стратегии Тоҷикистон, хоса боз шудани роҳ ба минтақаи Авруосиё таъсири нек расонад. Мусаллам аст,ки Тоҷикистон минбаъд дар баробари кишварҳои хайрхоҳ ҳамкориҳои иқтисодӣ ва иҷтимоиро бо Афғонистон ривоҷ мебахшад ва барои ҷалби ин кишвари дӯсти ҳамсоя ба ҷараёнҳои ҳамгироии байналмилалӣ ва минтақавӣ мусоидат менамояд. Ҳамзамон дар мавриди барқарор сохтани системаи кишварзӣ ва обёрии Афғонистон низ Тоҷикистон саҳми худро хоҳад гузошт.

Суханронии Пешвои миллат дар маросими ифтитоҳи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез”, ки моҳи май дар Шаҳри Душанбе баргузор гардид ифодагари андешаҳои амиқ ва пешниҳодҳои мушахасси Сарваридавлат доир ба яке аз масъалаҳои доғи рӯз - муқовимат бо терроризм ва ифротгароӣ мебошад. Ҷоизи зикр аст,ки баргузории ин гуна ҳамоиши бонуфуз дар Тоҷикистон аз мақому манзалати шоистаи давлати мо дар байни кишварҳои олам дарак медиҳад ва ифодагари таваҷҷӯҳи беандозаи Пешвои миллати мо ба тинҷиву осудагии на танҳо Тоҷикистон балки минтақа ва ҷаҳон мебошад. Зеро аз назари Сарвари давлат таъмин намудани сулҳу субот ва амнияти пойдории кишварҳо аз вазифаҳои калидӣ маҳсуб мешавад,ки бе он наметаваон рушди соҳаҳои мухталифи минтақа ва ҷаҳонро тасаввур намуд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маърӯзаи худ аз набзи сайёра сухан оғоз намуда,зикр намуданд,ки “зуҳуроти терроризму ифротгароӣ ба хатари бесобиқаи ҷаҳонӣ табдил ёфтааст”. Ба қавли он кас” Дар зарфи солҳои охир зиёда аз 100 мамлакати дунё ҳадафи амалҳои харобкоронаи террористон қарор гирифта, бар асари ҳамлаҳои террористӣ садҳо ҳазор нафар аҳолии осоишта ба ҳалокат расидаанд ва миллионҳо нафар макону манзили зисташонро тарк кардаанд.” Пешвои миллат ҳамоно ба вокеаву ҳодисаҳои Афғонистони ҳамсоя назар намуда,аз он ёд мекунанд,ки танҳо давоми соли гузашта дар ин кишвар аз амалҳои терористӣ беш аз 10 ҳазор нафар зарар дид тақрибан 4 ҳазор кас қурбон гаштаанд. Бо овардани ин санад Пешвои миллат бори дигар хотиррасон мекунанд,ки ин ё он кишвар наметавонад дар танҳоӣ бо хавфу таҳдидҳои афзояндааи амнияту осоиш муқовимат намояд ва ҳамкориву шарикӣ яке аз усулҳои муҳими мубориза ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ Пешвои миллат мегуянд,ки “Стратегияи глобалии Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза алайҳи терроризм ва конвенсияҳои зиддитеррористии он, қатъномаҳои Шӯрои Амният ва Маҷмаи Умумӣ бояд асоси муборизаи муштарак бо терроризму ифротгароиро ташкил намоянд.”

Дигар аз нуктаи муҳиме.ки дар маърӯзаи Пешвои миллат тазаккур меёбад ва имрӯз оламро ба ташвиш овардааст дубора доман паҳн кардани “ҷанги сард” мебошад. Ин зуҳуроти номатлуб пеши роҳи муборизаи якҷояро алайҳи тероризм мегирад ва наметавонад натиҷаи дилхоҳ ба бор орад. Дар баробари ин Пешво миллат ёдрас мекунанд,ки Тоҷикистон дар мубориза алайҳи тероризму ифротгароӣ , тунгароӣ ва дигар таҳдиду хатарҳо шарики кишварҳои олам ва созмонҳои байналхалқӣ мебошад. Аз ҷумла зикр месозанд,ки “дар шароити мураккабу пуртазоди имрӯза мо бояд ҳамкорӣ кунем, на рақобату бартариҷӯӣ.”

Боиси зикр аст,ки Тоҷикистон дар заминаи “ Стратегияи миллӣ оид ба мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ барои солҳои 2016-2020” амал намуда, нақшаи амали он бо 12 ҷанбаи мавзӯӣ дарҷ гардидаанд. Яъне ин маънии онро дорад, ки Тоҷикистон барномаи мушахасси худро дар ин самт дорост ҳамкориҳои ҳадаф­­мандонаро бо шарикони худ дар чаҳорчӯби соз­мон­ҳои минтақавӣ, ба мисли Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони Аҳдномаи амнияти даста­ҷамъӣ ва Созмони ҳамкории Шанхай роҳандозӣ намудааст. Пешвои миллат ба ин барнома ишора намуда, бори дигар аз мавқеи устувори кишвар дар самти мубориза алайҳи тероризм ва хушунат дарак доданд.

Ба андешаи Пешвои миллат беҳ шудани муноси­батҳои байни кишварҳои минтақа имконияти ба сифати нав роҳандозӣ гаштани ҳамкориву ҳамоҳансозии байни­давлатиро эҷод кард, ки Тоҷикистон аз чунин раванди рушди робитаҳои миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ истиқбол менамояд ва “омодагии хешро ҷиҳати таҳкиму тавсеаи ҳамкориҳояш дар ин самт бо тамоми кишварҳои ҳамҷавор иброз медорад.”Дар маърӯза чунончи дар боло зикр ёфт Пешвои миллат ба воқеаҳои солҳои 90-уми асри XX руҷӯъ намуда, аз амали ниҳодҳои тероризми байнал­милалӣ сухан мекунанд. Аз ҷумла ишора мекунанд, ки бо ҳодисаҳои мудҳише,ки имрӯз мардуми оддии Ироқу Сурия, Яману Афғонистон гирифтор шудаанд мардуми тоҷик он солҳо рӯ ба рӯ гашта буданд. Ҳадафи душманони миллати тоҷик низ он замон таъсис додани давлати исломӣ буд,ки натиҷаи он кушта шудани садҳо ҳазор шаҳрвандони тоҷик ва бехонумон мондани беш аз як миллион мардуми осоишта гардид. Бартараф шудани он фалокату ҷангу ҷидолро Сарвари давлат дар ба роҳ мондани муколамаи васеъ медонанд, ки он аз фарҳанги қадимаи мардуми тоҷик сарчашма мегирифт. Ҳамчу­ноне,ки дар маърӯза тазаккур медиҳанд: “ Фидокориву мардонагии халқи тоҷик дар ҳи­мояи марзу бум ва арзишҳои фарҳангу тамаддуни қадимаи хеш, иродаи қавии мардуми мо ба сулҳу субот ва созан­дагиву бунёдкорӣ боис гардид, ки пеши роҳи амалҳои террористону ифротгароёни дохиливу хориҷӣ дар кишвари тозаистиқлоли мо гирифта шавад.” Дар ин маврид Пешвои миллат ин таҷрибаи сулҳофари тоҷиконро дар мубориза алайҳи тероризму ифротгароӣ пешниҳод менамоянд. Воқе­ан танҳо муколамаи самимӣ,бериё, мардона ва мунсифонаи кишварҳои олам метавонад зарбаи воқеӣ бар муқобили ифротгароён ва терористон зада бошад.

Пешвои миллат дар суханронии худ аз мушки­лоти мавҷуда дар мавриди мубориза алайҳи тероризм ва экстремизм,ки дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ба назар мерасад таваққуф мекунанд. Аз ҷумла оиди мавқеъгирии мухта­лиф ,ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ нисбати мафҳумҳои тероризм ва экстремизм ба назар мерасад изҳори нигаронӣ намуда, эҳтироз аз “меъёри дугона”-ро пеш­ниҳод мекунанд. Ин гуна мавқеъгириро боиси тавлиди хатару таҳдидҳои ҷадид меҳисобанд.”Зеро терроризму ифротгароӣ на сарҳадро эътироф мекунаду на давлатро.”

Бахши дигари суханронии Сарвари давлат оид ба муносибати гурӯҳҳои террористиву ифротӣ бо созмон­ҳои диниву миллатгарои тундрав мебошад,ки ба анде­шаи он кас дар натиҷаи “ сӯиистифода аз номи поки дини ислом ба паҳншавии афкори исломситезӣ ва бадбинии мусулмонон мусоидат менамоянд”. Дар ин маврид низ Пешвои миллат аз мавқеи устувори худ нисбати покиву муназзаҳии дини мубини ислом сухан карда, дар мавриди гирифтани пеши роҳи исломситезӣ ҷомеаи ҷаҳониро ба таҳҳаммулгароиву ҳамдигарфаҳмӣ, эҷоди фазои эъти­моду боварӣ даъват месозанд. Ин ҷо нуктаи муҳим ва воқеан таърихии худро,ки ифодагари мавқеи устувор ва дурусти Пешвои миллатро ифода менамояд такрор менамоянд:“террористу ифротгаро ватану миллат ва дину мазҳаб надорад, террорист - террорист аст ва ӯ ҳеҷ гоҳ “худӣ” ё “бегона” ва ё “таҳаммулгарову” “тундгаро” буда наметавонад.” Пеш­ни­ҳоди ниҳоии Пешвои миллат нисбати ду мафҳум-тероризм ва ифротгароӣ таҳия ва қабули мавқеъ ва меъёрҳои ягонаву умумӣ дар ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад.

Ин андеша ва пешниҳоди Пешвои миллат аз омӯзиши амиқи он кас дар мавриди вазъи кунунии ҷаҳон, хатарҳои даҳшатангези қувваҳои аҳриманӣ, мавқеву мақоми кишварҳои олам дар мубориза алайҳи тероризм ва экстремизм, усулҳои мубориза ва ғайра дарак медиҳад. Ҳамзамон он ҷуръати беандоза, мавқеи устувор, андешҳои амиқ, пешниҳодҳои мушаххаси Пешвои муаззами миллати моро ифода менамояд.

Дар суханронии Пешвои миллат нуктаи дигари меҳварӣ баёни омилҳои густариш ёфтани тероризм ва ифротгароӣ мебошад,ки бар он технологияи муосири иттилоотӣ мусоидат менамояд.Зеро тавассути шабака­ҳои иҷтимоӣ ҷалб кардани мардум ба сафи ҳизбу ҳаракатҳои терористиву экстремистӣ осон буда, интер­нет ҳамчун воситаи асосӣ ба кор меравад. Аз ин рӯ Пешвои миллат пешниҳод мекунанд,ки “тақвияти ҳам­ко­риҳои байналмила­лӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла мубо­дилаи иттилоот дар бораи тарзу усулҳои муассири пай­гирӣ намудани чунин сомо­наҳо, аз шабакаи интернет хориҷ намудани онҳо ва расонидани кумаки байниҳам­дигарӣ дар ин самт шарти муҳимми комёбӣ дар мубориза бо кибертерроризм мебошад”.

Сарвари давлат дар маърузаи худ сарчашмаи асосии маблағгузории тероризм ва ифротгароиро дар гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир медонанд,ки он аз зумраи мушкилоти ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад ва дар ин самт низ муборизаи беамон ва тадбирҳои муш­тарак­ро бо истифода аз усулҳо ва воситаҳои замонавӣ пешниҳод мекунанд. Ин ҷо аз мавқеъ ва амали Ҷум­ҳурии Тоҷикистон дар ин самт ибрози назар месозанд: Тоҷикистон бо дарки амиқи ин хатари глобалӣ тайи солҳои тӯлонӣ тамоми кӯшиши худро ба мубориза алайҳи гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир равона мекунад”.

Ҳамин тариқ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон давоми фаъолияти худ ҳамчун Сарвари давлат дар мавриди мубориза алайҳи терроризм ва ифротгароии хушунатомез мавқеи устувор ва ягонаро молик буда, дар мавриди амнияту осоиштагии на танҳо Тоҷикистон ва минтақа балки тамоми олам кӯшиш ба харҷ медиҳанд. Таҳлилу баррасии суханрониҳои Пешвои миллат дар минбарҳои баланде чун Созмони милалли муттаҳид, Иттиҳоди давлатҳои мустақил, Созмони аҳдно­маи амнияти дастаҷамъӣ, Созмони ҳамкории Шанхай, вохӯриҳои сарони кишварҳо дар сатҳи баланд ин нуктаро собит месозад.

Пешниҳоду дархостҳои Пешвои миллат куллан заминаҳои илмиву таърихӣ дошта, онҳо дар асоси омӯзишҳои амиқ ва сабақҳои таърихӣ руи кор омада­анд ва манзури онҳо ба ҷомеаи ҷаҳонӣ аз масъулияти баланди Сарвари давлат нисбати тинҷиву осоиштагии олам дарак медиҳад. Фаъолияти Пешвои миллат дар ин самт дар густариш додани муқовимати якҷояи нерӯҳои солими ҷаҳонӣ бар зидди терроризму ифротгароии хушунатомез ва дар баҳамоии назару андешаҳои ҷадид таъсири бузург мегузорад, мақом ва мавқеи Тоҷикс­тонро дар байни давлатҳои ҷаҳон боло мебар­дорад ва дар густариши ҳамкориҳо замина мегузорад. Пешниҳо­ду дастурҳои Пеш­вои миллат раҳнамое барои ояндаи обод ва зиндагии осудаи мардуми олам мебошад.

Саидов С. - устоди факултети филологияи тоҷик

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ