Беҳтарин донандаи забони чинӣ дар соли 2021
Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ҷавонони лаёқатманду фарҳехтаеро ба камол мерасонад, ки на танҳо ифтихори донишгоҳ, балки фаҳри миллату Ватананд. Аз зумраи чунин донишҷӯёни фаъол донишҷӯи факултети забонҳои шарқ Нарзуллоева Мӯниса мебошад, ки бо дастовардҳои нодир нуфузи донишгоҳ ва ҳам Тоҷикистони азизамонро баланд мебардорад.
Ҳафтаи гузашта номи ӯ дар сархати расонаҳои хабарӣ ва сомонаҳои иттилоотӣ қарор гирифт. Аз ӯ ҳамчун беҳтарин донандаи забони чинӣ дар соли 2021 ва ғолиби озмуни байналхалкии «Пули забони чинӣ» ном гирифтанд.
Номбурда миёни донишҷӯёни давлатҳои Осиёи Миёна сазовори ҷойи сеюм гардида, ба рӯйхати «15 донишҷӯи хориҷии беҳтарин донандаи забони чинӣ дар соли 2021» шомил шуд.
Озмуни байналмилалии «Пули забони чинӣ» моҳи майи соли равон бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, санаи 20 октябр ҷамъбаст шуд.
Шарти озмун чунин буд, ки дар он саволҳо доир ба таърих, фарҳанг ва географияи Чин пешниҳод шуда, иштирокчиён ба он бояд бо забони чинӣ посух медоданд.
Даври ниҳоии озмуни байналмилалии «Пули забони чинӣ» бо иштироки сардафтари институти Конфутсий дар шаҳри Пекин баргузор гардид.
Озмуни мазкур ду моҳ идома ёфта, дар он 70 ҳазор нафар иштирокчиён аз 101 давлати дунё иштирок намуданд.
Нарзуллоева Мӯниса Хайруллоевна 25 декабри соли 1999 дар ноҳияи Ашт, ҷамоати Ориён таваллуд шудааст. Дар донишгоҳ ў соҳиби унвони “Беҳтарин донандаи иероглиф” ва “Беҳтарин донандаи забони хитойӣ” гардидааст.
Аз рўзҳои нахустини донишҷўияш дар бисёр чорабиниҳои гуногунсатҳ иштирок намуда, ҷойҳои намоёнро соҳиб шудааст. Хусусан, дар озмунҳои факултет, ки бо ташаббуси кафедраи забонҳои форсӣ ва хитойӣ баргузор мегардад, Мӯниса Нарзуллоева хеле фаъолона иштирок мекунад.
Соли 2019 низ барои Мӯниса соли хотирмон буд. Зеро ӯ аз ҷониби сафоратхонаи Чин соҳиби стипендияи як сола гардида, ба шаҳри Шанхай барои идомаи таҳсил роҳхат пайдо намуд.
Имсол низ барои ӯ соли дастовардҳост. Дар баробари ғолибият дар озмуни байналмилалии “Пули забони чинӣ” ва шомил шудан ба рӯйхати «15 донишҷӯи хориҷии беҳтарин донандаи забони чинӣ дар соли 2021», инчунин ӯ соҳиби стипендияи Донишкадаи Конфутсий гардид.
Шоистаи таъкид аст, ки Мӯниса Нарзуллоева аз Тоҷикистон аввалин нафар мебошад, ки дар озмуни пуршукўҳи байналмилалӣ ба гирифтани мақоми ифтихорӣ ва чунин дастоварди нодир соҳиб шудааст.
P.s. Ҷомеаи меҳнатии донишгоҳ Мӯнисаро бо чунин дастовард табрик гуфта, бо чунин шогирдони шоиста ифтихор дорад.
Маркази иттилоот ва таҳлил