Бунёдгузори кохи муҳташами истиқлол
Имрӯз Тоҷикистон ба муносибатҳои сатҳи гуногун бо давлатҳои Аврупо аҳамияти ҷиддӣ дода, кӯшиш мекунад таҷрибаи бойи кишварҳои ин минтақаро омӯзад. Олим ва сиёсатшинос З.Ш. Сайидзода дурустқайд мекунад, ки бо назардошти имкониятҳои бузурги техникӣ ва молиявие, ки давлатҳои аз ҷиҳати саноат пешрафтаи Аврупо, ба монанди Британияи Кабир, Олмон, Фаронса ва Италия доранд, густариши муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон бо ин кишварҳо аз лиҳози иқтисодӣ ва фарҳангӣ барои мо бисёр муфиданд ва аҳамияти калон доранд.
Истифодаи таҷрибаи ин мамлакатҳо дар бахшҳои иқтисодӣ ва илму технологияҳои муосир ба бунёди ҷомеаи аз ҷиҳати иқтисодӣ худкифо ва воқеан демократӣ дар Тоҷикистон шароит фароҳам хоҳад меоварад.
Бисёре аз давлатҳои минтақаи Аврупо яке аз аввалинҳо шуда истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро эътироф намуданд ва намояндаҳои доимии худро дар шаҳри Душанбе ифтитоҳ намуданд. Муносибатҳои Тоҷикистон бо кишварҳои Аврупо асосан дар солҳои 1991-1992 аз раванди ба расмият шинохтани ҷумҳурӣ ва барпо намудани муносибатҳои дипломатӣ бо ин кишварҳо оғоз ёфт.
Бо назардошти аҳамияти сиёсӣ ва ҷойгиршавии ҷуғрофии Тоҷикистон баъд аз оғози амалиёти зиддитеррористӣ дар Афғонистон якчанд кишварҳои Аврупо дар Тоҷикистон намояндаҳои дипломатии худро ифтитоҳ намуданд. Моҳи ноябри соли 2001 дар шаҳри Душанбе сафоратхонаи Ҷумҳурии Фаронса ва моҳи декабри ҳамон сол сафоратхонаи Британияи Кабир дар пойтахти кишвар ба фаъолият оғоз намуданд.
Равобити Тоҷикистон бо Фаронса бисёр дар сатҳи баланд қарор дошта, солҳои охир тамоюли боз ҳам рушд кардан доранд. Дар айни ҳол муносибатҳои дуҷонибаи байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Фаронса дар соҳаҳои иқтисодӣ, фарҳангӣ ва ҳарбӣ самаранок ҷараён доранд. Ба инкишофи ҳамкориҳои дуҷонибаи фарҳангӣ, инчунин, ташрифи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Фаронса ҷиҳати иштирок дар кори Конфронси генералии ЮНЕСКО моҳи октябри соли 2005 мусоидат кард. Дар рафти ташриф «Рӯзи фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Фаронса» бо иштироки васеи намояндагони санъати тоҷик баргузор шуд. Ҳамзамон вохӯрии Президенти Ҷумҳурии Фаронса ҷаноби Жак Ширак бо арбобони санъати тоҷик доир гардид, ки дар он ҷаноби Жак Ширак онҳоро бо мукофотҳои давлатии Фаронса сарфароз гардонид.
29 ноябри соли 2015 Президенти кишвар ҷиҳати иштирок дар Конфронси 21-уми тарафҳои Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим ба Ҷумҳурии Фаронса сафар карданд. Дар доираи ин сафар Эмомалӣ Раҳмон, инчунин бо як қатор намояндагони ширкатҳои бузурги фаронсавӣ вохӯрӣ анҷом доданд.
Инчунин имрӯзҳои машваратҳои сиёсӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Фаронса баргузор гардида истодаанд, ки муносибатҳои ду кишвари ба ҳам дӯстро метавонанд ба марҳилаи сифатан нав бароранд. Яке аз аввалин чунин машваратҳои сиёсӣ 8 декабри соли 2016 дар шаҳри Париж миёни вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Фаронса баргузор шуданд, ки зимни онҳо доираи васеи масъалаҳои дуҷониба миёни Тоҷикистон ва Фаронса, мавзӯъҳои мубрами ҳамкориҳои минтақавӣ ва бисёрҷониба (мубориза алайҳи экстремизм ва терроризм, қочоқи маводи мухаддир, таъмини рушди устувор), муносибатҳои Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо, масоили байналмилалӣ, аз қабили вазъи Афғонистон ва Ховари Миёна муҳокима гардиданд.
Сафари навбатии рӯзҳои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзҳои 12-14 октябри соли 2021 ба давлати Фаронса боз як маротиба исбот кард, ки имрӯз Тоҷикистон ба муносибатҳои сатҳи гуногун бо давлатҳои Иттиҳоди Аврупо, алахусус Аврупои Ғарбӣ аҳамияти ҷиддӣ дода, кӯшиш мекунад таҷрибаи бойи кишварҳои ин минтақаро омӯзад.
Имрӯз Президенти Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, худро бори дигар ҳамчун як раҳбари ҷаҳон нишон дод, ки қодир ба муқовимат ба таҳдидҳои глобалӣ, аз қабили терроризми байналмилалии дорои мазҳабӣ ва ифротгароии мазҳабӣ ва сиёсист, ки бо тавофуқи баъзе кишварҳои калидии Авруосиё, дар Афгонистон мавкеъ пайдо карданй мешаванд. Имрӯз Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки ба таҳдидҳои миқёси умумиҷаҳонӣ, ки аз Афғонистон таҳти роҳбарии гурӯҳи террористии Толибон сар мезананд, муқовимат кунанд. Мавқеи принсипиалии Президенти Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими суботи минтақа, муносибати оштинопазираш дар мубориза бо терроризм ва ҳифзи ҳуқуқи занон аз ҷониби Президенти Фаронса Эммануэл Макрон баҳои баланд гирифт.
Фаронса ва Тоҷикистон ҳамчун кишварҳое, ки барои ҳифзи арзишҳои умумибашарӣ ва мероси фарҳангии инсоният устуворона ҷонибдорӣ намуда, дар рушди тамаддуни башарӣ саҳми арзанда гузошта истодаанд. Маҳз Тоҷикистон ва Фаронса яке аз аввалинҳо буданд, ки нобудсозии муҷассамаҳои Буддо дар Бомиёни Афғонистонро, ки Толибон дар замони ҳукмронии аввали онҳо анҷом дода буданд, маҳкум карданд. Тоҷикистон ҳамеша сокинони бумӣ ва созандаи минтақаи мо буданд ва мемонанд, ки таърихан ба ҳама ҳамчун Хуросони Бузург маълум аст. Дар ин бора ифтитоҳи президентҳои Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ва Фаронса Эммануэл Макрон, 13 октябри соли 2021, намоишгоҳи таърихии "Тоҷикистон - кишвари дарёҳои тиллоӣ" дар Осорхонаи ҳунарҳои осиёии Париж "Гимет" ифтитоҳ ёфт. Бозёфтҳои таърихӣ дар шакли 211 экспонат, ки дар ин намоишгоҳ ба намоиш гузошта шудаанд, аз мероси қадимаи фарҳангӣ ва бадеии халқи тоҷик, ки ба ҳазораи чоруми пеш аз милод рост меояд, шаҳодат медиҳанд. Тавре президенти Фаронса Эммануэл Макрон қайд кард, «ин намоишгоҳи аҷибе дар бораи тамаддуни ҳазорсола аст. Ин намоишгоҳ тасдиқ мекунад, ки Тоҷикистон чорроҳаи воқеии тамаддунҳост ”.
Воқеан, Фаронса кишварест, ки имрӯз на танҳо қароргоҳи ЮНЕСКО воқеъ аст, балки он кишварест, ки дар баробари Тоҷикистон миллионҳо афғонҳоро ба зиндагии осоишта ва шоиста умед мебахшад. Мардуми Тоҷикистон имрӯз Иттиҳоди Аврупо ва Фаронсаро дӯст ва шарики боэътимод меҳисобанд, ки пайваста сиёсати таҳкими сулҳ ва ҳифзи субот дар Авруосиёро пеш мегиранд. Дар навбати худ, Иттиҳоди Аврупо ва Фаронса низ бояд мутмаин бошанд, ки Тоҷикистон таҳти роҳбарии хирадмандонаи Президенти Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шарикии дӯстона ва дарозмуддат бо Фаронса ва мардуми Аврупо содиқ мемонад. Ба гуфти собиқ Президенти Фаронса Жак Ширак “Мардуми Фаронса ҳеҷ гоҳ мавқеъгирии устувори Президенти Тоҷикистонро, ки бар фарҳанги ғанӣ ва волои сиёсии миллати тоҷик асос ёфтааст, фаромӯш нахоҳад кард” (соли 2002).
“Дарҳақиқат сиёсати хирадмандона ва фарогири Сарвари давлат имкон фароҳам овард, ки мардуми тоҷик, ба қавли ӯ, «таърихи навини худро бо дастони хеш навишта, саҳифаҳои гузаштаи пурифтихори аҷдодамонро зинда гардонад ва бори дигар ба ҷаҳониён собит намояд, ки созандагиву бунёдкорӣ рисолати суннативу деринаи миллати фарҳангии тоҷик мебошад». Беҳтарин далели ин рисолат кору пайкори созандаи худи Сарвари миллат Эмомалӣ Раҳмон аст, ки имрӯз бо бунёди кохи мӯҳташами Истиқлолият замина ва василаҳои сарсабзиву шукуфоии ояндаи Тоҷикистонро фароҳам меоварад”, менависад академик, собиқ Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Талбак Назаров.
Бо назардошти имкониятҳои бузурги техникӣ ва молиявие, ки давлатҳои аз ҷиҳати саноат пешрафтаи Аврупо, ба монанди Британияи Кабир, Олмон, Фаронса ва Италия доранд, густариши муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон бо ин кишварҳо аз лиҳози иқтисодӣ барои мо бисёр муфиданд ва аҳамияти калон доранд. Истифодаи таҷрибаи ин мамлакатҳо дар бахшҳои иқтисодӣ ва илму технологияҳои муосир ба бунёди ҷомеаи аз ҷиҳати иқтисодӣ худкифо ва воқеан демократӣ дар Тоҷикистон шароит фароҳам хоҳад овард.
Кӯшишҳои пайвастаи Эмомалӣ Раҳмон ба хотири муаррифӣ намудани Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ тавассути фарҳанги оламгири халқи тоҷик шоистаи таҳсин аст. Дар ҷумҳурӣ ва берун аз он чорабиниҳои зиёди фарҳангӣ ва ҷашнҳои бузургдошти фарзандони барӯманди миллат баргузор мешаванд, ки ба шинохти тоҷикон, таъриху фарҳанг ва дороиҳои маънавии ин миллати куҳанбунёд мусоидат мекунанд. Ба ин маънӣ Эмомалӣ Раҳмон нахустин сарваре дар таърихи навини тоҷикон маҳсуб мешавад, ки дар худшиносиву худогоҳии миллат марҳилаи комилан тозаеро эҷод намуд ва мақоми тоҷикону Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ рифъати воқеӣ бахшид.
Равшан Усанов - дотсенти МДТ “ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”