Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ – омили устувори пешрафти ҷомеа

Дар шароити гуногунрангию пуртазоди муносибатҳо ва сиёсати ноустувори иқтисодии ҷаҳонӣ ҳар як кишвар дар сурате метавонад вобаста ба ташкили иқтисодиёти худ истодагарӣ ва ё муқовимат намояд, ки агар заминаҳо ё таҳкурсии устувори иҷтимоии иқтисодӣ ва маънавӣ дошта бошад. Дар Паёми худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон соли 2018-ро дар кишвар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон намуда қайд карда буданд: “Бо мақсади тараққӣ додани соҳаи сайёҳӣ, муаррифии шоистаи имкониятҳои сайёҳии мамлакат ва фарҳангӣ миллӣ дар арсаи байналмилалӣ, инчунин, ҷалби сармоя ба инфрасохтори сайёҳӣ пешниҳод менамоям, ки соли 2018 дар кишвар «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон карда шавад.

Сайёҳӣ дар сатҳи ҷаҳон дар даҳсолаи охир аҳамият ва мавқеи хоси худро пайдо карда, бо самтҳои гуногун ва шаклу намудҳои фасеҳи хизматрасонӣ тадриҷан рушд ёфта истодааст. Имрӯз дар бозори сайёҳии ҷаҳонӣ ду соҳаи мустақили сайёҳӣ: байналмилалӣ ва дохилӣ бо низом ва сохторҳои махсуси худ амал менамоянд ва дар байни ҷомеа низ маъруфият пайдо кардаанд. Дар ҷаҳон соҳаи сайёҳии байналмилалӣ ҷои сеюмро ишғол менамояд ва он 30% содироти хизматрасониро ташкил медиҳад.

Соҳаи сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон қодир аст, ки ҳама гуна талаботи сайёҳонро қонеъ гардонида, яке аз соҳаҳои мунтазам тараққикунанда, самарабахш ва манфиатнок маҳсуб ёбад. Барои ноил шудан ба рушди устувори соҳаи сайёҳӣ ва баланд бардоштани вазъи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва экологии кишвар саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон назаррас аст.

Барои вусъат бахшидан ва бо дар назардошти зарурати инкишофёбии инфрасохтории деҳот, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Парлумони мамлакат солҳои 2019-2021-ро солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунаҳои мардумӣ эълон намуд.

Чуноне ки сарвари давлат зикр намуданд, барои бунёд намудани инфрасохтори соҳаи сайёҳӣ ва омода намудани даҳҳо ва садҳо ҳазор ҳунармандони соҳибкасб ва дорои ҳунарҳои мардумӣ як сол кифоя нест. Ба ҳамин хотир барои рушди инфрасохтори соҳаи сайёҳӣ дар ҳамаи минтақаҳои кишвар бояд тадбирҳои зарурию иловагӣ андешида шаванд

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани соли 2019-2021 ба дарки аҳамияти самтҳои мазкур дар ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии мардум такони ҷиддӣ бахшид. Табиист ки соҳаи сайёҳӣ бе рушди деҳот ва бе фароҳам овардани шароити мусоиди сайругашт дар маҳалҳо чандон инкишоф намеёбад, аз ин рў, хеле саривақтист вақте ки Сарвари давлат дар Паёми навбатиашон ба ин масъала диққати зарурӣ доданд. Гузашта аз ин, ба ҳамагон маълум аст, ки макони сайругашти сайёҳон ва он ҷое, ки ҳунарҳои мардумии ин ва ё он халқу миллатҳо ба таври зарурӣ ҳифз гардидаву асолати худро гум накардаанд, маҳз деҳот ва маҳаллу минтақаҳо мебошанд.

Агар ба таври дигар гўем, рушди деҳоту соҳаи сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ба ҳамдигар пайванди ногусастанӣ дошта, яке бе дигар рушду инкишоф намеёбанд.

Ҳунар дар ҳама давру замонҳо рисолати созандагии халқияту миллатҳо ва рушду нумўи соҳаҳоро иҷро кардааст. Таҷрибаҳои таърихӣ низ исбот менамоянд, ки бештари кишварҳои олам тавассути фарҳанг ва ҳунарҳои милливу мардумиашон худро ба оламиён шиносонидаанд. Яке аз падидаи муҳими фарҳанги миллии тоҷикон ҳунарҳои мардумӣ ва навъҳои гуногуни он ба шумор меравад. Гарчанде мардуми тоҷик аз давраҳои қадим то ин ҷониб арҷгузорӣ ва эҳтироми хешро ба ҳунару ҳунармандӣ ва анъанаҳои миллӣ пос доранд ҳам, омилҳои ҷаҳонишавӣ хатари аз байн бурдани ҳунарҳои мардумии моро ба миён овардааст. Таърих собит намуд, ки мардуми тоҷик аз қадим ҳунарманд буд. Мақсади равонашуда барои рушд додани ҳунарҳои халқӣ, дарёфти ҳунармандони болаёқат ва таваҷҷуҳи сайёҳонро ба Тоҷикистони биҳиштосои мо ҷалб кардан буд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо ин ташаббуси навбатии худ, заминаи бузурге барои рушди ҳунарҳои мардумӣ гузоштанд. Зеро чуноне, ки маълум аст, тоҷикон мардуми куҳанбунёду меҳнатдўст, ҳунарманд мебошад.

Ҳунарҳои мардумӣ ҳамчун таҷрибаҳои муфиди ҳаётӣ дар баробари таъмини ниёзҳои моддиву маънавии аҳли ҷомеа инчунин, нақш ё функсияи муҳими тарбиявиро низ ба иҷро мерасонанд. Дар раванди такрорёбандаи аз насл ба насл интиқол додани маҳорату малакаҳо тадриҷан донишу таҷриба ва усулу равишҳои анъанавии таълими ҳунарҳои мардумӣ ташаккул меёбанд, ки истифодаи онҳо на танҳо барои ташаккули қобилияту истеъдоди касбию меҳнатӣ ва ин ҳунарҳоро хуб аз худ кардани насли ҷавон, балки барои дар рўҳияи некпиндорӣ, некгуфторӣ, некрафторӣ, инсондўстӣ, зебоипарастӣ, масъулиятшиносӣ, меҳнатдўстӣ ва дигар фазилатҳои инсонӣ тарбия кардани онҳо ҳам мусоидат менамояд.

Наслҳои оянда тавассути шинос шудан бо ҳунарҳои суннатии ниёгон ва аз худ кардани онҳо аз таъриху сарнавишт, тарзи зиндагӣ, урфу одатҳо, дину эътиқод ва орзуву ормонҳои наслҳои гузашта огоҳ мешаванд. Ба ибораи дигар, ҳунарҳои мардумӣ намегузоранд, ки мо таърихи миллат ва ватани худро фаромўш кунем.

Дар ҳақиқат, шахсе, ки ватани аҷдодии худро дўст намедорад, таърихи ниёгони худро намедонад ва бо фарҳанги ниёгони худ ифтихор намекунад, чунин шахс эҳсосоти миллӣ ва фарҳангу суннатҳои мардумии қавму миллатҳои дигарро низ ҳеҷ гоҳ эътироф ва эҳтиром карда наметавонад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, чун як раҳнамо ва ҷонфидои миллат бо қадрдонии фарҳанги миллату халқи худ дар роҳи эъмори як кишваре, ки метавонад бақои устувор дошта бошад, қадамҳои устувори худро гузоштааст.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд, ки мо – тоҷиконро чун соҳиби фарҳанги воло дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ кунанд. Дар аввалин рўзҳои вазифаи пурмасъулияти роҳбарии давлатро ба дўш гирифтан, ки Тоҷикистон дар ҳолати нобудӣ қарор дошт ва миллат парокандаву сарсон буд, ба ҳамватанони дар ғурбат қарордошта аз минбари баланди ВАО иброз дошта буданд: «…Ба ватан биёед. Шуморо хонаву даратон интизор аст. Ба иғво дода нашавед. Ман ба шумо кўҳи тилло ваъда намекунам. Танҳо инро мегўям, ки агар як пора нон ҳам дошта бошем, онро бо ҳам мебинем». Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, дар яке аз суханрониҳои худ, таъкид менамоянд, ки: «Дар шароити ҷаҳонишавӣ, яке аз вазифаҳои асосии ҳар як давлат- ҳифзи асолати миллӣ, забон, фарҳанг, аз ҷумла ёдгориҳои таърихӣ мебошад». Яке аз дастгириҳои муҳиму саривақтии Сарвари дилсўзу ғамхор ин аст, ки бо мақсади ҳавасмандгардонии аҳолӣ ҷиҳати истеҳсоли молҳои ниёзи мардум дар хона ва рушди ҳунарҳои мардумӣ аз 1 январи соли 2018 фурўши чунин молу мавод дастур доданд, ки аз пардохти ҳамаи намудҳои андоз озод карда шаванд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар як сафарҳои худ ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ махсус саҳнаи намоиши ин ҳунару анъанаҳоро тамошо мекунанд. Бо аҳли ҳунар сўҳбату мулоқот анҷом медиҳад, аз асрори касбу ҳунарҳои мардумӣ воқиф мешавад ва дастуру маслиҳатҳои худро барои пешрафту нумўи ин ҳунарҳо дареғ намедорад.

Ташаббусҳои созанда аз он гувоҳӣ медиҳад, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахсияти фарҳангдўстест, ки ба эҳёи анъана ва ҳунарҳои миллӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд. Ин раванд, бахусус дар шароити ҷаҳонишавӣ барои ҳар миллату давлат хеле муҳим аст. Зеро ин раванд солҳои охир беш аз пеш вусъат ёфта, дар баробари арзишҳои маънавӣ намунаҳои ҳунарҳои мардумӣ низ аз марзи як кишвар фаротар рафта, мавриди истифодаи умум қарор гирифта истодаанд. Ба ин хотир, бо дастгирии бевоситаи Пешвои миллат расму оинҳои мардумӣ ба танзим дароварда шуда, беҳтарин анъанаву суннатҳои аҷдодӣ эҳё гардиданд.

Боиси ифтихор аст, ки рушди деҳот, сайёҳӣ ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ дар низоми сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз самтҳои муҳиму афзалиятнок эълон гардида, он ҳамчун воситаи тавоноии ташаккули идеологияи миллӣ, муаррифкунанда ва муайянкунандаи мақому манзалати ҷомеаву мамлакат дар арсаи байналмилалӣ хидмат мекунад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди он роҳу усулҳои амалисозии тадбирҳои заруриро ба нақша гирифта, дар сатҳи баланд роҳандозӣ месозад.

Айни замон дар ҷумҳуриамономодагиҳо ба ҷашни умумиллӣ, яъне 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон босуръат идома доранд. ташаббусу иқдомоте, ки ба хотири дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ин ҷашни умумиллӣ имрўзҳо дар саросари кишвар роҳандозӣ шуда истодаанд, бешак ба ободу зебо гардидани Ватанамон нигаронида шудаанд. Ва дар ин радиф, он чорабиниву тадбирҳои судманде, ки тайи се соли дар доираи «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардидани солҳои 2019-2021 амалӣ шуда истодаанд баҳри ободу шукуфон гардидани Тоҷикистони маҳбубамон, ки хонаи умеди ҳар тоҷики рўйи олам аст, равона карда шуда аст.

Саидова М.И. - муаллимаи кафедраи умумидонишгоҳии сиёсатшиносӣ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ