​Омўзиши Қалъаи Хуҷанд дар солҳои Истиқлолият

Миллати кӯҳанбунёди тоҷик ҷузъи таркибӣ ва созандаи таъриху фарҳанги волои башарӣ мебошад. Ёдгориҳои мероси фарҳанги моддӣ ва ғайримоддии ин миллати қадим пайвандгари ҳаёти моддӣ ва маънавии ниёгони мо буда, дар маҷмӯъ онҳо саҳифаҳои таърихи чандҳазорсолаи ин миллати бузургро ба ҳам мепайванданд.

Солҳои охир бо шарофати соҳибистиқлолии кишвар ва сиёсати бунёдкоронаи фарҳангии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон майли хештаншиносӣ ва худогоҳии мардум хеле баланд гашт. Боиси ифтихор аст, ки дар яке аз ёдгориҳои нодири кишварамон–Қалъаи Хуҷанд низ солҳои охир бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои тадқиқотӣ ба анҷом расонида шуда, саҳифаҳои норавшани таърихи миллатмон боз пурратару амиқтар омӯхта шуда истодааст.

Ёдгории Қалъаи Хуҷанд - ёдгории калонтарини вилоят мансубмеёбад. Қалъаи Хуҷанд дар маркази шаҳр ҷойгир аст. Аз ин рў ин ёдгорӣ барои мутаххасисон аз солҳои пеш маълум буд ва он ҳамеша дар маркази диққати олимон ҳам қарор дошт.

Маълумоти аввалин доир ба Қалъаи Хуҷанд дар қайдҳои сафарӣ ва тадқиқоти шарқшиносони руси тоинқилобӣ пайдо мешавад. Вале, омўзиши ин ёдгории археологӣ танҳо соли 1954 оғоз ёфт.

Дар натиҷаи тадқиқоти чилсолаи (1954-1994) Экспедитсияи археологии комплексии шимоли Тоҷикистон зери роҳбарии академик Нўъмон Неъматов (1927-2011) қабатҳои мадании шаҳри Хуҷанд дар ҳудуди куҳандизи он муайян гардиданд. Қалъаи аввалин - қалъаи кабоили сакоии сохили Сирдарё дар асрҳои VIII-VI то милод бино шуда, аввал садди хокӣ, сонитар девори нисбатан ғафси бо хишти хом сохташуда дошт. Маълум гашт, ки қисмҳои таркибии Хуҷанди қадим (шаҳру арки он) деворҳои алоҳида доштанд ва бо хандақи васею чуқури пуроб иҳота шуда буданд [2,16].

Натиҷаҳои тадқиқотҳои археологии тӯлонии аз соли 1954 таҳти роҳбарии академик Н. Неъматов соли 1986 ба ҷашни 2500 солагии шаҳри Хуҷанд оварда расонид.

Ба даст овардани истиқлолият саҳифаи нави омўзиши археологии ҚалъаиХуҷандро оғоз намуд. Қалъаи Хуҷанд ёдгорие буд, ки дар он аввалин ковишҳои археологии замони истиқлолият гузаронида шуд.Дар ибтидои мавсими саҳроии соли 1992 дастаи махсуси бостоншиносӣ ташкил ёфт ва ковишҳои археологӣ гузаронида шуд.Кормандони илмии ин даста зери роҳбарии академик Н.Н.Неъматов дар ҳудуди Қалъаи Хуҷанд ду хандақи нав кофтанд. Бостоншиносон дар давоми 2 моҳ ҳафриёт гузарониданд.Дар хандаки хандаки 1 (роҳбар А.Мирбобоев)ҷойи дарвозахонаи девори шарқии қалъа муайян гардид. Маълум гашт, ки дар ин қисми ёдгорӣ ду бурҷи фортификатсионӣ ҷойгир будааст. Аз ду тарафи бурҷҳо боқимондаҳои девори димна низ пайдо шуд. Аз рўи бозёфтҳои ба даст омада маълум гашт, ки боқимондаҳои иншооти ҳафршуда ба асрҳои XVII-XIX таллуқ доранд. Дар сарчашмаҳои хаттӣ омадааст, ки дар ибтидои асри XVIII бо ташаббуси ҳокими шаҳр Оқбутабек Хуҷанд бо ҳудуди наваш бо деворҳои похсагини ғафс иҳота карда шуд, ки ҷузъҳои фортификатсионии замонавӣ: парапету валганг, бурҷҳои мудаввару росткунҷа, дарвозаҳои истеҳкомдор, хандақҳои берунӣ хеле мустаҳкам гардид. Натиҷаи ковишҳои хандақи аввали маълумоти манбаъҳои асримиёнагиро тасдиқ намуд.

Хандақи №2-и соли 1992 (роҳбар Н.Т.Раҳимов) каме ғарбтари хандақи аввал кофта шуд. Андозаи хандақи №2 - 8х4 м буд. Дар натиҷаи ковтуков маълум гашт, ки дар ин қисми Қалъаи Хуҷанд низ нишонаҳои ҳаёти солҳои тўлонӣ ба қайд гирифта шуданд. Хурсандиовар, ки қабати ибтидои ҳазосолаи 1 пайдо шуд. Қисми асосии бозёфтҳоро сафолпораҳои замони кушониён ва ҳайтолиён ташкил мекарданд. Дар рафти ҳафриёти хандақи 2 қабати мадании асрҳои IX-XII, XIII-XVI, XVII-XIX низ тадқиқ шуданд.Маълумоти муфассал доир ба натиҷаҳои ҳафриёти соли 1992 дар ҳисоботи корманди илмии дастаи археологии Пажуҳишгоҳи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Ахмади Дониши Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикостон, Набиҷон Раҳимов оварда шудааст.

Минбаъд дар солҳои оянда ҳафриёти бостоншиносӣ дар Қалъаи Хуҷанд бо сабаҳои гунонун гузаронида нашудаанд. Вале, хушбахтона аз соли 2019 тадқиқотҳои археологӣ дар ин мавзеъ таҳти роҳбарии бостоншинос, профессори ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров –Раҳимов Н.Т. ба роҳ монда шуданд.

Мақсади асосии ҳафриёт - муайян намудан ва омўхтани Кўшки ҳокимнишини Қалъаи Хуҷанд барои корҳои барқарорсозӣ дар ёдгорӣ буд. Барои ноил гардидани мақсад теппаи болои Арк кофта шуд. Дар ин кор вазифаи асосӣ аз хок баровардани хона, ҳуҷраҳои мавҷудбуда ва омўзиши тархи қаср (кўшк)-и хокими шаҳр ва вилояти Хуҷанд дар охири асри Х1Х - дар давраи забти Русияи подшоҳӣ ва ба он ҳамроҳшудани минтақа буд.

Дар ин ҷо дар масоҳати 300 м2 корҳои тадқиқоти-бостоншиносӣ гузаронида шуданд. Дар натиҷа боқимондаҳои иншоотҳои меъморӣ муайян гардиданд, ки ба асри XIX - ибтидои асри XX мутаалиқ мебошанд.

Бино ба маълумоти профессор Раҳимов Н.Т. аз ёдгории Қалъаи Хуҷанд дар рафтигузаронидани ковишҳои археологӣ шумораи зиёди бозёфтҳои гуногун ба даст омадааст. Аз ҷумла, чаҳор пораи манқали интиқолии асримиёнагӣ ёфт шуданд. Ҳамаи онҳо гилин буда дар девораҳояш ороишоти диққатҷалбкунанда доранд. Яке аз пораҳо бо свастикаи ориёӣ оро шудааст. Одатан, ин гуна бозёфтҳо ба асрҳои V-VIII таалуқ доранд ва баъд аз ҷорӣ гаштани дини ислом дар Осиёи Миёна қариб ки аз байн рафта дар асрҳои X-XII азнав эҳё мегарданд.

Дар байни бозёфтҳои сафолин порае бо харфи алифбо (хуруфот)-и юнонӣ ҷолиби диққат аст. Ин пораи сафол қисми болоии танаи хумча (ё ки хурма) мебошад. Ин гуна бозёфт (яъне сафолпорае бо ҳарф) дар бостонишиносӣ ғайриоддӣ нест.

Дар минтақаҳои ҳафриёт якчанд ғармасанг ва пораҳои осиёи дастии аз санг сохта шуда ёфт шуданд, ки хусусияти хоҷагии сокинони шаҳраки қадимро нишон медиҳанд. Аз ин бозёфтҳо маълум мегардад, ки аҳолии минтақа бо ғаллакорӣ машғул будаанд.

Дар байни сафолпораҳо чанд пораи симобкўзача низ хаст. Ин шакли камчинизарф мебошад. Танаи кўзача аз ду қисм иборат буда болояш курашакл, поянаш бошад нўгтез аст. Ба ақидаи аксарияти олимон ин намуди кўзачаҳо барои нигоҳ доштан ва аз як ҷо ба ҷои дигар бурдани симоб истифода мебурданд.

Ғайр аз бозёфтҳои дар боло зикршуда шумораи зиёди пораҳои зарфҳои сафолину шишагӣ, хиштҳои пухтаи асрҳоиX-XII, XIX-XX, 4 танга, 2 дукча, 1 мўҳра(мўнчоқ), 1 брактеат ва ғ. ёфт шудаанд.

Тамоми ин бозёфти фаровон дар бораи хусусияти маданияти моддии хуҷандиён бори аввал маълумоти муфассал дод.

Ҳангоми бурдани корҳои сохтмонии девори атрофи Кўшки хокимнишин дар чуқурии 2 метр 2 хуми гилин дарёфт гардида дар натиҷаи корҳои ҳафриётӣ атрофи он тоза карда шуданд. Ду объекти дигар аз рўи тахмин обгузар (обдузд) низ дар қисми ғарбии девори “Кўшки ҳокимнишин” пайдо гардиданд.

Соли 2020 низ дар ёдгории Қалъаи Хуҷанди ш.Хуҷанд ковишҳои бостоншиносӣ гузаронида шуданд. Омўзиши ёдгорӣ соли 2019 оғоз ёфта буд. Ковишҳои соли 2020 давоми корҳои тадқиқотии соли 2019 шуданд. Минтақаҳои таҳқиқот мувофиқи Лоиҳа интихоб гардид.Дар қисми шимолии қалъа як хандақи санҷишӣ (№1/20) оғоз намуда ва 3 нуқтаҳои кӯшки ҳокимнишин ҳафр шуд.

Чуноне, ки маълум аст, ёдгории Қалъаи Хуҷанд аз ду бахш - куҳандизи ҳокимнишин ва худи қалъа иборат аст. Ковишҳо дар ҳар ду бахши ёдгорӣ гузаронида шуд. Аз рўи лоиҳа дар қисми шимолии қалъа бунёди маҳаллаи анъанавӣ бо устохонаҳои ҳунармандӣ, хонаҳо, кӯчаҳо ва ҷўйборҳо пешбинӣ шудааст. Дар ин ҷо ҷиҳати омўзиши қабатҳои маданӣ як хандақи стратиграфи кофта шуд.

Хандақи рақами 1/20 дар маркази қисми шимолии қалъа 15 м ғарбтар аз Арк ва 7 м ҷанубтар аз девори шимолии қалъа ҷойгир аст.Масоҳати он 4х4 м мебошад. Масъулияти ковишҳоро дар ин нуқта Н.Раҳимов ба ӯҳда дошт.

Қабати болоии хандақи мазкур ба асрҳои XIX-XX тааллуқ буда аз партови давраи тоинқилобӣ ва шўравӣ иборат аст. Хандақи 1/20 дар байни ду хандақҳои №33 ва 34, ки аз тарафи бостоншинос Т.В.Беляева ҳафршуда ҷойгир аст. Боиси қайд аст, ҳангоми кандани ин ду хандақҳои слли 1976 Т.В.Беляева маводҳои ҷолибро, ки ба таърихи давраи қадимтарини қалъаи Хуҷанд марбутанд, ба даст овард. Ҳамин тавр, дар қабатҳои поёнии хандақи 33 боқимондаи девори хиштӣ ва сафолпораҳои асрҳои VI-IV то милод ба даст оварда шуданд [1, 270]. Дар хандақи №34 бошад як бадраб (чоҳи партов) бо сафолпораҳои X-XI вв тоза карда шуда буд.

Самти асосии корҳои бостоншиносон соли 2020 дар Арки Хуҷанд – баландие, ки дар дохили худи Қалъаи Хуҷанд ҷойгир буд, суръат гирифт. Дар натиҷа канораҳои шимолӣ ва ғарбии “Қасри ҳоким” тоза карда шуд. Чи хеле, ки маълум аст, канораи шарқӣ ва маркази “Қасри ҳоким” соли 2019 аз тарафи бостоншиносон омӯхта шуда буд ва муайян шуд, ки он аз якчанд хонаҳои хурд ва 2 толори калон иборат аст.

Дар рафти корҳои ковтуковӣ дар самти шимолӣ “Қасри ҳоким” 2 тахтаи калон ёфта шуд, андозахон онҳо хар хел аст:

Тахтаи 1-ум.Дарозӣ – 4,2 м. Бар – 0,1 м.

Аммо дарозии тахтаи 2-юм то ҳол пурра муайян нашудааст, зеро он зери хок аст. Дар айни замон 3,03м дарозӣ доштани тахтаи 2-юм маълум аст халос. Давоми он тоза карда нашудааст.

Дар вақти тозакунии ин ҷой аз байни хоку хиштҳои аз боло афтида, сафолпораҳои гуногуни асримиёнагӣ ба миқдори начандон зиёд аз тарафи бостоншиносон дарёфт карда шуданд. Ғайр аз ин (тахминан) 2 дона тангаҳои мисин, ки аллакай дар зери таъсирӣ мавсимии иқлим шаклу ранги худро гум кардаанд, ёфта шуд. Ҷолибтарин аз бозёфтҳои мо ин пораҳои боқимондаи гачкорӣ мебошанд. Гаҷкориҳо нақшдор буда, бо рангҳои сурх ва кабуд оро дода шуданд. Баъзеи гачкориҳо аз болояшон болои махсусе андоваи гилин ё гаҷин молида шудаанд. Аз рӯи шарҳи устодон ин гачкориҳо тахминан ба аввалҳои асри XIX тааллуқ доранд, вале баъди забти Хуҷанд ва паҳншавии ҳукумати подшоҳии императории Руссия, русҳо Қалъаи Хуҷандро ба гарнизони ҳарбии худ табдил медиҳанд, зарурият ба чунин чизҳои ороишӣ (нақшу нигор, гачкориҳо) аз байн меравад ва ба ҳамин сабаб русҳо гачкориҳоро бо роҳи андова мепӯшанд.

Аммо шарқтар аз тахтаи 2 дигар ҳеҷ чиз пайдо нашуд, гарчанде, ки боқимондаи ин канора то деворҳои шарқии Қалъа тӯл мекашанд. Аз ин ҷо танҳо сафолпораҳои ниҳоят хурд ёфта шуданд. Инчунин нишонаҳои девор ҳам пайдо карда нашуд.

Ташкили экспедитсияи археологӣ ва гузаронидани ҳафриёт дар мавсими саҳроии солҳои 2019-2020 дар Қалаъаи Хуҷанд ба бостоншиносон имконият дод, ки осори маҳфузмондаро аз зери хок берун кашида, онро ба яке аз мавзеъҳои таърихӣ-сайёҳӣ табдил диҳанд. Бостоншиносон дар ҷараёни ковишҳои археологӣ нигораҳо, зарфҳои сафолӣ, олотҳои ороишӣ ва амсоли онро ба даст оварданд, ки ҳоло дар осорхонаи вилоятӣ ҳифз мешаванд.

Бобоҷонова М. - муаллимаи МДТ “ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров”

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ