Истиқлолият омили ташаккули ҳунарҳои мардумӣ
Дар шароити муосир баробари пешрафти ҷомеаи ҷаҳонӣ раванди ҷаҳонишавӣ мардуми сайёраро ба ҳолатхои мухталиф мувоҷеҳ намуда, барои ҳар як миллат таъсири гуногун гузошта истодааст. Агар ба вазъи имрӯзаи олам назар афканем, хоҳем дид, ки бештари давлатҳо ба пешрафти соҳаҳои асосӣ, аз ҷумла иқтисодиёт, иҷтимоиёт ва сиёсат аҳамияти махсус зоҳир менамоянд ва барои муваффақ, шудан дар ин самт тамоми саъю кўшиши хешро ба харҷ медиҳанд. Вале ин нуктаро бояд тазаккур дод, ки имрӯзҳо аз хурдтарин то пешрафтатарин мамлакати дунё вазъи фарҳангӣ - маънавӣ ва рушди онро аз мадди назар дар канор намегузоранд, зеро инкишофи ҳамаҷонибаи соҳаҳои мухталифи ҷомеаи башар ба он вобастагии ногусастанӣ дорад. Дар баробари ҷаҳонишавӣ, ки барои тамаддуни ҳар як халқи сайёра ба таври гуногун таъсиргузор хоҳад буд. Баҳри устувор нигоҳ доштани ҳувияти миллӣ, ватандӯстӣ, солим нигоҳ доштани мероси аҷдодӣ ва урфу одатҳои миллӣ барои ҳар як миллат зарурати ҳамаҷониба аҳамият додан ба соҳаи илму тамадуни худ ва ҳунарҳои аҷдодӣ ба миён меояд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 декабри соли 2017 иқдоми нав ва наҷиберо пешбарӣ намуданд ва изҳор доштанд, ки «Бо мақсади тараққӣ додани соҳаи сайёҳӣ, муаррифии шоистаи имкониятҳои сайёҳии мамлакат ва фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмилалӣ, инчунин ҷалби сармоя ба инфрасохтори сайёҳӣ пешниҳод менамоям, ки соли 2018 дар кишвар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон карда шавад».
Дар робита ба ин иқдом ва тадбиқи амалии ин пешниҳоди муҳим ва оқилонаи Пешвои миллат, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2017, таҳти рақами 977 «Дар бораи «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон намудани соли 2018» ба тавсиб расид, ки дар он чунин омадааст «бо мақсади рушди соҳаи сайёҳӣ, эҳё ва дастгирии ҳунарҳои мардумӣ, соли 2018 «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон карда шавад». Дар паёми соли 2018 бошад “Солҳои 2019-2021 соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” элон гардид.
Маҳз дар давраи Истиқлолияти давлатӣ барои рушд ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ҳамаи имкониятҳо ва заминаҳои меъёриву ҳуқуқӣ фароҳам оварда шуда, барномаҳои давлатӣ қабул шуданд. Воридоти таҷҳизот ва масолеҳи сохтмон барои иншоотҳои сайёҳӣ дар панҷ соли аввали фаъолияташон аз пардохти андоз аз фоида озод кардан дар доираи соли рушди сайёҳӣ амалӣ мешавад. Ҳамчунин дар ин замина барои занони ҳунарманд грантҳои махсуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.
Таъриху тамаддуни ғанӣ, ҳунар ва фарҳанги шаҳрсозиюшаҳрдорӣ, ҳунармандии тоҷикон дар даврони истиқлолият ба ҷаҳониён муаррифӣ гаштааст.
Яке аз ҳадафҳои асосии Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон шудани соли 2018 ва солҳои 2019-2021 муаррифии шоистаи мардуми тоҷик ҳамчун мардуми ҳунарманду эҷодкор, соҳиби завқи баланди зебопарастӣ, эҳёи ҳунарҳои миллӣ, тақвият бахшидан ва имконият фароҳам овардан ба мардуми эҷодкору соҳибистеъдод мебошад.
Аҷдодони мо аз замонҳои қадим ба ҳунармандӣ ва косибӣ шуғл варзида, дар тўли таърих садҳо навъи ҳунарро ба вуҷуд овардаанд ва бо намунаҳои олии он шўҳрат ёфтаанд. Тибқи маълумоти ховаршиноси А.А.Семенов дар охири асри Х1Х барои мақоми шаҳрро гирифтани маҳалли аҳолинишин мавҷудияти зиёда аз 32 намуди ҳунарҳои мухталиф зарур буд. Дар гузашта намояндагони ҳар як намуди ҳунар маъмулан дар маҳалаҳои алоҳида зиндагӣ ва фаъолият доштанд ва номи маҳаллаҳо ё гузарҳо бо касбу кори сокинони он, аз қабили Заргарон, Оҳангарон, Сангтарошон, Туппидўзон, Кордгарон, Чармгарон, Косатарошон, Читгарон, Равғанкашон ва ғайра маъмулу машҳур буд. Хушбахтона касбу кори аҷдодӣ, мисли кандакорӣ, наққошӣ, дуредгарӣ, заргарӣ, оҳангарӣ, кашидадўзӣ, чакандўзӣ, туппидўзӣ ва ғайра то имрўз идома дошта дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҳунармандони ширадаст кору фаъолият доранд.
Дар ҷумҳурии мо барои рушди ҳунарҳои мардумӣ дар сатҳи давлатӣ таваҷҷўҳ ва ғамхорӣ зоҳир карда шуда, дар ин самт қонун, санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ ва барномаи мушаххас, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳунарҳои бадеии халқӣ» (аз 1.08.2003, №43), «Барномаи рушди ҳунарҳои бадеии халқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2015» (аз 31.08.2008, №513) қабул гардидаанд.
Ҳамин тариқ дар даврони истиқлолият барои мардуми тоҷик шароит фароҳам оварда шуд, то ҳунарҳои аҷдодӣ аз нав эҳё гарданд. Имрӯз низ чун анъанаи даврони гузашта аҳли ҳунарро мардум эҳтиром мекунанд.Мардуми тоҷик баробари ба асри нав қадам ниҳоданаш, ҳамоно аз таъриху тамаддун ба хусус ҳунарҳои хеш дар замони истиқлолият ифтихор дорад. Зеро касбу ҳунар, фарҳанги воло, суннат, урфу одат, одобу ахлоқи ҳамида, ҷашнҳои зебои миллӣ ва дигар арзишҳои баланди маънавӣ ҳифз гардида, дар тарбияи маънавӣ ва ахлоқии ҷавонон ҳамчун мероси аҷдодӣ хидмат мекунад.
Ҷўраев М.С. - н.и.т., муаллими калони кафедраи таърихи Ватан ва археология