Рушди илм дар даврони Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон

Дар шароити муосир дар баробари пешрафти ҷомеаи ҷаҳонӣ раванди ҷаҳонишавӣ мардуми сайёраро ба холатҳои мухталиф мувоҷеҳ намуда, барои ҳар як миллат таъсири гуногун гузошта истодааст. Дар баробари ҷаҳонишавӣ, ки барои тамаддуни ҳар як халқи сайёра ба таври гуногун таъсиргузор хоҳад буд, баҳри устувор нигоҳ доштани ҳувияти миллӣ, ватандўстӣ, солим нигоҳ доштани мероси аҷдодӣ ва урфу одатҳои миллӣ барои ҳар як миллат зарурати ҳамаҷониба аҳамият додан ба соҳаи илму тамадуни худ ба миён меояд. Дар шароити муосир дар баробари пешрафти ҷомеаи ҷаҳонӣ раванди ҷахонишавӣ мардуми сайёраро ба холатхои мухталиф мувочех намуда, барои ҳар як миллат таъсири гуногун гузошта истодааст.

Дар марҳилаи нави таърихӣ дар назди муаррихон вазифаҳои тоза гузошта мешавад. Муҳимтарин вазифаи муаррихони кишвар дар марҳилаи кунунӣ бар асоси воқеият ва адолати таърихӣ ва илмӣ таҳқиқ кардани таърихи миллатҳо ва роҳ надодан ба ҳар гуна кӯшишҳои таърихбофӣ ва дар ин замина вайрон кардани муносибатҳои дӯстона бо кишварҳои ҳамсоя мебошад. Дар гузашта ва имрӯз кам нестанд муаррихоне, ки танҳо ба масъалаҳои баҳсбарангези таърихӣ пардохта, мехоҳанд бар хилофи воқеият ва адолати таърихӣ эҳсоси нобоварӣ ва хусумат миёни халқҳои дӯстро барангезанд. Хомўшӣ ихтиёр кардани донишмандони тоҷик дар муқобили чунин ашхоси тафриқаандози хусуматпеша ҳаргиз маънои “нотавонӣ ё худхоҳии бемаънӣ” – ро, чуноне ки баъзе муаррихони бо ном “ватанхоҳ” тафсир мекунанд, надорад, балки гувоҳи хирадмандӣ, худогоҳӣ ва дурандешии онҳост. Таърихнигорони тоҷик посўх гуфтанро ба андешаҳои беаслу бепояи баъзе “ислоҳгарони таърих”, масалан “тарихсозон”-и кишварҳои ҳамсоя дар мавриди аслу насаби Сомониён, ки барои аҳли илми ҷаҳонӣ чун оина равшан аст, лозим намедонанд. Зиёда аз ин, донишмандони тоҷикро дар замони соҳибистиқлолӣ рисолати муҳимтаре дар пеш аст. Чуноне ки Сарвари давлат, Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси олӣ (соли 2013) дастур медиҳанд: «Вазифаи муҳими олимони кишвар бо назардошти шароити давлати соҳибистиқлол таҳқиқ намудани таърихи пурифтихори миллат, проблемаҳои фалсафа ва адабиёту фарҳанги бою рангоранги тоҷикон, поку бегазанд нигох доштан ва таҳким бахшидан ба мақоми забони давлатӣ, тоза нигоҳ доштани забони муошират, эҷоду эҳёи забони илмии тоҷикӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои таърихӣ ва ба ҷаҳониён ба таври шоиста муарифӣ намудани дастовардҳои ниёгон мебошад».

Дар даврони истиқлолият донишмандони тоҷик асарҳои зиёде таълиф карданд, ки бештар бар пояи сарчашмаҳои таърихӣ ва дастовардҳои илми бостоншиносӣ навишта шудаанд. Дар ин давраи созанда таърихнигорони Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аз пайи ҳангомаҳои тафриқаангез ва посўх гуфтан ба андешаҳои ботилу беасоси баъзе “ислоҳгарони таърих” нагашта, ба таҳқиқу тарғиби воқеии таърихи тоҷикон пардохтанд ва асари бунёдии “Этногенез ва таърихи этникии халқи тоҷик” – ро ба чоп омода намуданд. Ба табъ расидани чунин як таҳқиқоти асил, ки дар асоси манбаъҳои мўътамади хаттӣ ва бостоншиносӣ ва ҷалби мутахассисони варзидаи Федератсияи Руссия ба анҷом мерасад, ҷавоби сазовор ба ҳар гуна ҳангомаҳо ва андешарониҳои тафриқаангез дар мавриди пайдоиши тоҷикон ва аслу насаби Сомониён буда, гувоҳи масъулиятшиносии кормандони Институти мазкур маҳсуб меёбад (4).

Дар қатори олимони воқеӣ фурсатталабону ҳангомаҷӯён дар ҳамаи кишварҳо ҳузур дошта, ба ҷои нигоштани асари муътабари илмӣ ва саҳм гузоштан дар таҳқиқи олимона ва одилона ба сиёҳ кардани ҳамдигар ва аз зери нохун чирк кофтан машғул мебошанд. Барои ҳар фарди огоҳу ватандӯст мисли рӯз равшан аст, ки таърих барои огоҳиву хештаншиносӣ ва дар асоси муқоисаи таърихи гузашта бо замони ҳозира офаридани чеҳраи воқеии миллат зарур аст, на барои фурӯзон кардани оташи ғазаб ва кинаҷӯиву нафратпароканӣ (3). Пешвои миллат дар китоби «Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён» ин ҳақиқати бебаҳсро хуб тафсир карда, таъкид кардаанд, ки «Мо аз умқи таърих набояд хокистан, балки шӯъла бардорем».

Ҷаҳони ноороми ҳозира ва таҳдидҳое чун ифротгароиву даҳшатафканӣ мо муаррихонро водор месозад, ки бо таҳқиқу баррасӣ ва кашфи саҳифаҳои нави таърихи ватани аҷдодиямон пиру ҷавони кишварро дар рӯҳияи эҳтиром гузоштан ба таъриху тамаддун, арзишҳои волои фарҳангӣ, суннату анъана ва яке аз муҳимтарин рукнҳои одамият – дӯстиву бародарӣ бо ҳамаи халқҳои сулҳхоҳи олам тарбия намоем. Танҳо дар ин сурат метавонем бо боварӣ бигӯем, ки мо рисолати таърихии хешро дар назди Ватан-Модар иҷро кардаем.

Ҳар гоҳе, ки авроқи таърихро варақ мезанем, сарнавишти миллати куҳанбунёдамон пеши назар меояд. Дар ҳар ҳаводиси азим бо вуҷуди воқеаҳои фалокатбор миллати тоҷик аз оянда ноумед нагаштааст, илму фарҳангу тамаддунаш ўро ҳифз кардааст, аз ин ҷост ки хуввияти миллиро мисли гавҳараки чашм нигоҳ медорад (5).

Чанде пеш мардуми шарифи кишвари соҳибистиқлоламон таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни фархундаи 29-умин солгарди Истиқлолияти давлатиро бо дастовардҳои шоиста таҷлил намуд. Бо шукӯҳу шаҳомати беназир ҷашн гирифтани ин санаи таърихӣ ва пешрафти бесобиқаи иқтисодию иҷтимоӣ маҳз бо шарофати сиёсати хирадмандонаю талошҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат, дар натиҷаи таъмини сулҳу оштӣ, суботу оромӣ ва ваҳдати миллӣ барои халқи азияткашидаи тоҷик муяссар гардид.

Чунончӣ огоҳӣ дорем, 15-уми сентябри соли равон Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолони вилояти мухтори Кўҳистони Бадахшон мулоқот доштанд (2). Дар он аз афзоиш ёфтани сатҳи ҷинояткорӣ изҳори нигаронӣ карда шуда, ҷиҳати таъмини волоияти қонун, тартиботи ҷамъиятӣ, амнияти шаҳрвандон, мусодираи силоҳу аслиҳа, лавозимоти ҷангии ғайриқонунӣ, ошкор ва пешгирӣ кардани қочоқ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ҷоннок намудани фаъолияти мақрмоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, супоришҳои қатъӣ дода шуд.

Бо мақсади дар амал татбиқ намудани дастуру су­поришҳои Пешвои миллат дар вилоят Ситоди байниидоравии мақомотҳои таъмини амният таъсис дода шуд ва алҳол фаъолияти он идома дорад. Ситоди байниидоравӣ дар ҳамкории зич бо мақо­мотҳои дахлдор ва шаҳрвандони ба ору номуси шаҳри Xopyғ дар самти ислоҳи камбудиҳои аз ҷониби Сарвари давлат таъкидгардида ба як қатор натиҷаҳои назаррас ноил шуданд (1).

Мавриди зикр аст, ки маҳз фаъолияти пурсамари кормандони Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳрвандони боазму иродаи шаҳри Хоруғ имкон дод, ки силохи оташфишон ва лавозимоти ҷангии ғайриқонунӣ дар муддати кўтоҳ мусодира карда шавад.

Ҳамзамон, Ситоди байниидоравӣ ҳушдор медихад, ки бояд то охирин силоху аслиҳаи ғайриқонунӣ ба мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ супурда шавад. Сарвари давлат дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид карданд: «Сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдату якпорчагии мардуми шарафманди тоҷик имкон дод, ки мо маҷрои рушди иқтисоди миллиамонро ба куллӣ тағйир диҳем, барномаҳои нави давлатиро қабул кунем, сохтори давлатдориамонро, ки асоси онро принсипи адолати иҷтимоӣ ташкил медиҳад, таҳким бахшем, иқтидорҳои нави иқтисодиро ба кор андозем, сокинони мамлакатро дар тамоми фаслҳои сол бо неруи барқ таъмин кунем ва барои рушди минбаъдаи соҳаҳои ҳаётан муҳими кишвар шароит ва заминаи мусоид фароҳам оварем» (6).

Воқеан, асли ҳамаи пешравию тараққиёт ва кафили зиндагии шоистаи мардум аз таъмини суботи сиёсӣ ва ваҳдату оромӣ вобастагии амиқ дорад. Ин ҳақиқати куллро ҳар як шаҳрванди комилу огоҳ ва бедордили мамлакат аз ҳама беҳтару хубтар мефаҳмад ва бо тамоми вуҷуди худ эҳсос мекунад. Пешвои муаззами миллат зимни суханронии худ бахшида ба Рӯзи дониш ва сулҳ дар мулоқот бо устодону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон таъкид намуданд: «Сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ, хусусан, барои мардуми шарифи тоҷик, мафҳуми бисёр азиз буда, сокинони кишвари мо ба қадру манзалати ин неъмати ҳаётбахш бештар мерасанд. Зеро халқи Тоҷикистон бар асари даргириҳои сиёсии солҳои 90-уми асри гузашта ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ба зарбаи ҷонкоҳе гирифтор шуд, ки даҳшати онро ягон фарди солимфикри ҷомеаи мо ҳаргиз фаромӯш намекунад.Истиқлолу ваҳдат нақши азим дар таҳқиқи ормонҳо ва пешрафтҳо дорад. Ин ганҷи шойгон дар баҳррабардории нерўҳои пештози ҷомеа муҳим аст. Маҳз истиқлолу ваҳдат доманзадани ҳамбастагиро миёни ҷомеа осоиш ва густариш медиҳад. Имрўз, ваҳдату ҳамбастагии миллати мо амали бузурги пешрафт аст. Бо таври қотеъ яке аз омили пешрафти миллат дар масири таърихи навинамон муттаҳид кардани ҳамаи нерўҳо дар роҳи ормони истиқлол аст.

Миллати тоҷик аз имтиҳону мушкилоту ихтилофотҳои замон сарбаландона берун омад. Душманон натавонистанд ин миллатро ба фано баранд. То замоне ки тоҷик муттаҳид аст ва дар роҳи пешрафти истиқлоли худ талош мекунад, ки ҳеч кишвар қудрати тоҷикро, зери назари худ қарор дода наметавонад ин гуна миллат ҳеҷ гоҳ, ба ҳеҷ таҳти ҷойталабии ҳадафи бегона қарор намегирад.

Имтиёзи бузурги истиқлолу ваҳдат ин аст, ки миллатро соҳибихтиёр месозад, онро ба рангу наҷоди худ ва ба сурату забони худ шинос менамояд ва истиқлолу ваҳдат фақат шакли ҷаззоб дар рўи суннатҳои азими миллат ҳамоҳангӣ пайдо мекунад. Ҳар фарде, ки барояш мафҳумҳои «Ва­тан», «Истиклолият», «Ваҳдати миллӣ» муқаддас аст ва онро дарк менамояд, бояд баҳри таҳкими кишвар саҳмгузор бошад, чунки рушди минбаъдаи бонизоми Тоҷикистон ба амният, сулҳу суботи он вобастагии ногусастанӣ дорад.

Ҷўраев М.С. - н.и.т., муаллими калони кафедраи таърихи Ватан ва археология

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ