​Ватандӯстӣ аз табиатдӯстист!

Инсон, чун ҷузъи бошуури табиати сайёра баҳри қонеъ гардонидани талаботи хеш бо ғизою нерӯ аз захираҳои табиӣ васеъ истифодамебараду худро тавоною болотар аз ҳамаи мавҷудоти зинда мешуморад. Аммо, ӯ амалҳоеро анҷом медиҳад, ки доираи ҳаёти ҷомеаи башариро маҳдуд ё халалдор месозад. Дарки баҳои амали хеш ба маърифати экологии фард алоқаманд асту афсӯс, ки сатҳи маърифати экологӣ дар ҷомеа алҳол кофӣ нест. Чунин ҳолату ваъзро метавон дар муносибат бо муомилоти партовҳои маишию истеҳсолӣ мушоҳида намуд.

Аз рӯзи тавлид то охири умри худ инсон аз табиат истифода мебараду таъсири ӯ ба муҳити зист аксаран манфӣ суръат мегирад. Истифодаи маводҳои сунъӣ (синтетикӣ) аз қабили халтаҳои селлофанию зарфҳои пластикӣ, маҳсулотҳои дигари саноати химия алҳол бори гароне ба муҳити зист шудааст, ки табиат қудрати безараргардонии онҳоро надорад. Мардум бештар барои халосӣ аз ин маводҳо ба сӯзонидани онҳо даст мезанад, ки боиси ифлосшавии ҳавои атмосфера бо моддаҳои заҳрнок (кансерогенӣ) мешаваду ба саломатии аҳолӣ хатари бевосита эҷод менамояд. Ин таҳдид дар алоқамандӣ бо дигар омилҳои табиию антропогенӣ боиси раванди босуръати пайдоиши бемориҳои гуногун, аз он ҷумла саратонӣ (онкологӣ) шуда истодааст. Мусаллам аст, ки алҳол мебояд тадбирҳое амалӣ намуд, ки оқибатҳои ногувори тағйирёбии манфии муҳити зист бартараф ё худ пешгирӣ карда шаванд. Дар ин самт баланд бардоштани ҳисси табиатдӯстӣ дар шуур ва мафкураи ҷомеа мавқеи ҳалкунандаро доро аст. Дараҷаи шуурнокии экологии ҷомеаро бошад бо сатҳи таъсири одамон ба муҳити табиӣ, аз он ҷумла муносибат ба захираҳои табиӣ муайян кард.

Равоншиносон аниқ кардаанд, ки алҳол дар шуури башарӣ тасаввуроти устувор оид ба “махсусияти инсоният” ва озод будани ӯ аз тобеият ба қонунҳои рушди табиат нақш бастааст. Одатан, ин ҷузъи шуури ҷомеаро бо истилоҳи “антропомарказӣ” ифода менамоянд, ки моҳияти асосии он аз ибораҳои табиат барои инсон офарида шудааст, дар қуллаи аҳроми олам инсон ва боқимонда, ҳатто табиат поёнтар ҷойгиранд, меъёру қоидаҳои ахлоқу одоб дар ҷомеаи башарӣ амал менамояду дар таъсири байни инсон ва табиат паҳн намегардад ва ғайра таркиб ёфтааст.

Илмҳои табиатшиносӣ ва ҷомеашиносӣ дар даврони муосири рушди ҷомеа собит сохтаанд, ки алҳол ҷомеаи башариро зарур аст, ки аз шуури “антропомарказӣ” ба шуури “экомарказӣ” такя намояд. Хусусиятҳои ин намуди шуури ҷомеа аз ҷузъҳои зерин иборат аст:

  • рушди ҳамоҳанги инсон ва табиат қиммати авлотар дораду дар он инсон чун ҷузъи ҷамоаи табиат мебошад;
  • дар аҳроми табиӣ инсон мавқеи қуллавӣ надорад, яъне сохтори иерархии олам вуҷуд дошта наметавонад;
  • таъсир ба табиат на бо мақсади қонеъ гардонидани талаботи инсон, балки барои ҳамаи ҷамоаҳои табиӣ мебошад;
  • амале, ки баробарвазнии экологии табиатро тағйир намедиҳад, амали ягонаи зарурӣ аст;
  • меъёру қонунҳои ахлоқу одоб (маънавиёт) ба таъсири байниҳамдигарии байни одамон ҳам байни ҷамоаҳои табиӣ паҳн мешавад;
  • рушди табиат ва инсон ҳамчун раванди таҳаввулот бояд дар ягонагии тарафайн фаҳмида шавад.

Дар заминаи ивазнамоии шури ҷомеа аз “антропомарказӣ” ба “экомарказӣ” мебояд тадбирҳои мушаххаси ташаккул ва тағйирдиҳии мафкураи ҷомеа амалӣ гардонида шаванд, ки механизми иқтисодии рушди экологӣ равияи муҳими он мебошад. Кашфу татбиқи технологияҳои камхарҷи бепартов, истифодаи такрорию дубораи партовҳо, ҳавасмандгардонии истеҳсолот барои кам гардонидани ҳаҷми ихроҷи моддаҳои ғализ ба атмосфера, ҷорӣ намудани технологияи гардишии захираҳои об, танзими ботадриҷи истифодаи маҳсулотҳои сунъии химиявӣ, болобардории сатҳи кабудизоркуниву гулу бутташинонӣ бо маҳдудгардонии бурриши ҷангалзор, тарбияи завқи эстетикии ҷомеа дар заминаи зебоии табиат ва ғайра омилҳои муҳими ташаккули шуури экологӣ мебошанд, ки барои ба эътидод овардани муносибатҳои тезутунди ҷомеаи инсонӣ ва табиат мусоидат менамоянд. Дар ин радиф ҷоиз аст, ки мақомоти давлатӣ дар соҳои ҳифзи муҳити зист мавқеи пешсафу хамоҳангсозиро пеша намояд ва ба ҳадафҳои аслии худ бирасад.

Ҳар як фарди соҳибақлу боидрок бояд хуб донад, ки мо табиати зебои беолоишро аз аҷдодони худ мерос нагирифтаем, балки табиатро аз авлодони ояндаамон ба қарз гирифтаем, яъне ӯҳдадорем, ки онро аз имрӯза беҳтар ба насли ояндаи худ боқӣ мегузорем.

М.С. Собиров, Ф.Ҳ. Очилова – дотсентони кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкология

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ