Таҳдидҳои муосири иттилоотӣ, яъне чӣ?

Мо – ҷомеаи муосир дар замони рушди босуръати илму техника, раванде, ки ҳамакнун неруҳои мухталиф барои ба даст овардани қудрат нисбат ба аслиҳаву яроқ аз иттилоот бештар кор мегиранд, зиндагӣ дорем. Дар шароити муосир мафҳуми нав - «ҷанги иттилоотӣ» ё «муборизаи иттилоотӣ» хеле маъмул гаштааст. Барои пешбурди манфиатҳои худ ва паст задани манфиати дигарон – давлатҳо, ҳизбу созмонҳо ва гурӯҳҳои алоҳида ба муқобили ҳамдигар муборизаи иттилоотиро торафт вусъат медиҳанд.

Аслан, ҷанги иттилоотӣ барои инсоният нав нест. Баръакс, агар силоҳҳо гоҳ-гоҳ хомӯш шаванд ҳам, аммо ҷангҳои лафзӣ ва набардҳои иттилоотӣ байни давлатҳо ҳеҷ гоҳ қатъ намешуданд. Коршиносон ва дигар алоқамандони ҳамин соҳа роҷеъ ба маъракаҳои таблиғотии мураккаб, ки бо ёрии онҳо сиёсатмадорон аз қадим кӯшиш мекарданд, ки рақибони худро заиф ва рӯҳияи онҳоро бишкананд, муфассал нақл кардаанд. Аммо аз ин гуна ҷангҳои лафзӣ дар асри бисту як, ки асри иттилоот буда, истифода аз технологияҳои нави иттилоотиву коммуникатсионӣ як ҷузъи ҷудоинопазири ҳаёти башар ба ҳисоб мераванд, хеле фаровон истифода мешаванд.

Феълан шумораи истифодабарандагони интернет дар миқёси ҷаҳон марзи 4,6 миллиард нафарро убур намудааст, ки ин рақам наздики 60%-и сокинони сайёраро ташкил медиҳад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки давоми ҳар сол сафи корбарони интернет то 7% рӯ ба афзоиш дорад. Яъне, танҳо давоми як сол 298 миллион корбари нав ба интернет дастрасӣ пайдо намудааст.

Зиёд шудани шумораи истифодабарандагони интернет агар аз як тараф торафт дастрас шудани интернет ва рушди технологияро нишон диҳад, аз ҷониби дигар, далел аз вобаставу пайваста шудани инсоният аз интернет ва таъсири амиқи ин фазо ба ҳаёти одамон унвон мешавад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дастрасӣ ба интернет тамоюли зиёдшавӣ дорад. Мувофиқ ба маълумоти Хадамоти алоқаи назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон агар соли 2019 шумораи истифодабарандагони интернет 2,9 миллион нафарро ташкил медод, ин нишондиҳанда дар соли 2020 ба 3,18 миллион баробар гардид.

Тибқи таҳлилҳои коршиносон афзоиш ёфтани сафи корбарони интернет ҷиҳати бо суръати баланд паҳн, пахш ва дастрас шудани иттилоъ заминаи мусоид фароҳам овардааст. Ҳамакнун дар шароити муосир неруҳои мухталиф барои ба даст овардани қудрат нисбат ба аслиҳаву яроқ аз иттилоот бештар кор мегиранд. Бо назардошти нақшу таъсири амиқи иттилоъ асри бисту якро асри иттилоот ном мебаранд. Воқеан, имрӯз дастрасӣ ба иттилоот, бо истифода аз технологияҳои нави иттилоотиву коммуникатсионӣ, ба яке аз ҷузъҳои ҷудоинопазири ҳаёти башар табдил ёфтааст.

Солҳои охир дар сомонаҳои гуногуни интернет як маъракаи огоҳонаву муғризонаи зидди Тоҷикистон идома дорад. Агар ба унвони маводи ғаразнок ва сирф фармоишӣ назар андозем, чунин тасаввур ҳосил мешавад, ки гӯё давлати мо ба суботи сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ муяссар нагаштааст ва дурнамои инкишофи он норавшан аст.

Мутобиқи маълумоти таҳлилии коршиносон беш аз 80 фоизи маводе, ки аз тариқи сомонаҳои интернет дар муқобили кишвари мо интишор шудаанд, аз туҳмату бадгӯӣ, матлабҳои ғаразнок ва пешгӯиҳои бебунёд иборат мебошанд.

Чуноне ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: “Манфиатҳои миллӣ ва суботу оромии ҷомеа тақозо менамоянд, ки воситаҳои ахбори оммаи ватанӣ на танҳо дастгоҳи тавонои хабарӣ бошанд, балки дар муборизаи иттилоотӣ барои ҳифзи манфиатҳои миллӣ, алалхусус амнияти давлат ва ҷомеа хизмат кунанд, ба хабару мақолаҳои таҳрифӣ ҷавобҳои сазовор дода, ба суботи ҷомеа мусоидат намоянд ва эътимоди мардумро ба фардои нек мустаҳкам созанд”.

Ҷиҳати ҳифзи амнияти иттилоотӣ ва таъмини амнияти миллӣ зарур аст, ки ҳузури фаъолонаи воситаҳои ахбори оммаи кишварро дар шабакаи интернет бояд тақвият бахшид.

Фарҳанги кор бо интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ низ аз муҳимтарин масъала маҳсуб меёбад. Дар ин замина, дар самти ба роҳ мондани омӯзиши фанҳои ҷадид, ба мисли саводи расонаӣ-иттилоотӣ ва рақамӣ тадбирҳои амалиро бояд анҷом дод. Ин корро метавон дар байни қишрҳои мухталифи аҳолӣ роҳандозӣ кард, то ки саводнокии расонаӣ ва рақамии онҳо баланд гардида, ба истифодабарандагони огоҳи интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ табдил шаванд ва худро аз ҳама гуна дасткорӣ (манипуляция)-и фазои маҷозӣ муҳофизат намоянд. Зеро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша ин нуктаро ёдовар шуда, таъкид мекунанд: “Барои раҳгум сохтани наврасону ҷавонон ва ба сафи гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ ҷалб кардани ин қишри осебпазир аз шабакаи интернет ба таври васеъ истифода бурда мешавад. Ва мо бояд ин раванди носолимро бо роҳи истифодаи мақсадноки технологияҳои инноватсионӣ ва шабакаҳои иттилоотии иҷтимоӣ пешгирӣ намоем”.

Масъалаи ҷорӣ кардани назорати волидайн ба дастрасӣ ба интернет барои кӯдакон ва наврасони то 16 - сола масъалаи хеле муҳим аст. Бояд дар ин самт, қабл аз ҳама, корҳои фаҳмондадиҳӣ ва омӯзиширо барои падарону модарон роҳандозӣ кард, то ки онҳо аз шеваи корбарӣ, истифодаи дурусти барномаҳо огоҳ бошанд. Ин кор осон нест, аммо онро сарфи назар кардан низ хавф ва таҳдидҳои муайянро ба бор меорад.

Ниҳоят, далелсанҷӣ, ки омили муҳими муҳофизат аз таҳдидҳои фазои маҷозӣ мебошад, дар доираи соатҳои тарбиявии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва коллеҷу донишгоҳҳо мавриди омӯзиш қарор додани он имкон медиҳад, ки дар ҳама гуна ҷанги иттилоотӣ манфиатҳои миллӣ ҳимоя карда шаванд.

Фаридун ҲОДИБОЕВ, номзади илмҳои фалсафа, сардори маркази иттилоот ва таҳлили Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи

академик Бобоҷон Ғафуров

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ