Донишҷӯи арзандаи донишгоҳ
Нуфузи ҳар як донишгоҳро донишҷӯёни фаъолу лаёқатмандаш баланд мебардоранд. Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров чунин ҷавонони фаъол кам нестанд. Парвина Азимова, донишҷӯи факултети филологияи тоҷик аз зумраи чунин донишҷӯён аст, ки бо ғолибияту пирӯзиҳои пайваста дар озмуну олимпиадаҳои гуногунсатҳ номи донишгоҳро ҳифз намуда, баланд мебардорад.
Имсол мақоми аввал дар олимпиадаи ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз фанни забон ва адабиёти тоҷик бо шарофати Парвина насиби Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров гардид. Ин дастовардро Азимова Парвина миёни донишҷӯёни 35 муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат соҳиб гардид.
Парвинаро дар факултет ва донишгоҳ ҳамчун ҷавондухтари соҳибистеъдод, ташаббускор, масъулиятшинос ва боғайрат мешиносанду эътироф мекунанд.
Ин бори аввал нест, ки Парвина дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ ғолиб омада, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуровро ба таври шоиста муаррифӣ мекунад.
Маҳз дониши баланд ва заковати ӯст, ки то кунун ба даҳҳо ифтихорномаву ҷоизаҳо сазовор шудааст.
Чи хеле ки худи Парвина мегӯяд, шиори ӯ дар зиндагӣ байти маъмулии Зайниддин Восифӣ мебошад:
Ба ҳар коре, ки ҳиммат баста гардад,
Агар хоре бувад, гулдаста гардад.
Ҷомаеи меҳнатии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо чунин шогирдони шоиста ва донишҷӯёни фаъолу лаёқатмандаш ифтихор мекунад.
Ба Парвина Азимова ҷиҳати расидан ба орзуву нақшаҳои судмандаш тавфиқи пайваста таманно мекунем.
P.s. Маводи мазкур дар доираи бахши сомонаи расмии донишгоҳ таҳти унвони “Шогирдони шоиста” таҳия гардида, ҳадаф аз ин иқдом муаррифии донишҷӯёни фаъолу муваффақи донишгоҳ маҳсуб меёбад.