​Ваҳдат омили рушди устувори ҷомеа​

Ваҳдати миллӣ шукуфоии Ватан аст. Дар давлате, ки сулҳу амонӣ ва дӯстӣ ҳукмфармост,он давлат ба мисли гулҳои баҳорӣ рӯз то рӯз шукуфта, ба мамлакати биҳиштосо мубаддал гаштан мегирад. Ваҳдати миллӣ сарчашмаи асосии бунёдкориву сарҷамъӣ ва пешбурди сиёсати давлат буда, дар таърихи мо тоҷикон, барои ба ҳам омадани миллат, муҳофизаткардани истиқлолияти комили давлат, ҳифз ва рушди фарҳанги пурщановат, илму маориф ва дигар ҷанбаҳо нақши беназир дорад.

Ваҳдати миллӣ рамзи сарҷамъӣ ва ягонагист. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфтаанд: «Ҷашни Ваҳдати миллӣ рамзи баҳамоӣ, сарҷамъӣ, иттиҳоду ягонагӣ ва ваҳдати миллӣ буда, пирӯзии фарҳанги сулҳ ва ақлузаковати солими миллати солору хирадманд ва сулҳпарвари тоҷикро бори дигар собит месозад» [3].

Ваҳдати миллӣ ба саҳифаи таърихи халқи тоҷик ҳамчун замони нави ташаккулёбии давлатдории Тоҷикистон ворид гаштааст. Ин иди фархунда тимсоли сулҳ, ҳамдигарфаҳмӣ ва осоиши дар ҷамъиятамон, боиси эҳёи иқтисоди кишвар, масъулияти умумии мо барои ҳаёти ҳозираву ояндаи дурахшони Тоҷикистон аст. Офтобу замин, падару модар ва аз ҷумла. Худовандро бартарӣ ва бузургиашон дар ягона буданашон зоҳир мегардад [3]. Набудани яке аз инҳо маънои набудани ҳаётро дорад. Агар мо ба фарҳанг назар афканем, мебинем, ки воҷаи ваҳдат дар онҷо ба маънои «ягонагӣ» омадааст. Аз ин рӯ, мо инсонҳо бояд ягона бошем – яъне муттаҳиду ҳамбаста чун як тан. Вақте муттаҳид мегардем, пуриқтидору бузург ва ба ҳама амали некӯю шоиста дастёб мегардем. Ваҳдат ё ягонагӣ аз рукнҳои дӯстӣ, тартибу низом, рафоқат, ҳамбастагӣ, эҳтироми ҳамдигар ва арзиши олӣ доштани инсон иборат аст.

Шоири хушзавқу хушсалиқа ва худогоҳ – Аҳлиддини Ҳисорӣ дар китоби тозанашри худ муҳаббат ва дилбастагии самимонаро ба сарзамини ниёгон, мардони бузурги он, сулҳу ваҳдат ва ормонҳои миллӣ зебову шево ба тасвир гирифтааст. Чунончӣ:

Ҳамдилии мардумон аз ваҳдат аст,

Ҳаммаромӣ дар ҷаҳон аз ваҳдат аст...

Дар ҳама ақсои дунёи бузург,

Дӯстии ҷовидон аз ваҳдат аст [3].

Мо бояд ифтихор дошта бошем, ки халқу миллати мо таърихан ва табиатан сулҳдӯст, фарҳангпарвар ва созанда аст. Сулҳдӯстии мо дар тӯли тамоми таърихи чандинҳазорсолаамон нишондиҳандаи ақлу хирад ва сабру таҳаммули гузаштагонамон аст.

Ваҳдат омили муҳими рушди устувори ҷомеа мебошад. Сулҳу ваҳдат ду омили ба ҳамдигар пайваст мебошад. Дар ҷое, ки сулҳ пойдор аст, ваҳдату ягонагӣ низ бевосита ҳукмрон аст:

Сулҳ баҳорест, баҳор оварад,

Равнақу шодию барор оварад,

Маҳз Ваҳдат аст, ки давлати куҳанбунёди мо дар арсаи ҷаҳонӣ аз нав барқарор гардид. Таъсиси давлати навбунёди Тоҷикистон барои мардуми тоҷик душвориҳоизиёде пеш оварда буд. Душманони миллати тоҷик мегуфтанд, ки миллате бо номи тоҷик вуҷуд надорад, танҳо мардуми туркнаҷоди забонгумкардае мавҷуданд, ки дар давраи муайяни таърихӣ аз сабаби омехташавӣ бо форсҳо забони хешро дигар намуданд. Аз ин сабаб, онҳо миллати алоҳида нестанд –мегуфтанд пантуркистон [1, с-79]. Дар натиҷаи тақсимоти миллӣ - ҳудудии Осиёи Миёна, Ҷумҳурии мухтори Тоҷикистон дар ҳайати ҶШС +збекистон таъсис ёфт. Қатъи назар аз беадолатиҳо нисбати марзи тоҷикон, ташкилёбии ҶМШС Тоҷикистон аҳамияти байналхалқӣ дошт, зеро баъди ҳазор сол тоҷикон аз нав соҳиби давлат гардиданд. Бо заҳмату талошҳои мардуми бонангу ори миллат, минбаъд соли 1929 ҶМШС Тоҷикистон ба ҶШС, яъне ба ҷумҳурии мустақил табдил дода шуда, ҳамчун узви ИҶШС пазируфта шуд. Дар дунё халқияте низ мавҷуданд, ки давлати хешро надоранд ва ин мусибатест бузург. Ҳарчанд Тоҷикистони кунунӣ як пораи хурди Ватани таърихии мо – тоҷикон аст, зафарманду пирӯз ҳастем, зеро давлат дорем.

Вақте соли 1991, 9-уми сентябр Тоҷикистон истиқлолияти давлатии хешро ба даст овард, тоҷиконро имтиҳони нав пеш омад: Тоҷикистон ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ кашида шуд. Азму иродаи қавӣ ва нерӯи бузурги сулҳофарини халқ бо роҳбарии ҳомии сулҳ – Эмомалӣ Раҳмон боис гардид, ки ин пешомади талхро тоҷикон хирадмандона паси сар намоянд. Дар васфи сулҳу амният Соиб гуфтааст:

Хотири амн ба мулки ду ҷаҳон меарзад,

Нестам дарҳам, агар симу заре нест маро [3,с.48].

Маҳз бо ташаббуси Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон аз нав бунёд гардид, дар арсаи ҷаҳонӣ шинохта шуд. Аз ҳама муҳимтараш он аст, ки давлати кӯчаки мо бо корнамоии ин марди шуҷоъву далер дар харитаи ҷаҳонӣ бо номи Тоҷикистон боқӣ монд.

Имрӯз таҷрибаи сулҳи тоҷикон дар роҳи расидан ба сулҳ, баргардонидани садҳо ҳазор нафар гурезагон ба Ватан аз ҷониби созмонҳои бонуфузи байналхалқӣ ва давлатҳои алоҳида падидаи нодир эътироф шуда, мавриди омӯзиш қарор гирифтааст. Дар муддати кӯтоҳ Тоҷикистонро зиёда аз 130 мамлакатҳои дунё расман шинохтанд.

Суханронии сарвари давлатамон Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон аз минбари бонуфузтарин созмонҳои байналмиллалӣ, азҷумла, Созмони Миллали Муттаҳид оиди масъалаҳои муҳимтарини байналхалқӣ ва бо ташаббуси ӯ эълон шудани соли 2003 ҳамчун «Соли Оби тоза» ва даҳсолаи оби тоза эълон шудани солҳои 2005-2015, ҷаҳонишавии ҷашни Наврӯзи Аҷам ва ба ин арсаи кишварҳои ҷаҳон далолат менамояд [2,с.49].

Дар ҳар суханронии хеш бо аҳли зиё ва ҷавонони фаъоли мамлакат Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон қайд менамояд, ки «Ояндаи давлат дар дасти ҷавонон мебошад». Аз ин рӯ, ҳифзи истиқлолияти миллӣ, шаъну шарафи миллат, давлат кӯшиши ҳар яке аз ҷавонон барои хештаншиносӣ ва худогоҳии миллӣ мебошад. Худшиносии ҷавонон ва ҳар як фарди бо нангу ор омили ягонаи инкишофи минбаъдаи давлату миллати мутамаддини тоҷик хоҳад буд. Дар ин бобат беэътиноӣ нишонаи бетараф будан ба тақдири хеш аст. Аз ин рӯ, зарур аст ёдгори пешинро ҳифз намуда, дар меъмори тозабунёди давлати демократӣ ҳиссагузор бошем.

Бузургон гуфтаанд: «Бе Ватан, бе муҳаббат ба хоки аҷдодӣ инсон наметавонад на худ ва на роҳи худро дарёбад» [2, с.49]. Дирӯзу имрӯзи Тоҷикистонро родмардони Ватан обод доранд. Месазад, киаз фарзандони созандаи Ватан бо ифтихор ҳарф бигӯем ва дар оянда ҳамрадифи эшон бошем. Мо бояд шукрона кунем, шукрона кунем, ки чунин Ватани азизу маҳбуб дорем, ки дар фазояш кабӯтарони Сулҳ парвози баланд доранд. Бикӯшем, то парвози чунин парандагон дар фазои бещубори Тоҷикистон тоабад бимонад.

Тағоева Ситора Мирҳакимовна - н.и.п., сармуаллимаи кафедраи фонетика ва лекскилогияи забони англисии факултети забонҳои хориҷӣ

Зоидова Тахмина Абдукаримовна - омӯзгори кафедраи фонетика валекскилогияи забони англисии факултети забонҳои хориҷӣ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ